Се лоиҳаи вобаста ба ҷалби мухотабон ғолиби озмуни грантии Internews дар Тоҷикистон шуданд

Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии ҳайати доварони мустақил, се лоиҳаи вобаста ба ҷалби мухотабон аз Тоҷикистон барандаи озмуни грантии Internews «Малый формат-2023» (Формати хурд – 2023)  шуданд.

Имсол дар озмуни грантии «Малый формат-2023» лоиҳаҳое ширкат доштанд, ки ҳадафашон истеҳсоли муҳтавои ватанӣ буд ва ҳамчунин лоиҳаҳое, ки ба ҷуз аз истеҳсол (продакшен) абзорҳоро барои ҷалби мухотабон истифода мебаранд. Ҳашт муаллифи мустақил ва расона ба истеҳсоли муҳтаво ва се созмон ба истеҳсоли лоиҳаҳо бо ҷалби мухотабон машғул хоҳанд шуд:

Ташкилоти ҷамъиятии «Якчашма» бо лоиҳаи «Модар дар бораи чӣ фарёд мезанад», ки ба барҳам додани устураҳо (мифҳо) ва стереотипҳо дар атрофи модарӣ нигаронида шудааст;

Ташкилоти ҷамъиятии «Рӯзбеҳ» бо лоиҳаи «Синни фаъол», ки ба одамони калонсоли муқими ВМКБ бахшида шудааст;

Ширкати расонаии «Вечерка» бо озмоиши (эксперименти) иҷтимоӣ, ки дар он маъюбон бо ҳайвоноти хонагӣ шинос мешаванд.

Барои муаллифони лоиҳаҳои ҷалби мухотабон аз ҷониби коршиносони байналмилалии расона – Мария Рзаева ва Ержан Сулейменов дастгирии менторӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар доираи лоиҳа барои мутахассисон бо забонҳои миллӣ давраҳои коромӯзӣ (таҷрибаомӯзӣ) ташкил карда мешаванд. Коромӯзони лоиҳа ба иштироккунандагони озмун барои таблиғи муҳтаво ва идеяҳои онҳо дар байни мухотабони тоҷикзабон ёрӣ хоҳанд кард.

Мисолҳои лоиҳаҳои вобаста ба ҷалби мухотабонро, ки қаблан татбиқ шуда буданд, дар ин ҷо ё ин ҷо дидан мумкин аст.

Вебинарҳоро бахшида  ба лоиҳаҳои ҷалби мухотабонро дар ин ҷо ё ин ҷо дида метавонед.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории озмуни «Формати хурд» дастгирии истеҳсоли муҳтавои баландсифат мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби як гурӯҳи хурди муаллифон эҷод карда мешавад.

Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки дар соли 2023 «Малый формат» ягона озмун барои лоиҳаҳои истеҳсолии MediaCAMP мебошад. «Большой формат»” (Формати калон) ва “Формати DOC” эълон карда намешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *