Дар Тоҷикистон комиксҳои омӯзиши саводи иттилоотиву расонаӣ истеҳсол мешаванд

Комиксҳои омӯзиши саводи иттилоотиву расонаӣ (СИР), ки тими шаҳри Хуҷанд омода мекунанд, бо забони тоҷикӣ нашр мешаванд. Қаҳрамонони ин комиксҳо  фейкҳои маъмулро фош карда, суроғаи электрониро бо калидвожаҳои боэътимод муҳофизат мекунанд ва мухотабони худро ба омӯзиши малакаҳои дигари таъмини бехатарӣ дар Интернет талқин менамоянд. Аудиторияи комиксҳо бошад, тоҷикистониёни ҷавоне ҳастанд, ки бо Интернет ба воя расидаанду то ҳол дар он ҷо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

Илҳом Ҷамолиён, муаллифи лоиҳа, коршиноси шинохтаи расонаии Тоҷикистон, аудитория, ё худ мухотабони комиксҳои саводи иттилоотиву расонаиро “бумиёни рақамӣ” меномад. Вале иқрор мешавад, ки ҳарчанд истифодабарандагони ҷавони Интернет аз Тоҷикистон кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сохтани муҳтаво, гузоштани филтрҳоро дар Instagram хуб донанд ҳам, ҳанӯз дар масъалаи таъмини бехатарӣ дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳо ба маълумоти зарурӣ ниёз доранд.

“Ҷавонон дар Интернет вақти зиёди худро сарф мекунанд ва дар истифодаи самараноки он хеле мумтозанд. Вале бо вуҷуди ин таҷриба нишон медиҳад, ки дар фазои маҷозӣ  онҳо ҳанӯз ҳам осебпазиранд. Мушкилоти аксари муштариёни мо  аз он иборат аст, ки онҳо дар бораи имкониятҳои Интернет ва гаҷетҳои мобилӣ, дар бораи усулҳои нигоҳдорӣ, интиқол ва таъмини амнияти маълумот, аз ҷумла маълумоти шахсӣ, дониш ва малакаҳои казоӣ надоранд. Онҳо ҳамоно  дар масъалаҳои муҳофизат аз қаллобӣ ва тавҳину зӯроварӣ дар Интернет, дар шинохту ошкор кардани фейкҳо  мушкилиҳои муайян доранд.  Аз ин лиҳоз лоиҳаи мо барои ҳамин тоифа дар ҳалли ин мукшилот бояд кӯмак намояд”, – мегӯяд Илҳом Ҷамолиён.

Дуруст аст, ки Илҳом Мазбудзода дар бораи сатҳи саводи иттилоотиву расонаии ҷавонони маҳаллӣ маълумот ва таҳлилҳои хуб дорад. Зеро ӯ ҳамзамон  устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, роҳбари Маркази донишгоҳии медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав мебошад. Коршинос идеяҳои СИР-ро ҳам миёни донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳам берун аз он паҳн мекунад.

Илҳом Ҷамолиён дар ин самт бо Internews дар Тоҷикистон хеле ҳамкории зич дорад ва баҳори имсол, пас аз ширкат дар яке аз озмунҳо, ки охири соли 2020 баргузор шуда буд, иштирокчии Эдютон -2021 гардид. Эдютон-2021 семинари инноватсионии СИР аст, ки ширкаткунандагонаш рӯзноманигорон, педагогҳо, намояндагони ТҶ, мураббиёни Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Онҳо ҳангоми иштирок дар семинари онлайнӣ  бояд идеяи лоиҳаҳои худро доир ба СИР пешниҳод мекарданд. Аз Тоҷикистон дар ин семинар муаллифони 20 идея роҳ ёфтанд. Дар ин радиф муаллифони беҳтарин 10 идея ғолиб омаданд, ки миёни онҳо лоиҳаи “Хирадмандии рақамӣ” -и Илҳом Ҷамолиён  низ ҷой гирифт. Лоиҳа истеҳсоли комиксҳоро оид ба омӯзиши саводи иттилоотиву рақамӣ дар бар мегирифт. .  

“Мақсади лоиҳаи мо бо эҷоди комиксҳо ҷалб кардани таваҷҷуҳи истифодабарандагони ҷавони Интернет ба масъалаҳои саводи рақамӣ  мебошад. Солҳои охир комикс  ҳамчун қолаб ва абзори муҳими омӯзиши саводи расонаӣ – иттилоотӣ хеле рушд кард ва нақши он дар раванди таълим низ муассир мешавад. Дар Тоҷикистон дар ин бобат қадамҳои нахустин гузошта мешаванд ва метавон гуфт, ки ин кори нав аст. Бовар дорем, ким ин формати кор дар омӯзиши саводи  расонаӣ – иттилоотӣ  ва рақамӣ муфид хоҳад буд”, – қисса мекунад Илҳом Ҷамолиён. 

То ҳол 5 комикс нашр карда шудааст (аз рӯйи нақша 10 комикс бояд омода гардад). Комиксҳо бо истифода аз сервиси Pixton сохта шуда, барои омода кардани комиксҳои  ҳар як дарси мавзӯӣ баъзан то 15 рӯз лозим аст. Сужаи ин комиксҳоро метавон  дар ҳаёти маъмулии сокинони Тоҷикистон мушоҳида кард. Масалан дар як комикс оид ба мушкилоти Оиша, ки чанд рӯзи охир  компютераш зуд-зуд метасфад, нақл мешавад. Ӯ намедонад аз чӣ сабаб аст ва  чӣ кор бояд кунад. Оиша барои дарёфти ҷавоб ба ин саволҳо ба дӯсташ Беҳрӯз муроҷиат мекунад. Барои бартараф кардани ин мушкилот дӯсташ ба ӯ кӯмак мерасонад ва маълум мешавад, ки  дар компютери Оиша вирусҳои майнерӣ сироят кардаанд. Дар идома маълумоти муфассал оид ба вирусҳо ва роҳҳои ҳимоят аз онҳо нақл мешавад. Муфассал дар ин ҷо:

Бино ба гуфтаи муаллифи лоиҳа комиксҳои тоҷикӣ ҳамчунин ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, барои аудиторияи ӯзбекзабон низ пешкаш мешаванд.

«Муҳтаво дар мавзӯи СИР ба забони тоҷикӣ хеле кам аст ва ин амр моро водор менамояд, ки бештар ба забони тоҷикӣ дар ин мавзӯъ матлабҳо эҷод намоем. Эҷоди комиксҳо ҳам маҳз дар ҳамин замина ба миён омад, то ин ки дар сегменти тоҷикии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин холигиро пурра кунад. Дар ҷараёни баррасии масъала баъзе корбарон ба мо тавсия доданд, то дар эҷоди комиксҳо аз забони лаҳҷавӣ истифода намоем. Далелашон ин буд, ки комиксҳо ба жанри  ҳаҷв наздикии зиёд доранд ва ҳаҷвнигорӣ дар Тоҷикистон асосан дар заминаи забони лаҳҷавӣ бештар рушд мекунад. Вале роҳи мо дигар аст. Ба касе маъқул аст ё не, мо ҳеҷ гоҳ ба забони лаҳҷавӣ комикс эҷод нахоҳем кард. Меъёри забони адабии тоҷикӣ меъёри кори мо аст…”, – мегӯяд муаллиф. 

Инчунин тими корӣ ба ҷалби аудитория ҳам машғул аст: дар комиксҳо супоришҳои ҷолибе мавҷуданд, ки истифодабарандагон онҳоро дарёфт карда, соҳиби ҷоиза мешаванд.

“Фараҳноз Набиева дар шарҳи хеш навишта буд, ки ба интихоби барномаи мудирияти гузарвожаҳо кӯмак кунем. Эълон кардем, ки ҷавоби ин пурсиш дар комиксҳои мо ниҳон аст ва касе аввалин шуда онро пайдо кунаду скриншоти онро пешкаш намояд, соҳиби ҷоиза мешавад. Фараҳноз аввалин шуда, ҷавобро аз комиксҳо пайдо кард ва соҳиби ҷоиза шуд”, – гуфт Илҳом Ҷамолиён.

Ғайр аз ин, аз рӯйи таҳқиқоти сотсиологии истеъмоли ВАО дар Осиёи Марказӣ, ки ИТ «Общественное мнение» бо фармоиши Internews соли 2020 доир кард: дар Тоҷикистон ба сомонаҳои иттилоотӣ бештар шахсони аз 19 то 29 сола эътимод доранд. Дар баробари ин, 79,1% одамоне, ки дар пурсиши муҳаққиқон ширкат варзидаанд, натавонистанд ба ин савол посух диҳанд: воқеаҳоро дар Интернет кӣ объективона инъикос мекунад?

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *