Комиссияи интихоби Интернюс Тоҷикистон оид ба озмуни идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ ғолибонро муайян кард. Аз 64 дархости пешниҳодшуда, нӯҳ муаллиф ғолиб дониста шуданд.
Озмуни идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ аз ҷониби Интернеюс Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 эълон гардида, барои иштирок дар он шабакаҳои телевизионӣ, онлайн-расонаҳо, студияҳои истеҳсолӣ, продюсерони мустақил, муаллифон ва блогнависон даъват шуда буданд.
Аз 64 дархости пешниҳодшуда дар даври аввал комиссия 21 идеяро интихоб кард. Дар даври дуюми озмун муаллифони идеяҳои беҳтарин ба питчинг-сессияи махсус даъват шуданд ва онҳо консепсияи лоиҳаи худро пешниҳод карда, аҳамият ва амалишаванда будани лоиҳаҳояшонро исбот карданд. Пас аз муаррифии лоиҳаҳо, 12 муаллиф ба даври сеюм гузаштанд; ба онҳо се ҳафта барои комил кардани лоиҳа, тартиб додани буҷа ва омода кардани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти грант муҳлат доданд. Сипас комиссияи интихоб бори дигар овоздиҳӣ баргузор намуд ва дар натиҷаи аз 12 дархост, нӯҳ ғолибон муайян карда шуд:
Ёдгор Исломбеков, мусоҳибаҳои муаллифӣ дар канали Iron King дар YouTube.
Зеваршо Муҳаммад, силсилаи подкастҳо дар шабакаи ZewarshoW.
Телевизиони “Мавҷи Озод” аз Восеъ, силсила барномаҳо дар бораи ҳаёт дар минтақаҳо.
Лоиҳаи Your.tj, Силсилаи подкастҳои «Се хирс».
Сомонаи “Оила”, силсилаи видеосюжетҳо дар бораи одамоне, ки ба ҳолатҳои сангини зиндагӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Ширкати расонаии “Вечерний Душанбе”, арт-лоиҳа дар бораи занони қурбонии зӯроварӣ.
Сафарбек Солиев, филми мустанад дар бораи Комиссари халқии маориф -Нисор Муҳаммад.
Моҳпора Киромова, филми мустанад дар бораи мардикорбозори занона.
“Ассотсиатсияи миллии маъюбон дар Тоҷикистон”, веб-сериол дар бораи ҳаёти одамони имконияташон маҳдуд.
Абдумалик Қодиров – директори Интернюс Тоҷикистон мегӯяд, ки нисбат ба соли гузашта ҳам сифат ва ҳам шумораи довталабон беҳтар шудааст. Масалан, соли гузашта ба озмун 32 дархост ворид гардида, ҳаштоашон ғолиб шуда буданд.
– Имсол мо кӯшиш намудем, ки довталабонро ҳар чӣ бештар бо шартҳои озмун ошно намоем. Ҳатто ду вебинари махсус дар ин мавзӯъ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор кардем. Иловатан довталабони имсола аллакай намунаи кори ҳамкасбони худ – ғолибони озмуни соли 2019-ро дидаанд ва хулосаҳои худро баровардаанд. Дар натиҷа, мо шумораи бештари дархостҳои босифатро гирифтем ва барои аъзои ҳакамони мо интихоб осон набуд ,- шарҳ медиҳад Абдумалик Қодиров.
Ӯ мегӯяд, ки барои бозори расонаии тоҷик, дар байни ғолибон лоиҳаҳои ғайриоддӣ ба монанди веб-сериалҳо ва подкастҳо вуҷуд доранд.
– Интернюс боз се сол пайдарҳам ин озмунро баргузор хоҳад кард, бинобар ин ба довталабони оянда маслиҳат медиҳам, ки мавзӯи лоиҳаҳои худро гуногун кунанд, шабакаҳои иҷтимоиро барои паҳн кардани контенти худ истифода баранд; Ман мехостам дар байни иштирокчиёни озмун пешвоёни афкори ҷамъиятро бинам, ки нуфузи бузург доранд ва бо кӯмаки ин лоиҳа битавонанд мушкилоти муҳими иҷтимоиро ҳаллу фасл кунанд,- мегӯяд Қодиров.
Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Истеҳсоли контенти ватанӣ» Ҷамшед Шоев мегӯяд, ки ҳам имсол ва ҳам соли гузашта муаллифони филмҳои мустанад ба озмун дархост пешниҳод карданд.
– Ин маро хеле шод мегардонад, зеро дар Тоҷикистон жанри филми мустанад хеле кам дастгирӣ меёбад ва муаллифон барои мустақилона чунин филмҳоро ба навор гирифтан имконият надоранд. Табиист ки мутахассисон рӯз то рӯз камтар мешаванд ва малакаҳо коста мегарданд. Ба андешаи ман, филмҳои мустанад барои бозори ВАО мисли таҳқиқотҳои журналистӣ муҳиманд ва ҳамчунин метавонанд мушкилоти иҷтимоиро ҳал кунанд, -мегӯяд Ҷамшед.
Баъзе аз лоиҳаҳое, ки дар соли 2019 ғолиб дониста шуданд:
Филми мустанади «Бовар дорам. Зиндагӣ мекунам. Дӯст медорам»
Афсонаҳои аудиоӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ
Силсилабарномаҳо дар бораи ҳаёти лӯлиёни муқими Тоҷикистон
YouTube-канал дар бораи саводнокии техникӣ
Филми мустанад дар бораи шаҳраки Шуроб, ки бе об зиндагӣ мекунад
Лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар?»
Хотиррасон мекунем, ки ҳадафи ин озмун дастгирии истеҳсолкунандагони контенти баландсифати чандрасонаӣ ҳам барои телевизиону радио ва ҳам барои платформаҳои онлайнӣ / офлайнӣ ва лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Комиссияи озмуни Интернюс Тоҷикистон ғолибонро аз рӯи меъёрҳои зерин муайян мекунад: асолати идея, ҳамгироии усулҳо ва афзорҳои чандрасонаӣ, ҷалби аудиторияи мақсаднок ва таъсири мутақобилаи он ва инчунин содагии истеҳсолот ва буҷаи оқилона. Ин озмун бори дуввум аст , ки баргузор мешавад. Дар оянда се бори дигар гузаронидани чунин озмун дар назар аст. Онҳо дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) баргузор мегарданд. Маълумоти бештарро дар бораи барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP ва дар бораи созмон: Интернюс дар ҷаҳон, Интернюс дар Тоҷикистон, лутфан, дар ҳамин ҷо хонед.