Рассоми тоҷик аввалин онлайн-намоишгоҳро роҳандозӣ кард

Нахустин онлайннамоишгоҳи корҳои рассоми тоҷик Далер Михтоҷов дар ду толори маҷозӣ баргузор мешавад. Намоишгоҳ “Роҳи сурх” ном дорад ва меҳмонон метавонанд дар ин ҷо 52 кори муаллифро бубинанд, ки то ин вақт аксарияти онҳоро ҳаргиз надидаанд.

Рассоми тоҷик Далер Михтоҷов ҳар ду-се сол дар Душанбе намоишгоҳҳои шахсии худро баргузор мекард. Вай мегӯяд, ки намоишгоҳҳои доимӣ ба ҳар рассом зарур мебошанд, на танҳо барои намоиш додани асарҳои худ ба мардум ва ҷамъоварӣ кардани фикру мулоҳизаҳо, балки ҳамчунин барои он ки рассом худаш офаридаҳои худро бубинад.

– Чунин мешавад, ки дар коргоҳ шумо дигар асарҳоятонро намебинед, шумо ба онҳо чунон одат мекунед, ки камбудиҳояшонро мушоҳида намекунед, вале ҳамин ки расмҳоро ба ҷойи дигар бурда, дар зери нури дигар овезон мекунед, шумо гуё ба он аз зовияи дигар нигоҳ мекунед, шарҳ медиҳад Далер.

Охирин намоишгоҳи рассом дар соли 2018 баргузор шуд, пас аз он пандемия оғоз ёфт, дар тӯли ин муддат Далер хост ду маротиба намоишгоҳ ташкил кунад, вале натавонист. Бо вуҷуди ин, ташкил намудани намоишгоҳ кори бисёр пурхароҷот аст.

– Пеш аз ҳама, шумо бояд расмҳоро омода кунед: катон (холст) гарон аст, рангҳо ҳамчунин гарон мебошанд, чорчӯбаҳо (рама), сониян, шумо бояд биноеро иҷора гиред, даъватномаҳо, фуршет ташкил кунед – ҳамаи ин маблағи зиёдро талаб мекунад. Гузашта аз ин, пандемия идома дорад ва баргузор кардани намоишгоҳи зинда хатарнок аст, мегӯяд Далер.

Далер Михтоҷов, Internews

Сипас, дар зеҳни рассом фикри дигаре пайдо шуд: ташкил намудани намоишгоҳи маҷозӣ, ки одамон тавонанд аз он боздид кунанд, бидуни ин ки худро дар маърази хавф қарор диҳанд. Вай ин идеяро ба дӯсти худ барномасоз Равшан Шарипов нақл кард ва ӯ фаҳмонид, ки чӣ гуна ҳамаи ин корро метавон ташкил кард. Далер лоиҳаеро навишта, ба озмуни грантҳо барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати хурд. Мавсими зимистона” пешниҳод намуд, ки Internews дар Тоҷикистон охири соли гузашта эълон  карда буд. Ин идея ба ҳайати ҳакамони мустақили озмун писанд омад ва Далер барои ташкил кардани намоишгоҳи худ грантро ба даст овард.

Ба ғайр аз худи Далер, ба даста боз даҳ нафари дигар шомил буданд: директори лоиҳа – Одина Маҳмад, барномасоз – Равшан Шарипов, муҳаррир – Давлатмурод Каримов, тарҷумонҳо – Нигина Раҷабова, Зулфия Амон, Фарангис Летем, аккос – Фирдавс Набиев, тарроҳ (дизайнер) – Рустам Забиров ва ҳамоҳангсозон – Абдулҳай Зокиров ва Комил Саидов. Ҳамаи онҳо якҷо дар фасли баҳор ба кор шурӯъ карданд ва қариб пас аз чаҳор моҳ фазои маҷозӣ бо ду толор омода шуд. Дар онҳо меҳмонон метавонанд корҳои рассомро тамошо кунанд ва шарҳи онҳоро ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хонанд. Дар толори аввал экспозиция бо номи “Роҳи сурх” ва дар толори дуюм – “Умари Хайём” мебошанд. Навигатсияи намоишгоҳ аз рӯи намуди бозиҳои компютерӣ сохта шудааст, фаҳмидани он бисёр осон аст, фақат корбарон бояд ҳангоми боргузорӣ шудани лоиҳа каме сабр кунанд ва озодона ба толорҳо бираванд. Воқеан, дар ояндаи наздик даста нақша дорад, ки фазоро васеъ намуда, ҳадди аққал боз ду толори дигарро боз кунад.

– Ман фикр мекунам, ки рассоми муосир бояд тавонад корҳои худро дар Интернет пеш барад, онҳоро ба одамон аз кишварҳои мухталиф намоиш диҳад ва дар бораи санъати худ нақл намояд. Баъзе ҳамкорони ман сайтҳои хуб доранд, баъзеҳо кори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш мебаранд, аммо ман мехоҳам дар бораи рассомии тоҷик иттилооти бештар вуҷуд дошта бошад”, шарҳ медиҳад Далер.

Дар воқеъ, коршиносон мегӯянд, ки маълумот дар бораи санъати тоҷик дар Интернет кам аст ва ин як мушкили бисёр ҷиддӣ мебошад, зеро “агар шумо ҳоло дар Шабака набошед, шумо тамоман вуҷуд надоред”. Бо вуҷуди ин, ғайр аз вазифаи нақл кардан дар бораи санъати худ, Далер тавассути намоишгоҳи маҷозияш боз як масъалаи дигарро ҳал мекунад:

“Медонед, аз нақошии худ ҷудо шудан бисёр душвор аст, бахусус, вақте ки харидор билофосила пас аз ба охир расидани кор пайдо мешавад”, мегӯяд ӯ. Бо ман чунин шуда буд. Ман ҳоло болои расм кор мекардам вале харидор аллакай пайдо шуд ва мехост кори маро фавран пас аз омода шуданаш бигирад. Ҷудо шудан бо он барои ман душвор буд. Ман ҳанӯз вақти лаззат бурдан аз онро надоштам, ба ман ҳадди аққал ду-се рӯз лозим буд, то ки аз он лаззат бибарам. Ва ҳоло ман эҳсос мекунам, ки ҳамаи расмҳои ман ҳамеша дар ин ду толор бо ман хоҳанд буд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *