Ширкати радиотелевизионӣ ва рекламавии «Тироз» аз Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ тамос гирифт

 Директори Ширкати радиотелевизионӣ ва рекламавии «Тироз» – и Хуҷанд Хуршед Ӯлмасов як замон худ дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд ва ба ҳамватанонаш дар фаҳмидани қоидаву қонунҳои кишвари бегона кӯмак мекард. Дар Тоҷикистон ӯ тасмим гирифт, ки ин таҷрибаро идома диҳад ва аввал бо гурӯҳи худ як барномаи мобилии «Migrant – Mobile» -ро офарид ва сипас ҳамроҳ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои давлатӣ машваратҳои онлайниро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин замина оғоз кард.

Портали иттилоотӣ ва таълимии «Migrant – Mobile»-ро, ки вебсайт ва замимаи интерактивии мобилӣ аст, гурӯҳи радиои «Тироз» бо дастгирии Internews Europe дар соли душвори 2020 роҳандозӣ кард. Дар ин сайт рӯзноманигорон матлабҳои муфидро барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъ оварданд, ки ба тоҷикон дар фаҳмидани қонунҳои давлати хориҷӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои душвор кӯмак мекунанд. Гузашта аз ин, муаллифон аксаран бо истифода аз тест ё комикс саволҳои душворро шарҳ медиҳанд. Ҳайати таҳририя барои илҳом бахшидан ба муҳоҷирон аз қиссаҳои комёбшавии ҳамватаноне нақл кардааст, ки масалан тиҷорати худро дар хориҷа ташкил намудаанд.

– Ман низ замоне нони муҳоҷирати меҳнатиро дар Русия чашидаам. Чӣ гӯям? Нони муҳоҷиратро хӯрдан осон нест, – ба ёд меорад директори радиои «Тироз» Хуршед Ӯлмасов. – Дар ёфтани кор ва манзил мушкилот вуҷуд дошт. Аммо бо рӯйкарди муносиб, ман мутмаинам, ки ҳамаи инҳо қобили ҳал мебошад ва муҳим он аст, ки он бояд дар доираи меъёрҳо, қоидаҳо ва қонунҳои ҷории кишвари мизбон бошад. Вақте ки ман мақоми худро ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба расмият даровардам, маҷбур шудам ба ҳамватанони худ дар ҳалли мушкилоти ибтидоӣ кумак кунам. Он вақт ман инчунин тавсия додам, ки ҳамаи онҳо таҳсил кунанд ва талаботи ҳар шуғлро хуб иҷро кунанд. Дар натиҷа, ман фаҳмидам, ки ҳеч манбаи ягонаи мобилӣ ва дастрас мавҷуд нест, ки муҳоҷири меҳнатӣ аз он барои амал дар ҳолатҳои муайян роҳнамоӣ гирад. Вақте ки ба Тоҷикистон омадам ва фурсате барои сохтани чунин платформа пайдо шуд, мо тавонистем онро созем.

Хуршед Ӯлмасов

Тақрибан пас аз як соли кори лоиҳа, тими мо тасмим гирифт, ки ба ҷалби шунавандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад ва бо ин мақсад ба озмуни Internews in Tajikistan ки барои лоиҳаҳои муштараки расонаҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ тарҳрезӣ шуда буд, то рӯзноманигорон ва фаъолон битавонанд дар якҷоягӣ мушкилоти иҷтимоии ҷомеаро ҳал кунанд, дархост пешниҳод кунад. Дархости «Тироз» аз ҷумлаи ғолибони озмун шуд ва ҳайати таҳририя фаъолиятҳои бештареро дар сайти худ роҳандозӣ кард.

– Мо шариконро аз ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», ки он ҳам бо мушкилоти муҳоҷирон сару кор дорад, ба кори «Migrant – Mobile» ҷалб кардем. Намояндагони раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, раёсати Кумитаи кор бо занон ва оила даъват карда шуданд. Ҳамроҳ бо онҳо мо як бахши нави интерактивии “Форуми муҳоҷир” -ро роҳандозӣ кардем, ки “муҳаррики асосӣ” дар муошират бо мухотабон шуд ва ба нишондиҳандаҳои таблиғи вебсайти SMM дар маҷмуъ таъсири мусбат расонид ” – шарҳ медиҳад Хуршед.

Дар давоми лоиҳа, гурӯҳи мо дар Facebook ҳафт машварат ва ду конфронсро дар шакли онлайн гузаронид, ки дар рафти он ҳамроҳ бо шарикон ба мухотабон дар бораи меъёрҳои қонунгузории Русия нақл карда, манбаъҳои муфидро мубодила намудем ва дар бораи он ки чӣ гуна ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро барои рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ омода кардан мумкин аст, суҳбат кардем. Сарфи назар аз он, ки маълумот дар бораи ҳамаи ин масъалаҳо дар интернет мавҷуд аст, барои муҳоҷирон гирифтани он ба забони тоҷикӣ муфидтар аст ва агар ба забони русӣ бошад ҳам, пас дар шакли мутобиқ ва фаҳмо, масалан, дар асоси принсипи “баробар ба баробар” ироа гардид. Хуршед Ӯлмасов худаш якчанд машварати онлайнӣ гузаронид ва дар ҷараёни муаррифӣ аз таҷрибаи худ нақл кард ва нозукиҳои ҳуқуқии системаи русиро бо забони сода шарҳ дод.

Ҳоло дар назди гурӯҳ вазифа гузошта шудааст, ки ин лоиҳаро пулакӣ кунад. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон як аудиторияи бузург ҳаст, ки тавоноии пардохтро дорад, аммо аз дастрасӣ ба муҳтавои ватанӣ маҳрум аст. Хуршед умедвор аст, ки дар оянда ӯ метавонад ба ин лоиҳа на танҳо шахсиятҳои ҷамъиятӣ ва мансабдорон, балки сохторҳои тиҷоратиро низ ҷалб кунад. Гузашта аз ин, фарогирии аудиторияи лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба 700 ҳазор расидааст.

Хуршед Ӯлмасов

Хуршед мегӯяд: «Музокироти худро бо сохторҳои тиҷоратӣ оғоз кардаем. Мо ба хидматрасониҳои онлайнӣ, ки дар байни муҳоҷирон маъмуланд, таваҷҷуҳи хос дорем. Ҳамкорӣ бо ин тиҷоратро хеле умедбахш меҳисобем ва умедворем, ки дар оянда тавонем ҳамкориро ба роҳ бимонем».

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *