Мустанадсози ҷавони тоҷик дар бораи сарнавишти як зани қавиирода филми мустанад сохт

Филми “Зани рӯин” дар бораи иродаи мустаҳкам ва қавии зани тоҷик қисса мекунад. Он аввалин кори эҷодии Ардашери Пайванд, рӯзноманигори тоҷик дар соҳаи синамо буда, аллакай дар ҷашнвора ва чорабиниҳои гуногун намоиш дода шудааст. Масалан, чанде пеш дар хонаи синамои ба номи Тоҳир Собиров дар Душанбе, қабл аз он дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд ва дар Чаҳорумин ҷашнвораи бузурги “MediaCamp Fest 2022” дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон пешкаши тамошобинон гардид.

Сомонаи media.tj бо Ардашер Пайванд дар бораи идея, раванди филмсозӣ, ва дастовардҳои “Зани рӯин” мусоҳиба орост.

– Идеяи сохтани ин филми мустанад чӣ гуна пайдо шуд?

– Рӯзи 16-уми октябри соли 2021 дар синамохонаи “Зебуниссо”-и шаҳри Душанбе филми “Ман” аз рӯзгори Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи тоҷик намоиш дода мешуд. Ман ба тамошои ин филм рафта будам. Чун ҳамеша дастгоҳи аксбардориям дар дастам буду аз раванди нахустнамоиш суратгузориш таҳия мекардам. Дар саҳни синамохона постери филм гузошта шуда буд, ки дар он акси Ҳошим Гадо ҳувайдо буд. Ҷониби дигар гузашта, хостам саҳни синамохонаи “Зебуниссо”-ро аксбардорӣ намоям. Ногоҳ чашмам ба зане афтод, ки аробаи пур аз зарфҳои пластикии корношоямро кашидаву бо телефон суҳбат карда мегузашт ва ба синамохона наздик мешуд. Ман зани аробакашро бори аввал дар ҳамон вақт вохӯрдам. Ҳошим Гадо занро дида, дилаш ба ҳоли ӯ сахт сӯхт ва гӯё шарм дошта бошад, сари худро хам кард. Аз ин ҳолат барои худ чанд акс гирифтам. Чун аксбардор ҳам ҳастам, аксҳои гирифтаи худро дар саҳифаҳои шахсиям мегузорам. Аксҳои ин занро нахостам расонаӣ кунам, зеро идеяи дигар – ба навор гирифтани филми мустанад дар бораи ин зан ба вуҷуд омад. Зуд ба сӯйи ӯ шитофтам, шинос шудем, аз зиндагии мушкили худ нақл кард. Фарзанддор аст, шавҳар низ дорад, вале бори зиндагӣ танҳо бар дӯши худи ӯст. Пешниҳод кардам, ки дар бораи саргузашташ нақл кунем ва ӯ ҳам розӣ шуд. Ҳамин тавр, рақами телефони он занро гирифта, барои кор омодагӣ мегирифтам.

Ҳамон аксе, ки Ардашер Пайванд гирифта буд

– Чӣ гуна тавонистед ин идеяро амалӣ созед?

– Ин идеяро тақрибан 2 моҳ дар сар мепарваридам. Моҳи декабри соли 2021 дафтари Интернюс дар Тоҷикистон қабули довталабонро ба Мактаби филми мустанад эълон кард. Наздикону ҳамкорон ба ман тавсия доданд, ки ба ин мактаб дохил шавам. Дархости худро равон карда, яке аз донишомӯзони он шудам. Баъди 3 моҳи таҳсил моро мебоист, ки филмҳои мустанади худро ба навор гирем. Ҳамин мавзуъро пешниҳод кардам: зане, ки 5 фарзанду шавҳар дорад ва зиндагии худро тариқи аробакашӣ пеш мебарад. Дар питчинги озмуни “Формат DOC” коршиносони Тоҷикистону Қазоқистон ва Русия ҳузур доштанд. Аз ман пурсон шуданд, ки чаро маҳз дар ин бора филм сохтан мехоҳам ва он чӣ аҳамият дорад. Он зан фарзандонашро танҳо нигоҳубин мекунад. Ба роҳи бад нарафтааст. Меҳнат мекунад, ранҷ мекашад ва рӯҳияи шикастнопазир дорад. Тавре медонем, сатҳи бекорӣ дар кишвари мо зиёд аст. Ин қисса бозгӯӣ аз мушкили зиёди занони дунё мекунад. Азбаски худ журналист ҳастам, мехоҳам дар бораи мушкилоти воқеӣ бинависам. Албатта, тариқи мақола аз мушкилиҳо мегӯем. Вале ба фикри ман, тавассути филми мустанад нақл кардани мушкилиҳо барои зудтар бартараф шудани онҳо мусоидат мекунад, ҳамчунин диққати аудиторияро бештар ҷалб менамояд ва боиси бархурди ҷиддитар ба ин гуна мушкилот мегардад. Ҳамин тариқ, ин идея аз ҷониби доварон дастгирӣ ёфт ва ман ин корро бояд шурӯъ мекардам. Аммо қаҳрамони аввалини ман барои наворгирӣ розӣ нашуд. Худаш зиёд мехост, вале шавҳараш зидди расонаӣ шудани чеҳраи ҳамсараш буд.

Ардашер Пайванд

Ҳамин тавр бояд гуфт, ки идеяи наворгирии чунин як филмро ба ман аввалан зани дигари аробакаш дода буд. Тасодуф аст ё не, онҳо ҳарду Санифамоҳ ном доранд. Ва ба назар мерасад, ки тақдирашон низ ба ҳам монанд будааст.

– Қаҳрамони асосӣ, яъне Санифамоҳи дигарро чӣ гуна пайдо кардед?

– Ростӣ, ёфтани қаҳрамон ва гирифтани розигии ӯ барои наворбардорӣ осон набуд. Баъди рад кардани қаҳрамони аввал намедонистам чӣ кор кунам. Идея тасдиқ шуда буд, лоиҳа бояд амалӣ мешуд. Аз ин кор даст кашидан ҳам хуб набуд. Масъулият водор намуд, ки қаҳрамони дигар пайдо кунам. Хеле ҷустуҷӯ кардам. Хабар ёфтам, ки дар маҳаллаи Советскийи шаҳри Душанбе якчанд зане ҳастанд, ки рӯзгорашонро бо аробакашиву зарфғундорӣ таъмин мекунанд. Бо яке аз онҳо ҳамсуҳбат шудам. Розӣ шуд, вале маълум шуд, ки қариб 2 ҳафта мешавад ба ин кор машғул аст. Ин зан қаҳрамони филм шуда наметавонад, зеро мушкилоти занони аробакашро бозгӯӣ карда наметавонист. Бо як зани дигар шинос шуда, гуфтугӯ кардам. Қарор додем, ки рӯзи дигар вомехӯрем ва раванди наворгириро машварат мекунем. Аммо он зан ба ҷойи таъйиншуда наомад, телефони дастияш ҳам хомӯш буд. Аз ноомадии кор ғамгин шуда, сӯйи хона ҳаракат мекардам, ки як зани аробакаши дигар аз пешам гузашт. Нохост апаи Санифамоҳ гӯён ба ҷониби ӯ шитофтам. Ӯ ҳайрон шуда, салом гуфт ва пурсид, ки номи ӯро аз куҷо медонам. Нохудогоҳ чунин садояш кардам. Ҳамин тариқ, бо ӯ шинос шудам. Давоми 1 соат суҳбат кардем ва ин зан аз зиндагии сангини худ бароям нақл кард. Гуфт, 60 000 сомонӣ қарздор аст ва ӯро чанд нафар қаллоб фиреб додаанд. Бо баёни чанде аз мушкилоти дигари худ барои қаҳрамон шудан дар филм розӣ шуд. Тақрибан 11 рӯз ӯро ҳамроҳӣ намуда, аз ҷараёни корҳои ҳаррӯзааш огоҳ шудам. Талош кардам аз ҳар ҷузъи зиндагияш бохабар шуда, дурустии ҳар гуфтаашро мушаххас кунам. Зеро кам нестанд нафароне, ки бо истифода аз дурӯғ мехоҳанд манфиат ба даст оранд. Борҳо ӯро аз ҳар нуқта пинҳонӣ наззора мекардам, то ҳеч чиз аз чашмам ниҳон намонад. Мехостам шоҳиди кори ҳаррӯзааш ва бархӯрди дигарон ба ӯ бошам.

– Пас бархӯрди дигарон ба кори ин зан чӣ гуна буд ва даромади ӯ чӣ миқдор буд?

– Зимни мушоҳидаҳоям медидам, ки рафтори дигарон ба ин зан хуб буд. Ҳатто баъзе мошинҳо дар наздаш истода, барояш чанд миқдор пул низ медоданд. Худи ӯ дар як рӯз бо кашидани азобу азияти зиёд аз дохили ҷӯбору партовгоҳҳо танҳо то 10 кг баклашка ҷамъ мекард. Минтақаи кори ӯ аз шаҳраки Гипрозем то маҳаллаи Советскийи пойтахт мерасид. Қаблан нархи 1 кг баклашка 1 сомонӣ будааст ва ҳоло бошад он 3 сомониро ташкил медиҳад. Аммо азбаски ӯ худ ароба надорад, маҷбур мешавад ҳар рӯз аробаеро бо нархи 10 сомонӣ киро кунад. Ҳамин тавр, музди ба дастовардаи ин зан дар давоми як рӯз 50-100 сомониро ташкил мекунад.

– Оё шумори чунин занони аробакаш зиёд аст?

– Ман бо занони аробакаш на танҳо дар Душанбе, балки дар Хуҷанд ҳам вохӯрдам. Моҳи сентябри соли 2022, вақте дар шаҳри Хуҷанд будам, занеро дидам, ки дучархаеро дар шакли аробача кор мефаромояд ва ба ҷамъ намудани зарфҳои пластикӣ машғул аст. Аз дидани ин ҳолат дар ин шаҳр ҳайрон шудам. Вақте бо ӯ суҳбат кардам, бароям маълум шуд, ки ду кӯдаки ҳамроҳашбуда набераҳояш мебошанд. Духтараш аз шавҳар ҷудо шудаю барои кор ба Русия рафтааст ва нигоҳубини фарзандонашро ба зиммаи модараш гузоштааст. Писараш бошад майзада будааст. Ин зан маҷбур шудааст худ бо анҷом додани ин кор “аробаи зиндагияшро” кашонад. Ҳамин тавр, фикр мекунам шояд дар дигар минтақаҳо низ чунин занони аробакаш зиёд бошанд.

Ҷараёни наворгирӣ, акс аз Ардашер Пайванд

– Ба андешаатон чаро ин зан, яъне қаҳрамони мустанади шумо барои наворбардорӣ иҷозат дод?

– Ин зан бисёр нотарсу шуҷоъ аст. Аз чизе ҳарос надорад. Зеро дар зиндагӣ ба шикастҳои зиёд рӯбарӯ шудаю ба доми чандин фиребгар афтодааст. Вақте ки ман дар бораи пешниҳодам ба ӯ гуфтам, ӯ дарҳол розӣ шуд. Фикр мекунам, чизе надорад, ки барои аз даст додани он тарсад. Падараш ҳам эътироз накард. Ӯ нисбат ба духтараш эҳтироми зиёд дорад. Дар тарбияи фарзандонаш бисёр сахтгир будааст. Баъзе занҳо аз ночорӣ даст ба танфурӯшӣ низ мезананд. Аммо ин зан тақводор ва ба фарзандону имони худ содиқ аст. Инро бо ҳамсуҳбат шудан бо ҳамсояҳои қаҳрамонам дақиқ кардам.

– Наворбардории филм чӣ гуна ҷараён гирифт ва дар раванди омода шудани он киҳо нақш доштанд?

– Ду ҳафтаи аввал ман танҳо ҳамроҳи қаҳрамон кор кардам. Бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, дар бораи кору зиндагияш маълумоти бештаре гирд овардам. Баъдан чанд рӯзе бо худ наворбардорро низ бурдам, то тарси ӯ аз дастгоҳи наворбардорӣ гум шавад. Яъне баъди ба мо одат кардани қаҳрамон охири моҳи июл ба наворбардорӣ шурӯъ кардем, ки он як ҳафта давом кард. Ду -се рӯзи аввал кори мо рӯзона анҷом меёфт. Рӯзҳои боқимонда кадрҳои шабонаро ба навор мегирифтем. Мӯҳлати лоиҳа 3 моҳро дар бар мегирифт ва мо танзимро охири моҳи август ба анҷом расонидем. Ҳамин тавр, мо лоиҳаро моҳи сентябри соли 2022 супоридем. Дар тими корӣ ба ҷуз аз ман наворбардор Наврӯз Саидов, садобардор Ҳомидҷон Ҳомидов, коргардони садо Хуршед Нуров, танзимгар Фирдавс Насруллозода ва мушовири филм Абдулҳай Зокиров низ буданд.

Акс аз Ардашер Пайванд

– Филм аввал дар Хуҷанд намоиш дода шуд. Баъдан дар Душанбе ҳам намоиши он доир гардид. Умуман баъди намоиши филм бо қаҳрамонатон дар тамос шудед?

– Баъд аз як ҳафтаи намоиши филм дар Хуҷанд ман ба ӯ занг задам. Қаҳрамони мо Санифамоҳ хабар дод, ки баъди 5 рӯзи намоиш аз мақомоти прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо ӯ тамос гирифтаанд, то дар бораи касоне, ки 60 000 сомонӣ маблағи ӯро бо ваъдаи хона харидан гирифта буданд, огоҳии бештар пайдо намоянд. Умедворам ҳарчи зудтар он қаллобон ҷазои худро мегиранд ва маблағи Санифамоҳро бармегардонанд.

– Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Нақшаи аввалинам дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба намоиш гузоштани филми «Зани рӯин» аст. Ҳоло барои чанде аз чунин ҷашнвораҳо дархост равон кардаам ва интизори натиҷа мебошам. Зиёд мехоҳам чун Сафарбек Солеҳ дар бораи чеҳраҳои мондагор дар таърихи миллии тоҷик филм ба навор гирам. Чун ман аз хурдӣ дар рӯҳияи миллӣ ба воя расидаам.

– Филми “Зани рӯин” кай ба тамошои озод гузошта мешавад?

– Тахминан баъди 1 сол ё шояд бештар аз он.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *