Муқимҷон Абдуфаттоев яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳаҷви тоҷик аст. Ӯ роҳбари театр-студияи «Хандинкамон» буда, бо тими кориаш дар мавзуъи саводнокии иттилоотиву расонаӣ (СИР) 12 вайн ба навор гирифтааст. Банаворгирии вайнҳо дар ноҳияву деҳаҳои гуногуни кишвар сурат гирифта, дар DVD – дискҳо сабт ва ба ҷавонони деҳот тақсим карда шуданд. Ин аввалин лоиҳае аст, ки тариқи ҳаҷв ба аудитория дар бораи донишҳои СИР қисса мекунад.
Муқимҷон Абдуфаттоев бо стендапҳову саҳнаҳои ҳаҷвиаш дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон маъруф аст. Барои тамошои намоишҳои театр-студияи “Хандинкамон” толорҳо пур аз тамошобинон мешаванд. Аудиторияи онҳо аз кӯдакон сар карда то занҳову мардҳои калонсолро дар бар мегирад, ки барои тамошои барномаҳои ӯ аз минтақаҳо мухталиф ҷамъ меоянд.
Умуман, бо мавзуъи СИР Муқимҷон соли 2018 ошноӣ пайдо кард ва аз пайи амалӣ кардани лоиҳа дар ин самт шуд. Ба ақидаи Муқимҷон бо ҳазлу шӯхӣ ба мардум чизеро фаҳмонидан осонтар сурат мегирад.
“Сабаби бо мавзуъи саводнокии иттилоотиву расонаӣ ошно шудани ман – ин Илҳом Ҷамолиён аст. Илҳом худ як чеҳраи шинохтаи расонаии кишвар аст ва ман бо ӯ дӯст ҳастем. Илҳом ба ман дар бораи донишҳо ва аҳамияти СИР қисса кард. Барои ман ин мавзуъ хеле ҷолиб намуд ва MediaCAMP Эдютон 2021 сабаб шуд, ки ман лоиҳаи худро дар ин мавзуъ амалӣ кунам” – мегӯяд, Муқимҷон.
Эдютон-2021 семинари инноватсионии СИР аст, ки ширкаткунандагонаш рӯзноманигорон, педагогҳо, намояндагони ТҶ, мураббиёни Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Ҳангоми ширкат дар Эдютон -2021 иштироккунандагонро мебоист, ки идеяи лоиҳаҳои СИР-и худро ба озмун пешниҳод кунанд. Идеяи Муқимҷон Абдуфаттоев тариқи ҳаҷву шӯхӣ расонидани мазмуни СИР ба аудитория буд ва ин ғоя дар даҳгонаи беҳтаринҳо ҷой гирифт. Мувофиқи лоиҳа, Муқимҷон ба деҳаҳои дурдасти кишвар сафар карда, аз он ҷо 10 вайн аз зиндагии деҳот ва фаҳмиши онҳо дар бораи СИР ба навор гирифт. Лоиҳаашро низ “СИР барои мардуми деҳот” номгузорӣ кард. Вайнҳои ҳаҷвиро дар шабакаҳои иҷтимоии Youtube, Facebook ва Instagram-и худ ҷой медод. Дар маҷмуъ, ба ҷойи даҳ вайн 12 – то сабт карда шуд.
“Ман бисёр сафарҳои корӣ дорам. Қариб дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон будам. Боз хешовандонамон ҳастанд, ки дар ноҳияву деҳаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд. Рости гап, ҳамаи онҳо дар даст телефонҳои мобилии замонавӣ ва дастрасӣ ба Интернет доранд. Вале агар дар бораи истифодаи дурусти он сухан равад чизе намедонанд. Барои ин мо тариқи лоиҳа кӯшиш кардем, ки каме бошад ҳам бо шӯхӣ ҳақиқатро ба онҳо бифаҳмонем”, – гуфт Муқимҷон Абдуфаттоев.
Аудитория лоиҳаро хеле хуш пазируфт. Барои мисол, дар шабакаи Youtube яке аз вайнҳои лоиҳа, таҳти унвони “Зан ба дасти қаллобони интернетӣ афтод”, беш аз 11 000 маротиба тамошо шудааст. Дигар вайнҳо бо забони тоҷикӣ фаҳмо ва хеле ҷолиб пешниҳод шудаанду ҳазорҳо тамошо гирифтаанд. Дар шарҳҳои вайн бошад, тамошобинон аз қиссаҳои монанди худ нақл кардаанду ба муаллифон сипос гуфтаанд. Муҳтавои вайн чунин аст:
Модари Тахмина аз интернет барои духтараш мошинаи дарздӯзӣ харидорӣ карданӣ аст. Фурӯшандагон аз ӯ дархост мекунанд, ки 50% маблағро пешакӣ ба корти онҳо гузаронанд. Модар ҳеҷ ҷизро насанҷида пулро мегузаронад. Аз байн панҷ рӯз мегузарад, вале мошинаи дарздӯзиро намеоранд. Баъдан модару духтар ба суроғаи пешниҳодшуда равона мешаванд. Вақте он ҷо мераванд, мебинанд, ки ин гуна ширкат умуман вуҷуд надорад. Маълум мешавад, ки онҳо мағозаи фурӯши мошинаҳои дарздӯзӣ неву қаллобони интернетӣ будаанд.
Вайнҳо дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд ба навор гирифта шудаанд. Ба ҳайси қаҳрамонҳо дар деҳаҳо хонандагони мактаб ҳам даъват шуда буданд.
“Мо дар деҳаҳо шоҳиди он гаштем, ки қариб ҳама аз донишҳои СИР дур ҳастанд. Ҳатто ба кори наворгириамон ҳам мушкилӣ эҷод карданд. Вале мо фаҳмонидем, ки ин донишҳо заруранд ва мо аз рӯйи лоиҳа кор мекунем. Баъдан вайнҳоро ба DVD дискҳо сабт карда, ба хонандагони мактабу раиси ҷамоатҳо тақдим кардам. То каме бошад ҳам аз тарзи истифодабарии дурусти телефон, Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ошноӣ пайдо кунанд”, – қайд кард, Муқимҷон Абдуфаттоев.
Муқимҷон дар нақша дорад, ки омӯзонидани донишҳои СИР-ро дар ноҳияҳои Зафаробод ва Ворух идома диҳад. Он ҷо толорҳои хонаҳои маданият мавҷуданд, ки дар он метавон то 600 касро ҷамъ овард. Муқимҷон нақша дорад, ки онҳоро ҷамъ карда саҳнаҳои марбут ба мавзуъи СИР – ро барояшон ба намоиш гузорад. Ҳамзамон сенарияи филми мустанади худро омода мекунад, ки дар бораи истифодаи дурусти Интернет ва чӣ гуна ба дасти қаллобони шабакаҳо наафтодан қисса мекунад.
“Ин лоиҳа қадами аввал буд, ки мо санъаткорон бо намояндагони расонаӣ якҷоя барои тарғиби СИР гузоштем. Акнун ман қариб дар ҳама баромадҳои худ ин мавзуъро ба таври шухӣ ҳам бошад ёдрас мешавам. Тавре, ки мегӯянд – дар ҳар ҳазлу шухӣ қисмате аз ҳақиқат вуҷуд дорад.”, – мегӯяд Муқимҷон Абдуфаттоев, муаллифи лоиҳаи “СИР барои мардуми деҳот”.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.