Интернюс дар Тоҷикистон ёвари лоиҳа меҷӯяд

Шарҳи вазифа: ёвари лоиҳа дастгирии маъмурӣ ва логистикиро (таъминотиро) барои лоиҳаи «Таҷрибаҳои ҳисобдиҳанда барои иттилооти гузоришдиҳӣ дар бораи низоъҳо ҷиҳати коҳиш додани шиддат» (APRICOT) ва лоиҳаи “Дастгирии гузоришдиҳӣ ва пешбурди озодии дин (SCARF) дар Тоҷикистон таъмин менамояд. Ӯ бо кормандони лоиҳа, мушовирон, шарикон ва иштироккунандагон алоқа барқарор мекунад; логистикаи сайёҳиро ҳамоҳанг месозад; самаранок ва сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои лоиҳаро дастгирӣ менамояд; дар ҷамъоварии маълумот ва ҳисоботдиҳии лоиҳа ёрӣ мерасонад. Ёвари лоиҳа ба Директори кишвари Internews дар Тоҷикистон ҳисобот медиҳад ва инчунин бо дархости менеҷери лоиҳаи APRICOT дар Тоҷикистон ва менеҷери лоиҳаи SCARF дар Қазоқистон вазифаҳоро иҷро мекунад.

УҲДАДОРИҲО ВА МАСЪУЛИЯТҲОИ АСОСӢ:

  • Дар маъмурияти ҳамарӯза ва логистикии фаъолиятҳои лоиҳа ёрӣ мерасонад. Вазифаҳои асосӣ иборатанд аз: иртибот бо баҳрагирандагони лоиҳа, ҳамоҳангсозии логистикаи сайёҳӣ барои тренерон, мушовирон ва иштироккунандагони чорабинӣ дар якҷоягӣ бо менеҷерони лоиҳа, ҳамкорӣ бо кормандони лоиҳа дар кишварҳои дигар оид ба чорабиниҳои муштарак ё истеҳсол/пешбурди муҳтаво ва масъулиятҳои дигар;
    Идоракунии файлҳо ва тақвими лоиҳа, мукотибаи воридшаванда ва хориҷшавандаро дар почтаи электронии корпоративӣ ва ҳама гуна каналҳои дигари иртиботӣ назорат мекунад;
  • Дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои дохили кишвар ва минтақавӣ ёрӣ мерасонад;
    Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ҷамъоварии маълумот бо мақсади гузоришдиҳӣ мусоидат мекунад;
    Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла пахшҳои матбуотӣ (пресс-релизҳо), варақаҳо ва гузоришҳо аз забони русӣ ва тоҷикӣ ба англисӣ ва баръакс;
    Дар амалисозии фаъолиятҳое ёрӣ мерасонад, ки барои фаъолияти мунтазам ва татбиқи самараноки лоиҳа заруранд;
    Мутобиқи сиёсати Internews, бо вафодорӣ ба рисолати Internews ва арзишҳои асосии он амал мекунад;
    Дигар уҳдадориҳо дар ҳолати зарурӣ.

ТАЛАБОТ ВА ТАХАССУС:

  • Таҷрибаи на камтар аз як сол кор бо расона ё лоиҳаҳои рушд, тарҷеҳан дар соҳаи расона;
  • Дараҷаи дахлдори таҳсили донишгоҳӣ;
  • Фаҳмиши амиқи нигарониҳо ва масъалаҳои расона дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи марказӣ;
  • Маҳораҳои хуби ташкилӣ, муносибатҳои байнишахсӣ ва коммуникатсия (ба роҳ мондани робита);
  • Қобилияти қавии таҳлилӣ ва навиштан, бо таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт;
  • Қобилияти кор дар муҳлатҳои маҳдуд;
  • Дониши хуби Microsoft Office, махсусан Excel;
  • Дониши забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дар сатҳи касбӣ;
  • Ба таҷриба ва шиносоӣ бо қоидаҳо ва муқарарроти ҳукумати ИМА афзалият дода мешавад.
  • Садоқат ба арзишҳои асосии Internews.

Муҳлати пешниҳоди корнома (CV) ва мактуби ҳамроҳ 14 феврали соли 2023 тавассути почтаи электронии зерин: TJ-info@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *