Ҷавонони дорои хусусиятҳои вижаи руҳӣ дар Тоҷикистон касбҳои навро аз худ мекунанд

Ҳар рӯзи шанбе ду ҷавон Равшан ва Шаҳриёр ба тарабхонаи туркии “Sait Efendi” дар Душанбе ба кор меоянд. Онҳо мизҳоро омода намуда, дар бахши тайёр кардани хӯришҳо кор мекунанд. Кори онҳо зуд ба охир мерасад ва он душвор намебошад. Бояд қайд кард, ки Равшан ва Шаҳриёр, шояд, аввалин ҷавонони дорои хусусиятҳои вижаи руҳӣ дар Тоҷикистон мебошанд, ки таҷрибаомӯзиашонро дар як тарабхонаи воқеии калон мегузаронанд.

Тарабхонаи “Sait Efendi” дар Душанбе монанди ҳар тарабхонаи туркӣ хеле серодам ва пурғавғо мебошад. Дар ин ҷо ҳамеша меҳмонон, пешхизматҳо бисёр ҳастанд ва он ошхонаи боз аст. Равшан ва Шаҳриёр ҳар рӯзи шанбе барои кор ба ин тарабхона меоянд. Ҳар ду ҷавон дорои таҷрибаи корӣ дар ин соҳа мебошанд, вале он дар як қаҳвахонаи хурди иҷтимоӣ  “Дар як замин” ба даст омада буд, ки кормандони он дорои хусусиятҳои вижаи рӯҳӣ мебошанд ва меҳмонон аксари вақт падару модарони онҳо ҳастанд. Дар тарабхонаи “Sait Efendi” ҳама чиз ба таври дигар аст.

– Вақте ки мо бори нахуст ба тарабхона омадем, он ҷо воқеан одам бисёр буд ва мо даступо хурдем, вале ман дар паҳлӯи Равшан будам. Каме дертар аз тарабхона берун баромадам, ӯро бо мураббӣ гузоштам ва писарам ором буд. Агар ӯ нисбат ба худ муносибати дӯстонаро бинад, вай омода аст ҷони худро бидиҳад! Дар тарабхонаи “Sait Efendi” ба мо чунин муносибат мекунанд – ҳамаи кормандон бисёр хайрхоҳу меҳрубон ҳастанд, ҳатто ошпазҳо – туркҳо барои салом кардан бо мо берун мебароянд. Ин хеле хуб аст. Аз ин рӯ, Равшан ин ҷойро бисёр дӯст дошт, мегӯяд модари Равшан Муҳаббат Искандарова.

Равшан ва Тоҷиддин, Лиму Медиа

Равшан ва Шаҳриёр ба тарабхонаи “Sait Efendi” ба туфайли лоиҳаи «Наставники» омаданд, ки онро «Лиму Медиа» ва созмони ҷамъиятии «ИРОДА» амалӣ мекунанд. Онҳо барандагони озмуни грантҳо барои лоиҳаҳо оид ба ҷалби аудитория (мухотабон) мебошанд, ки онро Internews дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2021 эълон карда буд. Барои шарикон ин идомаи лоиҳа мебошад. Онҳо дар соли гузашта ҳамчунин дар байни иштироккунандагони беҳтарини озмун буданд ва лоиҳаи «Наставники»-ро роҳандозӣ карданд. Муносибат ба кор каме тағйир ёфт, вале маъно ҳамон тавр боқӣ монд.

– Бошандагони бомуваффақияти Душанбе ба одамони дорои хусусиятҳои вижаи рӯҳӣ барои мутобиқ шудан дар ҷомеа кӯмак мекунанд ва рӯзноманигорон дар бораи ин қиссаҳо нақл мекунанд. Дар ҳоли ҳозир мо панҷ гурӯҳи фаъоли “мураббӣ – шогирд” дорем ва ду гурӯҳи дигар омода мешаванд. Бар хилофи соли гузашта, имсол бизнес ба лоиҳа ҳамроҳ шуд, ки барои мо бисёр муҳим аст, зеро мо умедвор ҳастем, ки дар оянда одамони дорои хусусиятҳои вижаи рӯҳӣ метавонанд дар Тоҷикистон дар созмонҳои тиҷоратӣ барои худ кор пайдо намоянд. Лоиҳаи «Наставники» ҳамчунин кӯшиши ба бизнес нишон додани қобилияти ба бисёр чиз қодир будани баччаҳои мо мебошад, мегуяд ҳамоҳангсози лоиҳаи «Наставники» аз созмони ҷамъиятии «ИРОДА» Зӯҳро Сафарова.

Ӯ мегӯяд, ки намунаҳои ба таври огоҳона ба кор қабул кардани одамони дорои маъюбияти рӯҳӣ дар Тоҷикистон дар тӯли солҳои кори созмони ҷамъиятии «ИРОДА» (10 сол) вуҷуд надоштанд. Аксари вақтҳо онҳо дар назди хешовандон ё созмонҳои махсус ба кор машғул мешаванд.

– Хоҳишмандон хеле зиёданд. Онҳо мехоҳанд кор кунанд ва маош гиранд. Дар қаҳвахонаи иҷтимоии мо се ҷавон кор мекунанд ва шаш ҷавони дигар дар ҳоли таҷрибаомӯзӣ мебошанд. Мутаассифона, мо бештар аз ин ба кор қабул карда наметавонем – имконотҳо маҳдуд ҳастанд. Мо аз ҳамаи мураббиёни худ бисёр миннатдор ҳастем, ки ба мо бовар карданд ва ба мо чунин дастгирии муҳимро пешниҳод намуданд”, мегӯяд Зӯҳро.

Боварӣ ба лоиҳаи «Наставники» нақши асосиро мебозад. Дар тарабхонаи “Sait Efendi” ҳаргиз бо одамони дорои хусусиятҳои вижаи рӯҳӣ кор накардаанд, вале ҳоло тамоми кормандони ин тарабхона ба кор бо Равшан ва Шаҳриёр ҷалб шудаанд.

– Арзиши иловагии кор пайдо шуд. Кормандони мо ба бачаҳо кӯмак мекунанд, ки бо муҳити кор ошно шаванд, ба онҳо корро ёд медиҳанд ва барои онҳо масъул мебошанд. Ба таври ошкор эътироф мекунам: дар ибтидо кормандон аз идеяи кор бо ин гуна бачаҳо нигарон буданд, аммо, пеш аз ҳама, мо ба онҳо фаҳмондем, ки ин беморӣ нест, балки хусусияте аст ва мо бояд ба Равшан ва Шаҳриёр кӯмак кунем, ки дар ҷомеа худро боз намоянд ва истеъдодҳои худро нишон диҳанд, мегӯяд мудири тарабхонаи “Sait Efendi” Тоҷиддин Ҷалолов, роҳнамои Равшан ва Шаҳриёр.

Равшан, Лиму Медиа

Бачаҳо ҳар рӯзи шанбе ба тарабхона меоянд, дар ин ҷо чанд соатро сипарӣ мекунанд, сипас хӯроки нисфирӯзӣ мехӯранд ва ба хона бармегарданд. Дар тӯли тақрибан ду моҳи роҳнамоӣ, онҳо тарзи омода кардани мизҳо ва кор дар бахши омодасозии хӯришҳоро ёд гирифтанд. Бачаҳо аллакай дорои таҷрибаи кор дар қаҳвахонаи иҷтимоӣ мебошанд ва мутобиқи суханони Тоҷиддин, онҳо натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд ва ҳар дафъа корро беҳтар иҷро мекунанд.

– Таҷрибаи кории Равшан дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Дар як замин” дар назди созмони ҷамъиятии «ИРОДА» аллакай ду сол аст, вале чанде пеш аз ӯ пурсиданд, ки дар куҷо кор мекунад ва ӯ дилпурона ҷавоб дод, ки ӯ дар тарабхонаи “Sait Efendi” кор мекунад, мегӯяд Муҳаббат.

Равшан ва Тоҷиддин, Лиму Медиа

Якҷо бо тарабхонаи “Sait Efendi”, имсол боз ду созмони тиҷоратӣ дар лоиҳа иштирок мекунанд – ширкати клинингии (тозакунии) «Тотал Сервис» ва нашриёти «Дунёи Нав». Ғайр аз ин, навозанда Зебо Қоирова, варзишгар Аҳрор Қосимов, ҳунарманд Фирӯза Каримова, хореограф Умеда Бозорова, рассом Аскарҷон Аминов, дизайнер Ситора Солеҳова ҳамчун мураббиён амал мекунанд. Ҳар мураббӣ бо шогирдони худ мубодилаи малакаҳои муфид мекунад, вале муҳимтар аз ҳама бо онҳо тамос барқарор мекунанд, ба онҳо барои мутобиқ шудан дар ҷомеа ва берун шудан аз доираи ҷомеаи худ кӯмак мерасонанд.  

“Албатта, мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудем – пас аз мулоқот бо шогирдон, чанд мураббӣ аз идомаи кор бо онҳо даст кашиданд, мегӯяд Зӯҳро. – Ва мо одамон, серкории онҳоро мефаҳмем, аммо барои бачаҳои мо ин фоҷиа буд. Кӯдакони мо бисёр ҳассос ҳастанд ва лоиҳаи «Наставники» барои онҳо яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар ҳаёти онҳо аст. Онҳо ба мураббиён сахт дил мебанданд. Хушбахтона, мураббиёни боқимонда ба онҳо бо ҳамон як эҳсосот муносибат мекунанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *