5 лоиҳаи назарраси хакатон дар Душанбе

Сервисе, ки то кадом андоза  фотошоп шудани аксро муайян мекунад; сомонаи дорои кликбайтҳо, ки корбаронро барои зудбовариашон каме дар хиҷолат мемонад ва ҳамчунин бозиҳои дективӣ ва тестҳое, ки сатҳи саводнокии расонаии шуморо нишон медиҳанд, – маҳсули  андешаи мактаббачагон, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон-иштирокчиёни хакатон дар Душанбе аст.

Дар хакатони Душанбе 25 ҷавон ҷамъ шуданд ва тавонистанд дар тӯли ду рӯз лоиҳаҳои ҷолибро таҳия кунанд. Мавзӯи хакатон саводнокии расонаӣ буд ва ба иштирокчиён лозим омад, ки лоиҳаҳоеро таҳия кунанд, ки ба корбарони Интернет дар сарфаҳм рафтан ба ин мавзуъ кӯмак мекунанд. Дар натиҷа, панҷ гурӯҳ панҷ лоиҳа сохтанд, ки минбаъд низ корашонро идома медиҳанд ва  аз маҳсулоти худ маблағ ба даст меоваранд. Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон чунин кор собиқа надорад, бачаҳо чунин шонсро доранд. Худатон қазоват кунед.

Дастаи Smart Tech, лоиҳаи Портали SmartTech

Гурӯҳи «Smart Tech», ки аз панҷ иштирокчӣ (ҳама мутахассисони ҷавони соҳаи IT) иборат аст, дар як вақт ду лоиҳа пешниҳод кард. Якум барномаест, ки бо он корбар метавонад бисанҷад, ки аксҳо тағйир  дода шудаанд ё не ва  маҳз кадом  қисмати аксро тасҳеҳ кардаанд. Комрон Мирализода, узви дастаи Smart Tech гуфт, ки ин лоиҳа аз сифр  шуруъ  нашудааст ва пеш аз хакатон, бачаҳо аналогҳо ва таҷрибаи одамони дигарро омӯхта, талош карданд, ки лоиҳаи худро бисозанд. Барои дастрасии озод ба барнома, шумо бояд инфрасохторро байни корбар ва сервер  муназзам кунед;  даста нақша дорад, ки дар рӯзҳои наздик  ба ин кор машғул шавад. Корбарони  асосии барнома рӯзноманигорон ва алахусус далелсанҷон мебошанд, ки метавонанд  аксу тасвирҳои шубҳанокро дар шабака тафтиш кунанд.

Лоиҳаи дуюм ҳамчунин барномаест, ки дар он корбарон  метавонанд  аз озмоишҳои махсус оид ба саводнокии расонаӣ гузаронанд. Натиҷаҳои  озмоиш дар сервери махсус нигоҳ дошта мешаванд. Гурӯҳ боварӣ дорад, ки бо истифода аз ин барнома, муаллим метавонад афзоиши  сатҳи рушди донишҷӯёни худро пайгирӣ кунад.

Дастаи  «Smart Pupil», лоиҳаи “Худро бисанҷед”

Ин гурӯҳ аз шаш нафар – рӯзноманигорон, мутахассисони ТИ, як ҳуқуқшинос ва ҳатто як донишҷӯ дорад. Бачаҳо чунин бозиро пешкаш карданд: корбар ҷинси “қаҳрамони”и худро  (писар ё духтар) ва номашро худ интихоб мекунад ва баъд ба вазъияте уро дучор мекунонад, ки гуё Интернеташ тамом шуд ва қаҳрамон мекӯшад пароли шабакаи ҳамсояро пайдо кунад ва  дӯсташ ба ӯ, бо додани саволҳо дар бораи саводнокии расонаҳо ва амнияти интернет  кумак мекунад. Дар охири бозӣ парол ёфт мешавад, аммо ҳамсоя  ҳануз Интернет надорад ва таҳиягарон бозигаронро насиҳат мекунанд ва мегӯянд, ки пайвастшавӣ ба шабакаҳои одамони дигар хуб нест. Ниҳоят, корбар натиҷаи санҷиши худро мегирад ва онро бо натиҷаҳои иштирокчиёни дигар муқоиса мекунад.

Узви даста, Зоҳир Зуҳуров, шарҳ медиҳад, ки бачаҳо ин бозиро барои он ихтироъ кардаанд, ки  ҳангоми посух додан ба саволҳо, масалан, дар бораи он, ки оё ба тамоми  аккаунтҳои худ гузоштани  як парол мумкин аст, одамон ҳадди ақалл дар бораи амнияти Интернет фикр кунанд. Зоҳир мегӯяд, ки ин бозӣ минбаъд рушд хоҳад ёфт; дар оянда гурӯҳ ба нақша гирифтааст, ки варианти (гузинаи) тоҷикии онро ҳам бисозад. Бо лоиҳа шумо метавонед дар ин ҷо ошно шавед.

Гурӯҳи «Тринити», Лоиҳаи MEG.BCB.TJ/MEDIALITERACY

Тасаввур кунед: шумо лентаи хабарҳро мехонеду ногаҳон  сарлавҳаеро пайдо мекунед, ба монанди “Як зани овозхони Тоҷикистон  ҳама чизро хеле ошкоро нишон дод”, линк(пайванд)-ро пахш мекунед ва дар сомонаи сеюме  ворид мешавед, ки ба шумо мегӯяд, ки  дохили кликбайт шудаед ва хуб мебуд, ки саводноктар бошед . Ғайр аз он, пеш аз ворид шудан ба сомона, система аз корбари зудбовар оид ба баъзе маълумотҳо мепурсад ва сипас дар бораи ғайри қобили қабул будани интиқоли маълумоти шахсӣ ба захираҳои номаълум ишора мекунад. Ин лоиҳаи гурӯҳи «Тринити», аст. Яке аз иштирокчиёни он, Умед Аҳмадов мегӯяд, ки лоиҳа барои пул ба даст  овардан зарфияти калон дорад, зеро дар он фоизи иштирокчиён баланд хоҳад буд. Илова бар ин, таҳиягарон умедворанд, ки онҳо ба корбарон дар амал чӣ будани кликбейтр мефаҳмонанд.

Ин лоиҳа низ дар ҳоли коркард аст, даста ба нақша гирифтааст, ки дар ояндаи наздик онро дар дастарсии умум гузорад.

Гурӯҳи Насли нав, барномаи «Гигиенаи иттилоотӣ»

Гурӯҳи иборат аз панҷ нафар (барномасозон ва як омӯзгори ҷавони донишгоҳ) барномаеро таҳия кардаанд, ки тавассути он корбарон дидан метавонанд, ки ин ё он маълумот аз ҷониби далелсанҷон тафтиш шудааст ё на. Узви даста Шодмон Разимов гуфт, ки алҳол барномаи онҳо танҳо маълумотро дар дохили Тоҷикистон санҷида метавонад, яъне бо далелсанҷоне, ки дар кишвар кор мекунанд. Баъдтар, таҳиягарон нақша доранд, ки фарогирии худро васеъ кунанд ва кори далелсанҷони дигар   кишварҳо ҳам тафтиш кунанд. Дар худи ҳамон барнома тест барои саводнокии расонаӣ мавҷуд аст, ки интихоб миёни ҳақиқат ва фейкро пешниҳод мекунад ва рейтинги иштирокчиёнро нишон медиҳад.

Дастаи “Gen Tech, лоиҳаи «Ҷинояткорӣ дар Смолвил»

Ва ҷавонтарин даста -“Gen Tech”  аз хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11  иборат мебошанд. Онҳо бозии детективиеро пешкаш карданд, ки дар он корбарро дар содир намудани ҷиноят айбдор мекунанд ва ӯ бо кӯмаки луқмаву маслиҳатҳо дар бораи бегуноҳияш аз шабака далел ҷамъоварӣ мекунад. Дар бозӣ иштирок карда, корбар бо сарчашмаҳои гуногуни иттилоот дар Интернет шинос мешавад ва мекӯшад, ки  ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунад. Узви даста, хонандаи синфи 9 Ёқуб Аҳмедов мегӯяд, ки  аудиторияи онҳо наврасоне хоҳанд буд, ки бо забонҳои англисӣ ва русӣ ҳарф мезананд. Сенарияи бозиро худи бачаҳо навиштаанд, аммо кор ҳанӯз ба анҷом нарасидааст; бачаҳо кори худро дар лоиҳа идома медиҳанд.

Аз рӯи натоиҷи хакатон се даста мукофотҳои пулӣ гирифтанд. Ҷойи аввал ба дастаи Smart Pupil, ки ба он сертификат бо маблағи панҷ ҳазор сомонӣ супурда шуд, ҷои дуюм ба бачаҳои Smart Tech (сертификат  ба миқдори се ҳазор сомонӣ) ва ҷои сеюм ба дастаи «Тринити»  ва ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷоиза дода шуд.

Хакатон аз ҷониби Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет (ОФ ГИПИ) гузаронида шуд ва  он ба саводнокии расонаӣ тавассути абзорҳои интерактивии рақамӣ бахшида шудааст. Ҳадафи хакатон мусоидат ва беҳсозии муҳити расонаҳо  тавассути рушди абзорҳои интерактивии рақамӣ аст, ки ба истеъмоли интиқодии иттилоот ва баланд бардоштани савияи саводнокии расонаӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон равона  шудааст.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *