Омӯзишҳои СИР дар Бадахшон барои муаллимони муассисаҳои таълимӣ

Зоҳир Шомусалламов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) “Рӯзбеҳ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои муаллимони муассисаҳои таълимӣ омӯзиши СИР доир кард. Омӯзишҳо дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоб баргузор гардиданд. Дар ҳар омӯзиш то 15 муаллими синфҳои болоии муассиҳои таълимӣ аз донишҳои саводнокии иттилоотиву расонаӣ (СИР) баҳравар шуданд.

ТҶ “Рузбеҳ” аз соли 2018 инҷониб дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунад. Ташкилот асосан бо ҷавонон, дар чор самт фаъолият мекунад: гузаронидани омӯзишҳои гуногун барои аҳолӣ, рушди ризокорӣ, экология ва кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ. Худи Зоҳир Шомусалламов аз рӯйи ихтисос менеҷер аст. Бо мавзуъи саводнокии иттилоотиву расонаӣ ду сол қабл аз омӯзишҳои онлайнӣ шиносоӣ пайдо кард. Баъди омӯзиш дарёфт, ки донишҳои СИР барои ҳамаи қишри аҳолӣ зарур ва муҳим мебошад.

“Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилоти ман ин гузаронидани омӯзишҳо барои аҳолӣ мебошад. Баъди оне, ки дар бораи донишҳои СИР шахсан маълумот пайдо кардам, идеяи ташкили омӯзиши СИР дар ноҳияҳои дурдасти вилоят пайдо шуд”, – мегӯяд Зоҳир.

Зоҳир Шомусалламов, ҳангоми гузаронидани омӯзиш

Идеяи худро Зоҳир ба озмуни  Интернюс дар Тоҷикистон, ки охири соли 2020 баргузор шуда буд, пешниҳод кард. Муаллифи идеяҳои ҷолиб ба Эдютон 2021 даъват мешуданд. Эдютон-2021 семинари инноватсионии СИР аст, ки ширкаткунандагонаш рӯзноманигорон, педагогҳо, намояндагони ТҶ, мураббиёни Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Онҳо ҳангоми иштирок дар семинари онлайнӣ  бояд идеяи лоиҳаҳои худро доир ба СИР пешниҳод мекарданд. Аз Тоҷикистон дар ин семинар муаллифони 20 идея роҳ ёфтанд. Дар ин радиф муаллифони беҳтарин 10 идея ғолиб омаданд, ки миёни онҳо лоиҳаи “Омӯзиши саводнокии иттилоотиву рақамӣ барои омӯзгорони ноҳияҳои ВМКБ” -и Зоҳир Шомусалламов низ ҷой гирифт. 

Дар доираи лоиҳа 4 омӯзиши СИР барои муаллимони синфҳои болоии шаҳри  Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоб доир карда шуд. Дар ҳар омӯзиш аз 13 то 15 кас ширкат доштанд. Мураббиёни омӯзиш худи Зоҳир Шомусалламов ва Роҳбари Хонаи СИР дар шаҳри Хоруғ Афсона Мамадаёзова буд. Ба гуфтаи Зоҳир, пеш аз омӯзиш ягон иштирокчӣ дар бораи донишҳои СИР умуман  маълумот надоштанд.

“Метавон гуфт, ки  ин омӯзиш саривақтӣ буд. Ҳангоме, ки мо дар ноҳияи Мурғоб омӯзиш доир мекардем, ба мо ширкаткунандагон чунин қиссаро нақл карданд: чанд муддат қабл тариқи  email марде кӯмаки молӣ талаб мекунад. Бисёре аз одамон ба ин мактуб бовар карда, ба одами ношинос то 500 евро маблағ равон мекунанд. Баъдан он мард гум мешавад. Ҳамин тариқ, мардум дигар пули худро баргардонида наметавонанд”, – гуфт Зоҳир Шомусалламов.

Акс аз Зоҳир Шомусалламов

Ба гуфтаи Зоҳир, омӯзиш барои ширкаткунандагон хеле ҷолиб буд. Ҳар боре мо дар бораи чизе нақл мекардем, онҳо дар ҳайрат мемондан ва ҳодисаҳоро аз ҳаёти рӯзмарра мисол меоварданд. Дар омӯзишҳо коршиносони расонаӣ дар бораи қаллобони интернетӣ, тафаккури интиқодӣ, маълумотҳои боэътимод дар Интернет, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ширкаткунандагон нақл карданд.

“Мо аввал нақша доштем, ки танҳо ба хонандагони синфҳои болоӣ чунин омӯзиш доир кунем. Вале баъдан бо тими корӣ ва менторони Эдютон 2021 ба як қарор омадем, ки хуб мешавад барои омӯзгорон доир кунем. Зеро мураббиён метавонанд ба хонандагон ҳамавақт аз донишҳои СИР бигӯянду омӯзонанд”, –  қайд кард Зоҳир Шомусалламов.

Акс аз Зоҳир Шомусалламов

Зоҳир инчунин мегӯяд, ки талабгорони омӯзиши донишҳои СИР хеле зиёд буданд. Вале аз сабаби кам будани фурсату набудани имконият ба онҳо омӯзиш доир карда натавонистанд. Барои мисол, хоҳишмандони зиёде аз ноҳияи дурдасти Ишкошим буданд.

“Баъди омӯзиш ширкаткунандагон қайд карданд, ки ин донишҳои  СИР-ро натанҳо ба шогирдонашон, балки ба хешу табор, фарзандони худ мефаҳмонанд”, – мегӯяд Зоҳир Шомусалламов.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *