Ҳашт лоиҳа ғолиби озмуни грантии «Формати хурд-2023» гардиданд

Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳии доварони мустақил ҳашт расона ва муаллифи мустақил барандаи озмуни грантии Internews таҳти унвони «Формати хурд-2023» гардиданд. Дар ин озмун аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ 57 дархостдиҳанда ширкат варзиданд.

Озмуни грантии “Формати хурд – 2023” аз чанд марҳила иборат буд: дар марҳилаи аввал муаллифон дархостҳои худро пешниҳод карданд, марҳилаи дувум интихоби техникии дархостҳо буд, ки ба ҳамаи меъёрҳои озмуни моҳи октябри соли 2022 эълоншуда мувофиқат мекунанд. Дар марҳилаи сеюм, дархостдиҳандагон бояд идеяҳои лоиҳаи худро дар давоми як ҷаласаи понздаҳдақиқаӣ ба доварони мустақил пешниҳод кунанд. Дар марҳилаи чорум, муаллифони интихобшуда лоиҳаҳои худро бояд мувофиқи тавсияҳои доварон, ки дар вақти питчинг гирифта буданд, такмил намоянд ва бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ оваранд.

Дар натиҷа ҳашт нафар ғолиб муайян гардиданд.

  • Рӯзноманигори мустақил Ардашер Пайванд дар бораи рӯзгори хонаводаи Латифи Бухорӣ филми мустанаде хоҳад бардошт, ки бо вуҷуди зиндагии душвор дар як деҳаи дурдаст, шуғли бисёр ғайриоддӣ дорад.
  • Телевизиони «Мавҷи озод» дар бораи рӯзгори кӯҳистониён аз деҳаҳои дурдасти вилояти Хатлон як силсила гузоришҳо омода мекунад.
  • Расонаи Your.tj лоиҳаи “Танҳо”-ро идома медиҳад, ки дар бораи зиндагии занони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон нақл мекунад, ки бо душвориҳо мустақилона мубориза мебаранд.
  • Муаллифи мустақил Алла Румянсева дар бораи сарнавишти фоҷиабори кӯдаконе, ки волидонашон дар кишварҳои арабӣ ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, филми аниматсионӣ эҷод мекунад.
  • Муаллифи мустақил Раҳматулло Одинаев дар бораи зиндагӣ ва мушкилоти заноне, ки пас аз талоқ (ҷудошавӣ) бо ҳукми додгоҳ дар манзили шавҳарони собиқ зиндагӣ мекунанд, филми мустанаде ба навор хоҳад гирифт.
  • «Art Vision» дар формати 3D як филми тасвирӣ дар бораи паланги барфӣ, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, таҳия хоҳад кард.
  • Созмони “Расонанигор” дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ як силсила материалҳо эҷод мекунад.
  • Созмони «Навсоз» дар бораи худкушии занон дар Тоҷикистон як филми мустанад таҳия хоҳад кард.

– Ҳар сол дар барномаи MediaCAMP дархостҳои ширкаткунандагон бештар касбӣ мешаванд. Ҳоло мо ба соли панҷум ва охирини татбиқи барнома шурӯъ карда, бисёр дархостҳои ҷолиб гирифтем. Пеш аз ҳама, ман дар бораи мавзуъҳои муҳиме сухан мегӯям, ки ҷомеаро ба ташвиш меоранд, – мегӯяд Ҷамшед Шоев, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Формати хурд».

Он чӣ ки ба формат таалуқ дорад, ба гуфтаи Ҷамшед, дархостдиҳандагони зиёд формати филми мустанад пешниҳод карданд.

– Гузашта аз ин, журналистҳо ҳам ба наворбардории филмҳои мустанад шурӯъ карданд. Шояд ин тамоюл маҳз дар давраи MediaCAMP пайдо шуда бошад, зеро дар чаҳорчӯби татбиқи ин барнома чанд филми мустанади хеле ҷолиб пайдо шуданд, масалан, “Мардикор”, “Шӯроб” ва бисёр корҳои дигар, мегӯяд Ҷамшед.

Бо ин ҳол, озмуни «Формати хурд» инчунин лоиҳаҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ба стратегияҳои ҷалб кардани мухотабон бахшида шудаанд. Муаллифони беҳтарин дархостҳо, ки бо пешниҳоди лоиҳаҳо ва истифода аз абзорҳои ҷалби мухотабон ғолиби озмун гардиданд, дертар эълон хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи озмуни «Формати хурд» дастгирии истеҳсоли муҳтавои босифат мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби гурӯҳи хурди муаллифон эҷод карда мешавад.

Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки дар соли 2023 “Формати хурд” ягона озмун барои продакшен –лоиҳаҳо аз MediaCAMP мебошад. “Формати калон” ва “Формати DOC” эълон карда намешаванд.

Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *