«Ҳар рӯз бар худамон ғалаба мекунем»: тақдими аввалин ҷоизаи «Шаҳрванди сол» дар Тоҷикистон баргузор шуд

12 нафар аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, ки фаъолияташон боиси тағйири зиндагӣ дар Тоҷикистон шудааст, ҷоизаи “Шаҳрванди сол”-ро дарёфт карданд. Ҷоиза аз ҷониби Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон бо дастгирии Интернюс ташкил шудааст.

Супоридани ҷоизаи “Шаҳрванди сол” нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба гуфтаи раиси Эътилофи бонувони журналист Наргис Қосимова, идеяи ташкили ин чорабинӣ аз он сабаб пайдо шуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ фаъолони маданӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозида, ба шарофати бетаваҷҷуҳ намонданашон дар ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ таъсир расониданд.

— Бо кӯмаки ҷоизаи “Шаҳрванди сол” мо хостем, ки аз чунин афрод пуштибонӣ кунем, то ки шумораи онҳо дар Тоҷикистон ҳар чӣ бештар бошад”, – шарҳ медиҳад Наргис.

Ҷоизаи «Шаҳрванди сол» аз ҷониби Эътилоф дар чаҳорчӯби лоиҳаи Интернюс барои таҳкими иттиҳодияҳои ВАО таъсис дода шудааст, ки аз баҳори соли ҷорӣ амалӣ мешавад. Вазифаҳои ин лоиҳа таҳким ва инкишофи механизмҳои худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, инчунин таҳкими ҷомеаи маданӣ мебошанд. Барои рушди охирин вазифа Эътилоф тасмим гирифт, ки ҷоизаи “Шаҳрванди сол”-ро ​​ташкил намояд ва ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар он ҷалб кунад. Шаҳрвандони оддии кишвар метавонистанд номзади худро пешниҳод кунанд, пас аз он овозҳо шуморида шуда, дувоздаҳ фаъоле интихоб шуданд, ки тавонистаанд зиндагӣ дар Тоҷикистонро ба сӯйи беҳтар шудан тағйир диҳанд.

Маросими ҷоизасупорӣ 21 декабри соли 2021 дар толори меҳмонхонаи “Серена”-и пойтахт баргузор шуд. Дар чорабинӣ фаъолтарин иштирокчиёни ҷомеаи мадании Тоҷикистон, рӯзноманигорон ва инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гирди ҳам омаданд.

— Агар фаъолони маданӣ намебуданд, дар ҳаёти Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёде ба амал намеомаданд. Ташаккур барои ғамхорӣ! Умедворем, ки ин ҷоиза ба як анъанаи нек табдил меёбад ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар минбаъд низ рушд хоҳад кард, – гуфт Анжелика Попова, иҷрокунандаи вазифаи директори Интернюс дар Тоҷикистон.

Аввалин номзад аз шаҳри Хоруғ — Комёр Мирзоев шуд. Дар соли 2020 Комёр ба беморхонаҳои бемориҳои сироятӣ дар қабулу дармони миқдори зиёди беморон кӯмак кард, аммо дар ниҳоят худ мариз шуда, дар байни он беморон қарор гирифт. Ӯ дар яке аз беморхонаҳои Помир бистарӣ шуд ва вазъи ногуворро бо чашмони худ дид. Комёр аз “минтақаи сурх” гузориш дод ва ҷомеаи Тоҷикистон ба ин мушкилот вокуниш нишон дода, барои муассисаи тиббӣ кумаки зиёде ҷамъ овард.

Сипас, Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқ ба саҳнаи ҷоизасупорӣ баромад. Баҳори имсол, ки дар байни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии мусаллаҳона сар зад, мардуми зиёде дар ҳолати сахту душвор қарор гирифтанд. Дилрабо ҳамроҳ бо гурўҳи эҷодии лоиҳаи “180 дараҷа” ба ин мавозеъ сафар карда, роҷеъ ба мушкилот дар байни мардум ҳарф зад ва тавонист ба осебдидагон кӯмак ташкил намояд.

Номзади навбатӣ рӯзноманигор Анаҳита Саймиддинова буд, ки тавонист ба 167 зан аз Афғонистон кӯмак кунад.

— Имсол осон набуд, ба сари ҳамсояҳои наздиктарини мо — афғонистониҳо мусибат омад ва бисёре аз сокинони Тоҷикистон бепарво истода натавонистанд. Ҳамкори рӯзноманигор ва фаъоли мо даҳҳо музокира анҷом дод ва тавонист ба тариқи транзит тавассути Тоҷикистон баромадани 167 духтару занро аз Афғонистон ташкил кунад. Дар байни занон фаъолони шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, варзишгарон, афсарони полис, ки дар давраи ҳукумати нав ба онҳо хатар ва  марг таҳдид мекард, буданд, – Анаҳитаро муаррифӣ карда, гуфт Наргис.

Номзади дигар, фаъолзан Зулфия Раҳматова буд, ки дар Тоҷикистон шахсияте маъруф буда, ҳамеша ба дарди дигарон мерасад. Ба шарофати мавқеъи «хомӯш набош»-и ӯ ҷомеа ҳақиқатро дар бораи ҷиноятҳои вазнин фаҳмид ва резонанс аксари  вақтҳо боиси ба таври одилона ҳал шудани масъалаҳо гардид.

— Ин барои ман азизтарин ҷоиза аст, зеро ин эътирофи мардуми оддӣ аст. Ташаккур, ки ба ман бовар кардед, — сипосгузорӣ кард  Зулфия аз ҳозирон дар зал.

Барандаи дигари маъруфи ҷоизаи «Шаҳрванди сол» Лола Насриддинова, раиси созмони ҷамъиятии «ИРОДА» буд, ки бо мавқеъи фаъоли шаҳрвандии худ ҷомеаро ба шунидан ва қабул кардани маъюбон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа даъват мекунад.

— Барои ин ифтихор ташаккур, гарчанде ман худро ба ин мукофот лоиқ намедонам, зеро ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда бисёранд. Аммо ман миннатдорам, ки шумо дар симои ман кӯшишҳои тамоми ҷомеаи волидони кӯдакони маъюбро эътироф кардед. Ҳар рӯз мо бар худамон ғалаба мекунем, ҳар рӯз бо тарси худ мубориза мебарем. Ва дар солҳои охир эҳсос мекунем, ки мо танҳо ин корро анҷом намедиҳем, зеро расонаҳо ва рӯзноманигорон ба мо барои тағйир додани ин ҷаҳон кӯмак мекунанд. Ташаккур ба шумо барои бепарво набуданатон ва ин ки шумо дар бораи мо ва фарзандони мо ин қадар самимона ва ростқавлона нақл мекунед, – гуфт Лола.

Ҳамчунин ҷоизаи “Шаҳрванди сол”-ро ​​ҳомии ҳуқуқи ҳайвонот Елена Бухарина гирифт, ки на танҳо ҳайвонҳои бесарпаноҳро наҷот медиҳад, балки вазъи ҳайвонҳои хонагии боғи ҳайвоноти Душанберо низ назорат мекунад. Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, фаъоли экологӣ Наврӯз Одинаев низ аз барандагони дигари ҷоиза буд, ки ҳамеша омода аст бо ҷомеа дар бораи душвортарин мавзуъҳо суҳбат кунад.

Ғайр аз ин, намояндагони санъат низ мукофот гирифтанд: Ғайрат Қодиров, директори театри Конибодом, актёре, ки на танҳо тавонист театри худро нигоҳ дорад, балки онро ба яке аз беҳтарин театрҳои кишвар табдил дод ва Шоҳин Қурбонов навозанда, ки дар душвортарин замонҳои пандемия дар ҳавои кушод консертҳо ташкил кардааст.

Ва дар охир, ҷоизаро рӯзноманигори тоҷик Далер Имомалӣ ба даст овард, ки масъалаҳои мушкилро ба миён мегузорад ва аудитория ба ӯ эътимод дорад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *