Наргис Қосимова: «Занони рӯзноманигори Тоҷикистон одамон ё идеяҳои кофӣ надоранд, ки моро муттаҳид созанд»

Гурӯҳи ташаббускори “Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон” имсол ба сатҳи нав мебарояд: иштироккунандагон барои занонрӯзноманигорони минтақавӣ тренингҳо баргузор мекунанд, ба супоридани ҷоиза ба ҳамкорон омодагӣ мебинанд ва ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ менамоянд, то ки иттиҳодияи худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гиранд. Созмони мазкур дар оянда нақша дорад, то ба майдоне табдил шавад, ки  дар он ҳамаи рӯзноманигорони хоҳишманди маҳаллӣ тавонанд бо якдигар суҳбат намоянд.

“Эътилоф” дар Тоҷикистон панҷ сол пеш ташкил карда шуд. Он вақт онро роҳбари радиои “Ватан” Вера Кулакова-Браннеруд ташкил кард. Аз ибтидо иштироккунандагони гурӯҳи мазкур (он на танҳо занонро дар бар мегирад) нақша доштанд, ки манфиатҳои занон- рӯзноманигоронро лоббигарӣ кунанд, бо мақомоти давлатӣ робитаи мутақобил дошта бошанд, ҳамчун роҳнамоҳо (менторҳо) барои рӯзноманигорони ҷавон амал намоянд ва ғайра. Дар сайти  иттиҳодия омадааст, ки “Эътилоф ҳадафи онро надорад, ки бо дигар иттиҳодияҳои касбӣ рақобат кунад ё ҳамчун рақиби онҳо амал намояд. Баръакс, ҳадафи асосӣ – ихтисос ва шарикии ҳадафманд мебошад!” Воқеан, дар тӯли ин солҳо “Эътилоф” тавонистааст ҳамчун иттиҳодияи дӯстона ва мусолиматомез обрӯ пайдо намояд.

– Вале барои гурӯҳи мо соли охир душвор буд – пандемия, лоиҳаҳо набуданд, мо ҳатто натавонистем бо якдигар вохӯрем. Хушбахтона, ин давра мегузарад, мо ҳатто қавитар шудем ва ҳоло нақша дорем, ки ба сатҳи нав бароем, – мегӯяд роҳбари феълии “Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон” Наргис Қосимова.

Дар баҳори имсол “Эътилоф” дар озмуни грантҳо барои лоиҳаҳо оид ба таҳкими ассотсиатсияҳои расонаӣ (медиаасоциация) иштирок намуд, ки онро Internews дар Тоҷикистон эълон карда буд. Лоиҳаи Наргис беҳтарин дониста шуд ва “Эътилоф” дар озмун ғолиб омад. Вазифаҳое, ки дар ин лоиҳа дар назди иттиҳодия гузошта шудаанд –инкишофи механизмҳои худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ, робитаи мутақобил бо мақомоти давлатӣ ва ғайра мебошанд. Яъне ҳамон як ҳадафҳое, ки “Эътилоф” аз ибтидо дар пеши худ гузоштааст.

Акси – Эътилофи бонувони журналисти

– Мо кори худро дар лоиҳа бо баргузор намудани силсилаи тренингҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои рӯзноманигорон оғоз кардем. Аввалан, ин барномаи таълимӣ аст ва сониян, ин имконият ҷиҳати барқарор кардани робита дар байни ҳамкорон аз минтақаҳои гуногун мебошад. Мо аллакай дар вилояти Суғд, Бохтар ва Кӯлоб тренингҳо баргузор намудем; тренингҳо дар Душанбе низ гузаронида мешаванд. Мо мавзуъҳоеро интихоб намудем, ки барои ҳар рӯзноманигор муҳим мебошанд – саводи расонаӣ, фактчекинг, таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқи расонаӣ (медиаправа), шарҳ медиҳад Наргис.

Дар вилояти Суғд иштироккунандагони “Эътилоф” якҷо бо дигар иттиҳодияи журналистие кор карданд, ки он аз ҷониби Фирӯза Мирҷумаева, раҳбари шабакаи телевизионии “Диёр”-и Хуҷанд ташкил карда шудааст.

– Чунин дастаи фаъол, мо бо онҳо ҳамкории наздик доштем ва нақшаҳои умумиро муҳокима намудем. Мушкилот барои ҳамаи мо яксон мебошанд: набудани дастрасӣ ба иттилоот, сифати пасти Интернет, нарасидани пул, дониш, – мегӯяд Наргис.

Зимнан, барои баргузор намудани тренингҳо оид ба ҳуқуқи расонаӣ, “Эътилоф” шариконро аз “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ҷалб намуд. Созмони мазкур ба “Эътилоф” мутахассисони ҳуқуқшиносро на танҳо барои гузаронидани тренингҳо, балки барои машваратҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи расонаӣ пешниҳод менамояд.

Ғайр аз тренингҳо ва машваратҳо, “Эътилоф” ният дорад, ки ҷоизаи ҳарсола барои рӯзноманигорони Тоҷикистонро ташкил ва баргузор намояд. Созмондиҳандагони иттиҳодия дар ибтидо ҳадафи мазкурро ҳамчунин дар назди худ гузошта буданд, вале тавонистанд ба амалисозии онҳо танҳо акнун шурӯъ кунанд.

– Дар сайти мо варақаи махсус барои пешниҳод кардани номзадии худ ё ҳамкорони худ ба ҷоизаи махсуси “Эътилоф” вуҷуд дорад. Пас аз ҷамъоварии дархостҳо, доварони салоҳиятдор аз ҷумлаи рӯзноманигорони касбӣ, намояндагони расонаҳои мухталифи кишвар ҳамкоронро дар чанд номинатсия баҳогузорӣ хоҳанд кард: беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ/онлайн, беҳтарин мавод дар радио, беҳтарин мавод дар телевизион ва ҳамчунин ҷоиза барои рушди журналистикаи тоҷик, – нақл мекунад Наргис.

Акси – Эътилофи бонувони журналисти

“Эътилоф” маросими ҷоизасупории ғолибонро дар охири сол ба нақша гирифтааст. Иштироккунандагон умедвор ҳастанд, ки то он вақт вазъиияти эпидемиологӣ дар кишвар беҳтар мешавад ва рӯзноманигорон метавонанд бо якдигар шахсан вохӯранд.

– Аммо ҳадафи асоситарине, ки мо дар назди худ гузоштаем, бақайдгирии иттиҳодияи мо ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мебошад. Мо чунин меҳисобем, ки чӣ қадаре ки дар Тоҷикистон ассотсиатсияҳои расонаӣ зиёд бошанд, ҳамон қадар беҳтар аст. Занони рӯзноманигори Тоҷикистон одамон ё идеяҳои кофӣ надоранд, ки моро муттаҳид созанд, ҳарчанд занони мо омодаанд, ки дар ин замони душвор барои ҳамаи расонаҳо ҳамраъй бошанд ва якдигарро дастгирӣ кунанд, – мегӯяд Наргис.

Иштироккунандаи дигари “Эътилоф”, саркоргардони телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо” Саида Раҳимова бо Наргис мувофиқ аст.

– Ба туфайли мулоқотҳо бо иштироккунандагони “Эътилоф” ман дар байни ҷомеаи журналистӣ, махсусан дар байни ҳамкорон аз расонаҳои мустақил, бисёр шиносҳо, дӯстон пайдо кардам. Пеш аз ин мо якдигарро ғоибона мешинохтем, акнун муошират мекунем. Ман аз Наргис ва “Эътилоф” бисёр миннатдор ҳастам, зеро онҳо моро воқеан муттаҳид мекунанд ва нигоҳ намекунанд, ки мо аз кадом нашрияҳо ҳастем – нашрияҳои давлатӣ ё мустақил ва вазифаҳои мо яксон мебошанд: эҷод кардани контенте, ки барои мухотабон ҷолиб хоҳад буд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *