Форум-дебатҳои СИР дар ҷануби Тоҷикистон

Пайрав Саидов омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба мавзуъи СИР дар шаҳри Кӯлоб форум-дебатҳо баргузор кард. Дар умум, 6 форум-дебатҳо гузаронида шуданд. Дар ҳар дебат як мавзуъи СИР баррасӣ гардид. Дар ҷамъбасти дебатҳо бошад, онлайн-квизҳо доир шуданд. Ба гуфтаи Пайрав, дар ҳар дебатҳо қариб 50 кас ширкат мекарданд. Дебатҳо тариқи офлайн доир шуданд, ҳама қоидаҳои бехатариву санитарӣ риоя мегашт. Инчунин хоҳишмандон ба форум-дебатҳо тариқи онлайн мепайвастанд.  

Пайрав Саидов як омӯзгори Донишгоҳи Давлатии Кулоб буда, дар ин шаҳр зиндагӣ ва фаъолият дорад. Ба ғайр аз омӯзиши донишҷӯёнаш, ҳамчун мутахассиси пешбар дар “Маркази рушди касбият ва инноватсия”-и шаҳри  Кӯлоб кор мекунад. Аз соли 2005 инҷониб, яъне 16 сол боз бо ташкилу гузаронидани дебатҳо машғул аст. Ба ақидаи ӯ, махсус дебатҳо сабаби инкишофи тафаккури интиқодианд, ки яке аз донишҳои СИР ба ҳисоб рафта, дар зиндагӣ барои ҳар як шахс лозиманд.

“Мисол мо барои суҳбат дар ягон ташкилот даъват мешавем. Он ҷо агар фикру ақидаи худро дурусту кӯтоҳу фаҳмо баён кунем, албатта ба кор қабул карда мешавем. Дебатҳо нахуст нутқронӣ ва баён намудани мавқеъи худро ба мо меомӯзонанд”, – мегӯяд Пайрав.

Инчунин ӯ дар ин ақида аст, ки барои дебатери хуб шудан, донишҳои саводнокиву иттилоотиро хуб омӯхтану донистан ҳатмӣ аст. Зеро принсипҳои ин ду чиз алоқамандии зич доранд.

“Принсипҳои асосии дебат ин ростқавлӣ, бисёр донистану хондан ва якдигарро эҳтиром кардан аст. Тавре мегӯянд, дебатҳо зиёд чизҳоро меомӯзонанд. Ин комилан дуруст аст ва ман дар таҷрибаи худ бо ин рӯ ба рӯ гаштаам. Принсипи дигари асосии дебатҳо ин дуруст фикр ронда, онро пешниҳод кардан мебошад. Ва ин ҷо сухан дар бораи тафаккури интиқодӣ меравад. Ин сабаб шуд, ки ман ба мавзуъи СИР рӯ овардаму форум-дебатҳо доир кардам”- мегӯяд, Пайрав Саидов, муаллифи лоиҳаи форум-дебатҳои СИР.

Акс аз бойгонии Пайрав Саидов

Пайрав тасмим гирифт, идеяи лоиҳаи худро ба  озмуне, ки Internews дар охири соли гузашта эълон карда буд, пешниҳод намояд. Аз довталабони озмун талаб карда мешуд, ки ғояи лоиҳаҳои СИР-и худро пешниҳод кунанд; муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин ба Эдютон -2021 даъват карда шуданд. Лоиҳаи Пайрав низ хуш пазируфта шуд. Ҳамин тавр, ӯ ба семинари инноватсионии СИР- Эдютон -2021 роҳ пайдо кард. Баъдан идеяи ӯ дар семинар бо коршиносону менторон сайқал дода шуда, ғолиб баромад ва ба даҳгонаи беҳтарини озмуни грантӣ ҷой гирифт.

Пайрав устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аст ва лоиҳа низ миёни донишҷӯёнаш баргузор гардид. Аудиторияи асосӣ ин ҷавонону донигшҷӯёни шаҳри Кӯлоб буданд. Дар умум, 6 форум-дебатҳо баргузор шуданд, ки шаш мавзуъи СИР-ро дар бар мегирифтанд. Он мавзуъҳо дар ҷараёни дебатҳо баррасӣ мегардиданд. Барои мисол, як форум дебат дар бора кибер бехатарӣ буд. Се гурӯҳ дар дебатҳо ширкат мекарданд: як гурӯҳ далелҳо меоварданд, гурӯҳи дигар он далелҳоро инкор мекарданд. Ҳамзамон гурӯҳи 3- юм мавҷуд буд, ки гурӯҳи аввалро дастгирӣ мекард. Баъдан сухан ба коршинос дода мешуд. Коршинос миёни 15 дақиқа ба мавзуъи баррасишуда равшанӣ меандохт. Дар охири форум-дебатҳо бошад, онлайн-квизи СИР доир мешуд, ки на танҳо иштирокчиёни офлайнӣ, балки  онлайн ширкаткунандагон низ метавонистанд ба баҳс ворид шуда, донишҳои СИР-и худро бисанҷанд.

“Вақте мо форум-дебатҳоро доир мекардем, замони коронавирус буд. Мо ҳамаи қоидаҳои бехатарии санитариро риоя карда, то 40-50 кас барои форум дебатҳо ҷамъ меомадем. Инчунин, дар саҳифаи Facebook – иамон пахши мустақим доштем. Тариқи онлайн бисёр касон ба мо мепайвастанду дар онлайн квизи мо ширкат доштанд”, – қайд кард, Пайрав Саидов.

Имсол Эдютон-2021 тариқи онлайнӣ доир гардид. Ва Пайрав мегӯяд, ки ташкили чорабиниҳои онлайнӣ барояш каме мушкил буданд. Вале вақте коршиносону менторони семинар чӣ гуна сохтани онлайн-квизҳоро омӯзониданд, барояш як таҷрибаи ғанӣ ва зарурӣ буд.  Зеро бештар он лоиҳаҳое, ки онлайнӣ доир мешуданд, дар Эдютони навбатӣ бартарӣ доштанд.

“Ростӣ тариқи абзорҳои ройгон сохтани квизҳо барои ман тамоман ношинос буд. Дар ҷаласаҳои Эдютон ширкат кардам ва мураббиён ба мо ин донишҳоро омӯзониданд. Барои ман аз ҳама таҷрибаи зарурӣ ин сохтани онлайн-квизҳо тариқи барномаҳои ройгони интернетӣ буд”,- қайд кард Пайрав.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *