Internews барои дастгирии техникӣ ва таҷдиди сайтҳо дар Қазоқистон ва Тоҷикистон шарик меҷӯяд (ТАМДИД ГАРДИД)

Намояндагии Internews дар Қазоқистон ва Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи MediaCAMP ҷиҳати интихоби таъминкунандаи хидматрасонҳо барои дастгирии техникии сайтҳои internews.kz, internews.tj ва newreporter.org.  озмун эълон мекунад. Таъминкунандаи хидматрасониҳо метавонад танҳо шахси ҳуқуқӣ бошад.

Талабот ба таъминкунандагони эҳтимолии хидматрасониҳо:

  • Доштани таҷрибаи корӣ ва портфолио дар бозори хидматрасониҳо оид ба эҷод ва дастгирии техникии сайтҳо на камтар аз се сол
  • Доштани таҷрибаи корӣ бо WordPress
  • Доштани гурӯҳ барои дастгирии пурраи техникӣ

Вазифаҳо:

  • Таъмини кори муттасили сайтҳо
  • Эҷоди бэкапҳо
  • Сари вақт бартараф кардани хатоҳо
  • Таҷдиди сертификатҳо ва плагинҳо дар сурати зарурат
  • Таҷдиди администраторҳо  ва саҳифаҳои асосии internews.kz, internews.tj ва newreporter.org
  • Таҷдиди “Каталоги тренерҳо”
  • Пайваст кардани Tilda
  • Пардохти хостинг

Чӣ тавр метавон дар озмун иштирок кард?

Дархостро тавассути линк (ссылка) то 26 сентябр, соати 19:00 (ба вақти Душанбе) ирсол намоед.

ТАМДИД ГАРДИД: Дархостро тавассути линк (ссылка) то 10 октябр, соати 19:00 (ба вақти Душанбе) ирсол намоед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *