Internews дар Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи таҳиякунанда (продюсер) ва муҳаррири бахши нақди расонаӣ ба забони тоҷикӣ озмун эълон мекунад.

Вазифаҳо:

  • Мустақилона ё дар ҳамкорӣ бо муаллиф ҷустуҷӯ кардани мавзуъҳо барои бахши нақди расонаӣ;
  • Тасдиқи мавзуъҳо бо сармуҳаррири сомонаи “Гузоришгари нав” (Новый репортёр)
  • Тақсими мавзуъҳо байни муаллифон-мунаққидони расонаӣ;
  • Таҳрири матн, аз ҷумла сохторбандӣ.  

Талаботи асосӣ ба номзад:

  • Таҷрибаи кории муҳаррирӣ аз се сол ба боло;
  • Таҳсили соҳавӣ;
  • Дарки бозори расонаҳо дар Тоҷикистон;
  • Доштани қобилияти муошират, дараҷаи баланди масъулият;
  • Ба дараҷаи олӣ донистани забони тоҷикӣ ва донистани забони русӣ дар сатҳи кофӣ барои муошират бо муҳаррири русзабон.

Барои ин вазифа як қисми вақт машғул будан ва истихдом ба кор бар асоси қарордод пешбинӣ шудааст.

Агар шумо ба ин вазифа таваҷҷуҳ дошта бошед, лутфан корномаи (резюме) худро бо ду истинод ба корҳои худ, ки ба назари шумо аз ҳама муваффақтар мебошанд, то 28 декабри соли 2021 ба почтаи электронии TJ-Info@INTERNEWS.ORG бо ишораи “Ба ҷойи холии кори таҳиякунандаи тоҷикзабон” ирсол намоед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *