Internews дар Тоҷикистон озмуни грантҳо барои тавлиди муҳтавои аудиовизуалӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро эълон мекунад

Internews дар Тоҷикистон озмуни кушоди грантҳо барои тавлиди муҳтавои аудиовизуалӣ доир ба пешгирии қочоқи одамон, инчунин муҳоҷирати бехатарии дохилию хориҷӣ эълон мекунад.

Дархостҳо то 31 октябри соли 2021 то соати 24:00 (бо вақти Душанбе) қабул карда мешаванд.

Кӣ метавонад дархост диҳад?

Internews расонаҳои мустақил, созмонҳои ҷамъиятӣ ё студияҳои тавлидии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабтиномшударо, ки таҷрибаи эҷоди муҳтавои босифати аудиовизуалӣ (намунаи корҳо муҳим аст), фаҳмиши мушкилоти қочоқи одамон, инчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати бехавфро доранд, барои иштирок дар озмуни грантҳо дар заминаи таҳияи муҳтавои мавзӯии аудиовизуалӣ дар Тоҷикистон даъват мекунад

Мавод бояд чӣ гуна бошад?

Озмун барои истеҳсолкунандагони муҳтавои аудиовизуалӣ таҳия шудааст, ки омодаанд лоиҳаҳои худро дар шакли филми кӯтоҳмуддати ҳуҷҷатӣ, гузориши махсус, мусоҳибаҳои видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ё клипҳо бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ иҷро кунанд. Довталабон метавонанд формати шахсии худро барои истеҳсоли муҳтавои аудиовизуалӣ пешниҳод намоянд.

Мавзӯи лоиҳаҳо бояд ба пешгирии қочоқи одамон, инчунин ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатарии дохилӣ ва хориҷӣ бахшида шавад. Истеҳсолкунандагони муҳтаво метавонанд ба кашфи саргузаштҳои шахсии одамон, ки мушкилот ва хатарҳои муҳоҷиронро инъикос менамоянд, тамаркуз кунанд.

Мухотабони (аудиторияи) лоиҳа бояд чӣ гуна бошад?

Лоиҳаҳо бояд ҷолиб бошанд, то шумораи ҳарчи бештари мухотабон, аз ҷумла ҷавонон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва оилаҳои онҳоро ҷалб намоянд. Дархост бояд маълумоти муфассалро дар бораи аудиторияи лоиҳа пешниҳод кунад.

Арзиши лоиҳаҳо ва мӯҳлати татбиқ:

Як лоиҳа метавонад аз 3 то 5 ҳазор доллари амрикоиро бо пули миллии сомонӣ (бо қурби расмии Бонки Миллии Тоҷикистон) ташкил диҳад. Буҷаи эълоншуда бояд мувофиқ, асоснок ва бо доллари ИМА ҳисоб карда шавад. Илова бар ин, ба ҳар як ғолиби интихобшуда аз ҷониби кормандони Интернюс ва мутахассисони мубориза бо қочоқи инсон дастгирии экспертӣ расонида мешавад. Дар маҷмуъ аз се то панҷ лоиҳа дастгирӣ карда мешаванд. Мӯҳлати татбиқи ҳар як лоиҳа 4 моҳ аст.

Интихоб чӣ гуна баргузор мешавад?

Интихоб дар ду марҳила сурат мегирад: марҳилаи аввал, пешниҳоди дархостҳо дар шакли онлайн ва марҳилаи дуввум, интихоби беҳтарин дархостҳо. Ғолибони озмуни грантҳо аз ҷониби доварони мустақил иборат аз коршиносони расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ муайян карда мешаванд.

Қарори ниҳоӣ аз ҷониби Internews то 15 ноябри соли 2021 қабул карда мешавад. Ғолибон бояд буҷаи муфассали лоиҳа ва роҳҳои пешбурди тавлиди муҳтаворо омода кунанд.

Барои пешниҳоди дархост, лутфан варақаро аз линк пур кунед.

Дар ҳолати зарурӣ маълумотҳои иловагӣ пурсида мешавад.

Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан, бо tj-info@internews.org тамос гиред.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *