Кӣ дар Тоҷикистон таҳқиқотҳои журналистӣ анҷом медиҳад

Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба антирейтинги кишварҳое шомил шуда буд, ки дар он шумораи бештари рӯзноманигорони маҳкумшуда вуҷуд дорад, дар ҷумҳурӣ мутахассисоне боқӣ мондаанд, ки таҳқиқоти мураккаби журналистӣ анҷом медиҳанд. Дар ин матлаб аз наҳваи кори онҳо нақл мекунем.

Ёқуб Ҳалимов – яке аз журналистҳое камшумори Тоҷикистон мебошад, ки тӯли солҳои зиёд ба таҳқиқоти журналистӣ машғул аст. Матолиби пурсарусадое ба номи ӯ рабт доранд, ки дар онҳо муаллиф, масалан, мансабдорони болотарин радаҳои қудратро танқид мекунад ё нақшаҳои бузурги фасодро  фош месозад.

– Ман аввалин таҳқиқотро дар соли 2008 анҷом додам. Он вақт дар рӯзномаи “Миллат” кор мекардам ва бо супориши редаксия ба майдонҳои кишти пахта рафта будам, ки ба он ҷо хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёнро ба кори ройгон фиристода буданд. Ман шабро ҳамроҳи онҳо дар бинои бе дару тиреза гузаронида, бо бачаҳо ва соҳибкороне, ки онҳоро барои кор кардан маҷбур мекарданд, суҳбат намудам. Пас аз он, матлаби калон омода кардам. Он вақт вокуниши мустақиме аз ҷониби мақомот набуд, вале соли оянда таҷрибаи ҷалби донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо ба пахтачинӣ қатъ шуд, – ба ёд меорад Ёқуб.

Ёқуб Ҳалимов

Таҳқиқоти навбатиашро вай ба нақшаҳои коррупсионӣ ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бахшид. Мавод соли 2012 нашр шуд.

– Ман худам аз тамоми ин нақша гузашта, барои худам шаҳодатномаи ронандагӣ харидам ва дар бораи таҷрибаи худ нақл кардам. Вақте ки мавод нашр шуд, чанд генерал танбеҳ гирифтанд, нақл мекунад Ёқуб.

Сарфи назар аз он ки аз он вақт то имрӯз вазъият дар бозори расонаҳои Тоҷикистон ба самти беҳтар тағйир наёфтааст, масалан, дар соли 2012 ҷумҳурӣ дар рейтинги озодии сухан дар ҷои 123-юм қарор дошт ва бо гузашти 10 сол дар ҷои 152-юм, Ёқуб гузаронидани таҳқиқотро идома медиҳад. Дар ин жанр ғайр аз ӯ боз чанд нафари дигар кор мекунанд.

– Ҳозир ҳам гузаронидани таҳқиқот мумкин аст, агар худи журналист пок бошад, тавонад мавзуъро интихоб намояд, фарзия (гипотеза) пешниҳод кунад ва аз техникаҳои гуногуни гузаронидани таҳқиқот истифода намояд. Албатта, хавфҳо вуҷуд доранд, вале журналистҳо-таҳқиқгарон дар тамоми ҷаҳон амнияти худро зери хатар мегузоранд, зеро онҳо нақшаҳои ғайриқонуниро ошкор мекунанд, шарҳ медиҳад ӯ.

Соли гузашта Ёқуб ва чанд рӯзноманигори дигар дар Мактаби журналистикаи таҳқиқотӣ , ки Internews баргузор намуда буд, ширкат варзиданд. Беҳтарин мутахассисони минтақа дар Алмаато барои мубодилаи таҷриба ва пайдо намудани абзорҳое, ки кор мекунанд, ҷамъ омаданд. Аз рӯи натиҷаҳои Мактаб, иштироккунандагон таҳқиқоти худро омода мекунанд, масалан, дар Тоҷикистон мавод дар бораи чӣ тавр дар кишвар кор кардани бозори нуриҳои минералӣ, ки арзиши онҳо танҳо дар соли гузашта ба 140% афзоиш ёфт, интишор шуд. Яке аз муаллифони мавод – Сайраҳмон Назриев, ки ҳамчунин донишомӯзи Мактаб мебошад, мегӯяд, ки иттилоот барои ин матлаб тӯли чанд моҳ ҷамъоварӣ гардид.

– Ҳар таҳқиқот чанд моҳ тӯл мекашад, масалан, ин дафъа мо се моҳ кор кардем. Манбаи иттилоот кам буд, вале мо тавонистем додаҳоро  аз манбаъҳои гуногун пайдо кунем. Илова бар ин, дар аввал мо як фарзия доштем, вале натавонистем онро исбот кунем ва маҷбур шудем тағйираш диҳем, дар ниҳоят, ман фикр мекунам, ки маводи хуб омода шуд, нақл мекунад Сайраҳмон.

Ёқуб Ҳалимов ҳамчунин дар бораи душвориҳо барои дарёфти иттилоот, махсусан додаҳои расмӣ гап мезанад. Ӯ дар баробари ин мушкил ба набудани малакаҳои касбии журналистҳо ишора мекунад.

– Бисёре аз журналистҳо дар Тоҷикистон барои маслиҳат ба ман муроҷиат мекунанд. Онҳо низ мехоҳанд таҳқиқот гузаронанд, вале аксари вақтҳо намедонанд, ки чӣ гуна мавзуъ ва фарзияро пайдо кунанд. Мушкили асосӣ дар ҳамин аст. Албатта, журналистҳое вуҷуд надоранд, ки танҳо пас аз гузаштани як тренинг барои машғул шудан ба таҳқиқот омода шаванд. Барномаи бузурги марҳилавӣ бо назария ва амалия лозим аст, мегӯяд рӯзноманигор.

Мушкили дигар вобаста ба таҳқиқоти журналистӣ – маблағгузорӣ аст. Ёқуб ва Сайраҳмон шарҳ медиҳанд, ки маводҳои чунин формат аз муаллифон вақт ва нерӯи зиёдро талаб мекунанд ва бояд ба таври муносиб пардохт шаванд. Нашрияҳои маҳаллӣ имконияти пардохти кори таҳқиқгаронро надоранд. Аз ин рӯ, аксари вақт журналистҳо маводи чунин форматро танҳо дар доираи лоиҳаҳои расонаҳо ё созмонҳои байналмилалӣ омода мекунанд.

Дар мавриди платформаҳо барои нашри таҳқиқоти журналистӣ, агар маводҳо аз сифати баланд бархурдор бошанд, расонаҳои маҳаллӣ омодаанд, ки онҳоро дар манбаъҳои худ ҷойгир кунанд.

– Баъзан мо редаксияҳои маҳаллии худро нодида мегирем, масалан, вақте ки ман дар бораи сардори Хадамоти алоқа мавод омода кардам, бисёре аз расонаҳо аз чопи он худдорӣ карданд, вале нашрияи “Фараж” розӣ шуд. Шояд ҳоло расонаҳо бештар тарс доранд, аммо чун ман ба онҳо муроҷиат намекунам, намедонам. Аз тарафи дигар, ҳоло муаллиф метавонад корҳояшро ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоии худ нашр кунад, мегӯяд Ёқуб.

Дар мавриди фишор болои журналистҳо ҳангоми ҷамъоварии иттилоот ҳам Ёқуб ва ҳам Сайраҳмон мегӯянд, ки ҳатто ҳангоми омода кардани маводи оддӣ ҳам мумкин аст таҳти фишор қарор гирифт, ҳеҷ кас аз ин эмин нест. Бо ин ҳол, баъзан ба маводи интиқодӣ зиддиқаҳрамонҳо (антигерой) ҳеҷ вокуниш нишон намедиҳанд.

– Соли 2020 ман дар бораи санҷиши техникӣ (техосмотр), ки ҳамаи мошинҳои ҷумҳурӣ аз он мегузаранд, таҳқиқот анҷом додам. Ҳангоми кор маълум шуд, ки як ширкати бузурге, ки онро ба хешовандони президент рабт медиҳанд ва он чанде пеш дар бораи барҳам додани худ хабар дода буд, корашро идома медиҳад ва маҳз он санҷиши техникии мошинҳоро мегузаронад. Мавод нашр карда шуд, вале ман ҳеҷ вокунишеро дарёфт нанамудам”, ба ёд меорад Ёқуб.

Ӯ мегӯяд, вокуниш ба таҳқиқот на ҳамеша аз худи муаллиф вобаста аст. Агар ҷомеа ба кор вокуниш нишон надиҳад, пас эҳтимол ҳамчунин дар сатҳи давлатӣ вокуниш нишон дода намешавад. Ғайр аз ин, вокуниши ҷомеа бояд на танҳо аз шарҳҳои таҳсиномез дар зери мавод, балки ҳамчунин аз амалҳои фаъол, масалан, дархостҳо ба прокуратура ва ғайра иборат бошад.

– Ҳамин ки ман таҳқиқоти худро нашр кардам, рисолати (миссияи) ман дар ин ҷо ба охир мерасад ва иштироккунандагони дигар бояд ба ин раванд шомил шаванд. Вазифаи журналист фақат иттилоъдиҳии беғаразона мебошад, – мегӯяд Ёкуб.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *