Internews директори кишварӣ дар Тоҷикистонро меҷӯяд

Internews директори кишварӣ дар Тоҷикистонро меҷӯяд, ки ӯ роҳнамоии стратегии кори созмонро дар кишвар таъмин мекунад. Ӯҳдадориҳо аз мавридҳои зерин иборат хоҳанд буд: идоракунӣ, тақсимкунӣ ва роҳбарии кор; омӯзиши кормандон; арзёбии натиҷаҳои кор; баррасии шикоятҳо ва ҳалли мушкилот, ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои донор ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои пешгирӣ аз такрори ташаббусҳо ва такмили дигар ташаббусҳо ҷиҳати рушди ВАО. Ғайр аз ин, директори кишварӣ барои эҷоди робитаҳои шарикии мустаҳкам бо ҳамкорон дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва ҳамчунин бо намояндагони дахлдори донорҳо масъул хоҳад буд.

ТАЛАБОТ:

  • Таҷрибаи кории қаблӣ ба ҳайси сардори шӯъба, директори барнома, директори кишварӣ, муовини сардори шӯъба ё таҷрибаи ба он монанд бо обрӯи қавӣ дар рушди муносибатҳои олии корӣ бо ҳамкорони маҳаллӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо.
  • Таҷрибаи кории на камтар аз панҷсола дар соҳаи ВАО ва/ё рушди ВАО.
  • Фаҳмиши амиқи бахши ВАО-и маҳаллӣ ва минтақавӣ.
  • Таҷрибаи бомуваффақият дар соҳаи роҳбарӣ, таҳия, идоракунӣ ва татбиқи кӯмаки техникӣ барои лоиҳаҳои аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда дар соҳаи ВАО ё демократия ва қобилияти исботшуда дар таҳия ва назорат кардани нақшаҳои корӣ, нақшаҳои омӯзишӣ ва нақшаҳои харид.
  • Таҷрибаи кории самарабахши тасдиқшуда бо ВАО-и мустақил, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намудҳои гуногуни шарикон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ.
  • Таҷрибаи корӣ бо лоиҳаҳои ВАО, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд, афзалият хоҳад дошт.
  • Маҳорати таҳияи буҷет ва идоракунии воситаҳои молиявӣ.
  • Маҳорати қавии роҳбарӣ, идоракунӣ, гурӯҳӣ ва созмонӣ.
  • Маҳорати қавии муоширати байнишахсӣ ва коммуникатсия.
  • Қобилияти собитшуда барои ба таври эҷодкорона ҳал намудани мушкилот ва таъмини идоракунии ахлоқӣ.
  • Озод донистани забони англисӣ талаб карда мешавад; донистани забони тоҷикӣ ва/ё русӣ бартарии назаррас хоҳад буд.

Дарёфти маълумоти бештар ва пешниҳод кардани дархост мумкин аст тавассути линк.

Leave a Reply