«Ҳатто нафақахуронро ҳам ёд медиҳем»: дар Тоҷикистон YouTube-канал оид ба саводнокии техникӣ пайдо шуд

Блогнавис  Султон Усмонов аз шаҳри Хуҷанд дар YouTube-канали худ- Metro TV дар бораи  асосҳои  саводнокии техникӣ нақл мекунад. Номбурда  бо забони  тоҷикӣ  мефаҳмонад, ки чи тавр аккаунти худро бояд сохт ё ноутбукро интихоб намуд. Он қадар сода , ки ҳатто нафарони абадан бо фанновариҳои нав дучор наомада, ки шумораашон дар Тоҷикистон кам нест, мефаҳманд.

Султон Усмонов  чанд соле муаллими курсҳои омузиши  компютер дар Хуҷанд  буд ва аслан   тасмим гирифта буд,ки мактабачаҳо ва наврасонро омузиш диҳад, вале шогирдони мактаби ӯ аз чиҳилсолаҳо боло шуданд.

 -Вақте  дарс медодам, шогирдони ман асосан калонсолон буданд ва аксарашон бо компютер кор карданро намедонисатнаду  сахт  аз ин нороҳат буданд . Алҳол дар баъзе мактабҳо муаллимеро, ки  компютерро намедонад ё тавассути   Power Point  муаррифиҳоро омода кардан наметавонад,  ба кор намегиранд,-шарҳ медиҳад Султон.

Ин мушоҳида  боиси  кушодани YouTube-канали Metro TV шуд,  ки акнун блогнавис  Султон   дарсҳои бунёдии  саводнокии  техникиро ба аудиторияи васеъ ройгон пешниҳод менамояд. Алҳол дар ин канал  тақрибан 100  нафар обуна ва ҳамагӣ се навъ дарс:- интихоби компютер, сохтани аккаунт ва тартиб додани тарҷумаи ҳол вуҷуд дорад.

-Кушиш мекунам,ки дар бораи технологияи нав бо забони тоҷикии сода ва дастрас нақл кунам, то шумораи бештари одамон маро фаҳманд. Фикр мекунам, ки ҳатто нафақахуронро ҳам  ёд медиҳем ва тасмим гирифтаем, ки чанд дарсро маҳз барои калонсолон таҳия кунем, то к бидонанд, ки кадом  технологияҳо махсус ба онҳо равона шудаанд, -мегуяд Султон

Блогнавис шарҳ медиҳад, ки қабл аз кушодани канал ӯ  муҳтии  тоҷикзабони YouTube-ро омухта ва платформаҳоеро ҷустуҷу кардааст, ки контенти монанд доранд. Чунини каналҳо ҳастанд, онҳо ҳам ба забони тоҷикианд, вале онҳо ё дар бораи охирин модели телефонҳои ҳушманд ё ноутбукҳо нақл мекунанд. Дар мавриди иттилооти бунёдӣ, метавон ба забони русӣ маълумоти зиёде пайдо кард, на ба забони тоҷикӣ.

-Вале маҳз аудитория  тоҷикзабон, одатан, ба чунин  маълумот ниёз дорад ва аз ин рӯ мо аз оғоз забони давлатиро дар назар доштем,- мегуяд Султон.

Муаллифи канал ният дорад,ки ҳар ҳафта як дарсро нашр кунад ва ҳамчунин обунашудагон ба Metro TV  метавонанд савол диҳанд ва дар шарҳҳо ё дар дарсҳои навбатӣ ҷавоби  муфассал бигиранд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.


 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *