Ғолибони озмуни грантӣ барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ «Формати хурд. Мавсими зимистона» муайян шуданд

Ҳакамони озмуни грантӣ оид ба истеҳсоли муҳтавои ватании Интернюс дар Тоҷикистон ғолибонро муайян карданд. Аз 101 дархости қабулшуда, даҳтоаш беҳтарин дониста шуданд.

Internews дар Тоҷикистон озмуни ғояҳоро барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ «Формати хурд. Мавсими зимистона» моҳи ноябри соли 2020 эълон кард. Барои иштирок дар озмун шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои онлайнӣ, студияҳои истеҳсолӣ, продюссерҳои мустақил, муаллифон ва вебнависон даъват карда шуда буданд. Дар маҷмуъ 101 дархост қабул карда шуд. Озмуни «Формати хурд. Мавсими зимистона” дар се марҳила сурат гирифт: интихоби пешакиву техникӣ (барои риояи шартҳои озмун), ҷаласаи питчинг – тариқи онлайн пешниҳоди ғояҳо ба аъзои ҳакамон ва ниҳоӣ (буҷет ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ). Ғолибони озмунро ҳакамони мустақил иборат аз мутахассисони ватаниву хориҷӣ интихоб карданд. Дар натиҷа, аз байни 101 дархост – даҳ идеяи беҳтарин интихоб карда шуданд:

  • Ёкуб Ҳалимов, лоиҳае, ки ба ҳуқуқи инсон равона карда шудааст;
  • Далер Михтоҷев, намоиши онлайнии санъати тасвирӣ;
  • Афсона Акобиршоева, силсила-мусоҳибаҳои мубрам;
  • Фируз Сабзалиев, лоиҳаи «Афсона дар тасвирҳо»;
  • ТВ «Мавҷи Озод», силсила-гузоришҳо дар бораи занҳои деҳотӣ;
  • ШТР «7 ситора» – Силсилаи барномаҳо оид ба таъсири COVID-19 ба тиҷорат дар Тоҷикистон;
  • Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», идомаи лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар»;
  • Гурӯҳи расонаҳои «Вечёрка», лоиҳа бахшида ба шаҳрвандони солхӯрдаи Тоҷикистон;
  • «Зира Медиа», ҳикояҳои хатмкунандагони мактаб-интернат;
  • Лолисанам Улуғова, филми кӯтоҳ дар бораи санъати рақси мардона.

Ғайр аз ин, дар доираи озмуни “Формат хурд. Мавсими зимистона” барои шахсони алоҳида барои истеҳсоли муҳтаво стипендияҳои махсус ҷудо карда шуда буданд. Ғолибони стипендия инҳоянд:

• Заррина Эргашева, қиссаҳо дар бораи оилаҳои муҳоҷироне, ки саробони худро гум кардаанд;
• Манижа Қурбонова, ҳикояҳо дар бораи оилаҳое, ки кӯдакони хусусиятҳои махсус доранд;
• Алия Ҳамидуллина, ҳикояҳо дар бораи ақаллиятҳои миллии вилояти Суғд.

Ҳамаи муаллифон барои татбиқи ғояҳои худ, аз Internews дастгирии молиявӣ ва аз коршинос маслиҳатҳои муфид мегиранд.

Ҷамшед Шоев, ҳамоҳангсози лоиҳа мегӯяд, ки соли равон дар озмун натанҳо рӯзноманигорон, балки истеҳсолкунандагони муҳтавои дигар соҳаҳо низ ширкат варзиданд.

– Масалан, имсол намояндагони санъат – рассомон, чеҳраҳои театрӣ ба озмун дархост фиристоданд. Ҳангоми пандемия, онҳо ба формати онлайн гузаштанд ё ба ҳамтоёни хориҷии худ пайравӣ карда, тасмим гирифтанд, ки дар Интернет рушд кунанд. Ғайр аз ин, филмсозон низ ба озмун, соли дуюм аст, ки таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Мо хушҳолем, ки истеҳсолкунандагони муҳтавои мухталиф мехоҳанд бо мо ҳамкорӣ кунанд, – мегӯяд Ҷамшед.

Ӯ мефаҳмонад, ки назар ба соли гузашта шумораи дархостдиҳандагон ва сифати дархостҳо беҳтар шудаанд.

– Соли сеюм аст, ки мо ин озмуни грантиро баргузор карда истодаем: соли аввал ба озмун 32 дархост, соли дувум – 64, соли равон бошад, 101 дархост қабул кардем. Шумораи ғолибон низ меафзояд, масалан, соли гузашта Интернюс нуҳ муаллифро дастгирӣ карда буд, имсол бошад даҳ муаллифро. Албатта, дархостҳои хуб бисёр буданд, мутаассифона, мо ҳамаро дастгирӣ карда наметавонистем. Аммо имсол Интернюс ду озмуни грантии истеҳсоли муҳтавои ватаниро баргузор мекунад. Бинобар ин шуморо даъват мекунем, ки дар озмуни дуввум ширкат варзед, мегӯяд Ҷамшед.

Озмуни дуввуми «Формати хурд. Мавсими тобистона” моҳҳои феврал-марти соли 2021 дар сомонаҳои media.tj ва newreporter.org эълон карда мешавад. Довталабоне, ки дар даври аввали озмун ғолиб наомаданд, метавонанд идеяҳои худро такмил диҳанду ғояи худро ба даври навбатӣ пешниҳод кунанд. Дар бораи он, ки чӣ гуна Internews истеҳсоли муҳтавои ватаниро дар солҳои 2020-2021 дастгирӣ мекунад, аз ин ҷо метавонед бихонед.

Баъзе лоиҳаҳое, ки дар соли 2020 амалӣ карда шудаанд:

Ёдрас мекунем, ки мақсади озмун ин дастгирии истеҳсоли барномаҳои телевизионии босифат, силсила гузоришҳо, филмҳои мустанад, лонгридҳо, лоиҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо, web-докҳо, web-сериалҳо, қиссаҳои мултимедиявӣ, таҳқиқотҳои журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. 

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *