Муаллимон дар Тоҷикистон саводнокии расонаиро меомӯзанд

Маркази cаводнокии расонаӣ дар назди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДМТ) кушода шуд, ки дар он ба омӯзгорон, аспирантҳо, магистрҳо ва донишҷӯён чӣ гуна сарфаҳм рафтан ба иттилоот ва рушд додани тафаккури интиқодиро меомӯзонанд.

«Саводнокии расонаӣ бояд ҳамчун фанни асосӣ ҷорӣ карда шавад, зеро имрӯз ҳама омӯзгорон ва донишҷӯён дастрасии номаҳдуд ба иттилоот доранд, аммо  на ҳама ба он дуруст сарфаҳм мераванд», – мегӯяд профессор Ҷовид Муқим, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДМТ).

Ҳамтои ӯ, номзади илмҳои филологӣ Кутбиддин Мухторӣ илова мекунад:

– Муаллимони мо дар бораи саводнокии расонаӣ тренингҳои зиёдеро гузаштаанд, аммо донистани он, ки саводнокии  расонаӣ чист як кору доштани малакаҳои далелсанҷӣ кори дигар  аст. Ҳамкорони мо ба таври интуитивӣ   ҳақиқат дар куҷо ва дар  куҷо будани дурӯғро барои худ муайян карда метавонанд, аммо баъзан барои таъмини эътимоднокӣ ва барои фаҳмидан, ки маълумот дуруст аст ё не, онро тафтиш карда лозим аст, – мегӯяд ӯ.

Акнун ҳарду муаллим дар Маркази махсуси саводнокии расонаӣ дарс мегузаронанд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назди  факултаи рузноманигории ДМТ кушода шудааст. Ҳоло дар ин ҷо танҳо тренинги тематикии дуюм барои омӯзгорон, аспирантҳо ва магистрантҳо гузаронида мешавад. Дар давоми машғулиятҳо, иштирокчиён худи мафҳуми саводнокии расонаӣ, қолабҳои нави контенти расонаӣ, тарзи гузарондани далелсанҷӣ ва усулҳои сохтани методҳои интерактивиро барои дарсҳои ояндаи худ оид ба саводнокии расонаӣ меомӯзанд.

«Мутаассифона, ҳатто рӯзноманигорон дар Тоҷикистон на ҳамеша  саводи расонаӣ доранд, – мегӯяд Кутбиддин Мухторӣ. – Агар онҳоро аз рӯи ҷадвали панҷбалла баҳогузорӣ кунем, ман ба онҳо баҳои 2,5 медодам. Масалан, вақте ки нашрияҳо аксро аз Интернет бидуни нишон додани манбаъ истифода мебаранд – ин ҳам нишонаи норасоии саводнокии расонаӣ мебошад”.

Дар Тоҷикистон, мавзӯи саводнокии расонаиро ҳамасола дар ҳафтаи Умумиҷаҳонии саводнокии раснаӣ ва  иттилоотӣ, ки аз 24 октябр то 31 октябр баргузор мешавад, мавриди муҳокима қарор хоҳанд  дод. Чорабинии мазкур дар саросари ҷаҳон иштирокчиёни мухталифро барои пешбурди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ ҳамчун роҳи тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ ҷамъ меорад. Дар ин рӯзҳо, дар Маркази саводнокии расонаӣ дар ДМТ омузиши мавзуии  сеюм барои донишҷӯёни факултаи рузноманигорӣ баргузор мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *