Лӯлиҳо дар YouTube. Дар Тоҷикистон дар бораи лӯлиҳо филм ба навор гирифта шуд

Деҳаи хурде дар ҷануби Тоҷикистон, мардон деворҳои хонаи лоинро мебардоранд, ҳама якҷоя кор мекунанд ва инро “ҳашар” меноманд, занҳо нонро дар танур гузошта ба нигоҳубини кӯдакон машғуланд. Як манзараи маъмулӣ, аммо диққати  ҳазорон тамошобинро дар YouTube ҷалб кардааст. Гурӯҳи филмбардорон дар деҳаест, ки он ҷо одамони ношинос хеле кам пайдо мешаванд ва сиганҳои Осиёи Марказӣ – лӯлиҳо зиндагӣ мекунанд.  Силсила барномаҳои ҳуҷҷатиро дар бораи ҳаёти лӯлиҳо телевизиони “Мавҷи Озод” бо гранти Internews дар Тоҷикистон ба навор гирифтааст.

Сиганҳои Осиёи Миёна, ки онҳоро дар минтақа лӯлӣ ё ҷугӣ ном мебаранд, дар Тоҷикистон тарзи зиндагии пӯшида доранд: дар ҷумҳурӣ танҳо чанд деҳа мавҷуд аст, ки он ҷо лӯлиҳо зиндагӣ мекунанд ва бегонаҳоро дар он ҷо пайдо  кардан ғайри маҳол аст. Ин халқият бо забони нофаҳмо (омехтаи забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ) ҳарф мезанад, тарзи ҳаёти пӯшида доранд ва дар атрофи худ як қатор афсонаву  устурахоро   ба вуҷуд овардаанд. Яке аз деҳаҳои калоне, ки дар он шумораи зиёди лӯлиҳо зиндагӣ мекунанд, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мебошад.

– Умуман, дар се деҳаи ин ноҳия тақрибан 15 ҳазор лӯлӣ зиндагӣ мекунанд. Издивоҷи омехта миёни тоҷикон ва лӯлиҳо вуҷуд надорад; тоҷикон бо лӯлиҳо муошират мекунанд, аммо барои меҳмони ба  деҳаи онҳо намераванд. Ин дар онҳо одат нашудааст, онҳо касеро ба деҳаи худ даъват намекунанд, – мегӯяд Рустам Бӯриев, директори телевизиони «Мавҷи Озод», муаллифи силсилаи барномаҳое, ки ба лӯлиҳо дар Тоҷикистон бахшида шудаанд.

«Мавҷи Озод» ягона шабакаи телевизиони хусусӣ дар ноҳияи Восеъ мебошад, ки бинандагонаш асосан дар Кӯлоб ва як қатор ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Рустам мегӯяд, ки онҳо кайҳо боз мехостанд дар бораи ҳамсоягони худ нақл кунанд, зеро медонистанд, ки  дар паҳлуи якдигар  зиндагӣ мекунанд, аммо дар бораи ҳамдигар чизе намедонанд.

-. Дар Тоҷикистон барнома ё лоиҳаҳое вуҷуд надоранд, ки аққаллиятҳои миллиро дастгирӣ кунанд, аз ин рӯ мо хостем ба одамон дар бораи зиндагии онҳо ва ба  ҳукумат дар бораи мушкилот ва ниёзҳои онҳо хабар диҳем. Аммо барои амали кардани нақшаҳои худ маблағ надоштем, бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки дар озмуни эҷоди контети ватанӣ, ки онро Internews Тоҷикистон дар оғози соли равон баргузор кард, иштирок кунем, – гуфт Буриев.

Дар озмун шабакаи телевизионии «Мавҷи Озод» ғолиб омада, грант ба даст овард ва ба наворгирӣ оғоз кард. Дар маҷмӯъ шаш ҳикояи видеоӣ сабт шуд, ки давомнокиашон аз 6 то 15 дақиқа  буда, аллакай ба эфир баромаданд ва инчунин дар YouTube-канали «Мавдҷи Озод»  нашр  шуданд. Бо вуҷуди он ки танҳо 11,5 ҳазор ба ин канал обуна ҳастанд, аудиторияи лоиҳа аллакай аз 300 ҳазор нафар ҳам зиёдтаранд.

Лӯлиҳои тоҷик бо кадом роҳ рӯз мегузаронанд?

Рустам Буриев мегӯяд, ки гирифтани розигӣ барои сабт дар деҳаҳои лӯлиҳо осон набуд.

– Онҳо намехоҳанд бо касе муошират кунанд, алалхусус бо журналистон. Мо назди пирони онҳо рафтем, сӯҳбат кардем ва ба онҳо фаҳмондем, ки мехоҳем дар бораи фарҳанг ва анъанаҳои онҳо сӯҳбат кунем, то одамони гирду атроф дар бораи лулиҳо ҳархел афсонаҳоро набофанд. Гузашта аз ин, ҳоло бисёр ҷавонони ин деҳаҳо дар Русия кор мекунанд ва мо ба онҳо фаҳмондем, ки лулиҳое, ки дар муҳоҷират ҳастанд, метавонанд бо ин восита ватани худро таввасути YouTube тамошо кунанд. Ин далелҳо ба онҳо таъсир карданд ва пирон барои наворгирии филм иҷозат дода, дар бораи ҳаёти худ сӯҳбатро шуруъ карданд, – мегӯяд Буриев.

Ҳангоми наворбардорӣ маълум шуд, ки мушкилоти лӯлиҳо ба мушкилоти  тамоми тоҷикон монандӣ дорад: бекорӣ, пул намерасад. Гузашта аз ин, рӯзноманигорон муайян карданд, ки агар насли калонсоли лӯлӣ бо роҳи талбандагӣ пул ёбад, пас ҷавонони лӯлӣ бо роҳи ба ҳамаи тоҷикон маъмул(муҳоҷират) даромад ба даст меорад.

-Онҳо ба муҳоҷират ба Русия мераванд, он ҷо дар иншоотҳои сохтмонӣ кор карда ба ватан бармегарданд ва барои худ бо усули ҳашар хона месозанд (тамоми деҳа) ё мусофиронро аз Кӯлоб ба Душанбе ва баръакс интиқол медиҳанд ва ё савдо мекунанд, дар маҷмӯъ мисли диагр тоҷикистониён кор мекунанд, – мегӯяд Буриев.

Аммо, дар яке аз се деҳаи лӯлиҳо- Туғарак як чизи ғайриоддӣ, ки ба деҳаҳои хурди маъмулӣ хос  нест, ба назар мерасад: онҳо дастаи футболи худро бо номи «Камерун» доранд, ки дар қаламрави кишвар барои рақобат мераванд ва ҳатто рақибонро дар майдонҳояшон мағлуб мекунанд. Аммо, бачаҳои “Камерун” майдони футболи худро надоранд, онҳо дар варзишгоҳи мактаби деҳаи ҳамсоя тамрин мекунанд. Бачаҳое, ки ба гурӯҳ шомил шудан натавонистаанд, дар майдони кишт, то оғози мавсими кишт футболбозӣ мекунанд.

Илова ба майдонҳои варзишӣ, ҷавонони лулӣ боз ба мактабҳо ниёз доранд.

– Дар деҳаҳои лӯлиҳо мактабҳо вуҷуд надоранд ва бо кӯдакони тоҷик таҳсил кардан барои онҳо душвор аст. Волидонашон низ онҳоро барои  таҳсил чандон маҷбур намекунанд; ин яке аз мушкилоти калонтарин барои ин мардум аст, – чунин мешуморад  Буриев.

Дар сюжет оид ба мавзӯи таҳсилоти лӯлиҳо таҳиягарон аз «Мавҷи Озод» мегуянд, ки  мактаб аз деҳаҳое, ки лӯлиҳо  зиндагӣ мекунанд, дур нест, – дар деҳаи Мирзо Вайсов, ки мактаби нӯҳсола ҳаст ва кӯдакони тамоми ноҳия он ҷо таҳсил мекунанд. Аммо фарзандони лӯлӣ ба он бо дили нохоҳам мераванд. Масалан, охирин хонанда  аз деҳаи лӯлиҳо ин мактабро соли 2017 хатм кардааст.

Назму тартиб дар хонаводаи лулиҳо, мисли аксар оилаҳои тоҷикон аст: занон хона ва кӯдаконро назорат мекунанд, мардон бошанд барои маоши зиндагӣ кор мекунанд. «Мард сардор дар хона ва ҳам дар ҳама ҷои дигар. Зан ҳамчун сардор? Албатта, мард сардор аст», – мегӯяд яке аз қаҳрамонони сюжет дар бораи арзишҳои

оилавии лӯлиҳо. Ҳар рӯзи якшанбе, занон барои тамоми оила палав мепазанд, мардон бо усули ҳашар хона месозанд, дар маҷмӯъ, барои Тоҷикистон чизи наве нест,зеро лӯлиҳо дар тӯли садсолаҳо дар ин минтақа ҳама расму анъанаҳои маҳаллиро қабул кардаанд ва дар ҳамин бора ба «Мавҷи Озод» нақл мекунанд.

Аммо таърихи лӯлиён аз тоҷикон тамоман фарқ мекунад: фарзияе мавҷуд аст, ки лулиҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди лулиҳои Аврупо, аз Ҳиндустон омадаанд. Худи лӯлиҳо ба таърих аҳамият намедиҳанд ва кӯшиш мекунанд ки бо воқеъият зиёдтар алоқаманд бошанд.

-Мо аз тамошобинон  вокунишҳои хуб гирифтем, барои мардум тамошои барнома ҷолиб буд, – мегӯяд Буриев. – Хушбахтона, мо ҳеҷ гоҳ дар заминаи қавмӣ муноқишаҳо надоштаем, касе инро  ёд надорад, аммо дар бораи ҳамсоягони худ чизе надонистан низ хуб нест, бинобар ин, мо тасмим гирифтем дар бораи онҳо нақл кунем. Бояд қайд кард, ки сюжетҳои мо барои хабарнигорони телевизионии дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ ҷолиб буданд ва мо бо онҳо контенти худро мубодила кардем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *