Озмун барои иштирок дар Барномаи шарикии институтсионалии расонаӣ дар Тоҷикистон

Барномаи шарикии институтсионалии расонаӣ –  барномаи даврии пурраи дастгирии ВАО мебошад, ки ҳадафи он таҳкими тавонмандии созмондиҳии расона дар Тоҷикистон мебошад.

Барнома арзёбӣ, машварат ва роҳнамоӣ, инчунин дастгирии грантиро дар тӯли сол (аз январ то декабри соли 2022) аз рӯи бахшҳои зерин дар бар мегирад:

  • рушди стратегӣ;
  • омӯзиш ва рушди даста (команда);
  • омӯзиши аудитория ва рушди каналҳои паҳнкунӣ;
  • тавлиди муҳтаво ва санҷиши форматҳои нав,
  • монетизатсия.

Кӣ метавонад иштироккунандаи Барнома гардад?

Тавлидкунандагони расонаӣ, нашрияҳои онлайн, расона, касоне, ки дар хадамоти иҷтимоӣ ва созмонҳои телевизионӣ кор мекунанд, тавлидкунандагоне, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва/ё русӣ муҳтаво эҷод мекунанд ва ба баланд бардоштани устувории созмонӣ ва истифодаи абзорҳои таҳлилӣ дар идоракунии созмонҳо манфиатдоранд. Танҳо созмонҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд дархост диҳанд.

Лоиҳа дар чанд марҳила сурат мегирад:

Интихоби иштироккунандагони Барнома

– Интихоби иштироккунандагон дар моҳи ноябри соли 2021 баргузор мегардад,

– Интихоб дар ду марҳила дар асоси дархостҳо ва мусоҳиба бо дархосткунандаҳо мегузарад,

– Дар Тоҷикистон 2 расона барои иштирок дар лоиҳа дар соли 2022 интихоб мешавад.

  • Арзёбии потенсиали ташкилии иштироккунандагон

– Арзёбӣ моҳи декабри соли 2021 баргузор мешавад,

– Онро коршиносони Интернюс, инчунин мутахассисони даъватшуда мегузаронанд,

– Ин марҳила таҳлили равандҳо ва сиёсатҳои дохилии созмонро дар бар мегирад,

– Интернюс баҳодиҳии маҳрамонаро замонат медиҳад.

  • Сохтани нақшаҳои инфиродии рушд аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳӣ

– Тарҳи инфиродии баланд бардоштани зарфият барои соли 2022 таҳия карда мешавад,

– Ин тарҳ шомили шохисҳои (индикаторҳои) тасдиқшуда барои чен кардани муваффақияти лоиҳа хоҳад буд.

  • Тақвияти самтҳои афзалиятдор, машварат ва роҳнамоӣ

– Корҳо оид ба иҷрои нақшаи инфиродӣ аз моҳи январ то декабри соли 2022 идома хоҳанд ёфт;

– Инчунин, ба расона барои самтҳои афзалиятноки рушд грант дода мешавад;

– Интернюс барои дастгирии ин давра як гурӯҳи мушовирон ва роҳнамоёнро таъмин мекунад.

  • Баҳодиҳии кори иҷрошуда ва тағйироти воридшуда.

– Дар охири лоиҳа барои чен кардани самаранокӣ бознигарии такрорӣ гузаронида мешавад.

Чӣ тавр метавон дархостро пешниҳод кард?

Бояд варақаро дар формати word пур карда, то соати 23:00-и таърихи 15 ноябри соли 2021 ба нишонии Central-Asia-Applications@internews.org ирсол намоед.

Агар шумо саволе дошта бошед, лутфан ба мо тавассути почтаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org муроҷиат кунед ё бо истифода аз ин линк ба сессияи иттилоотӣ, ки 10 ноябри соли 2021 (16:00) онлайн баргузор мешавад, сабти ном кунед. Вақти сессия ва линк барои вохӯрӣ тавассути почтаи электронӣ фиристода мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *