Озмун: баргузор намудани тренинги “Муҳаррири муосир дар нашрияҳои онлайнӣ” дар Тоҷикистон

Internews Tajikistan дар доираи барномаи MediaCAMP  озмуни пайдо намудани ҳамшариконро дар гузаронидани тренинг барои  муҳаррирони муосири нашрияҳои  онлайнӣ ва журналистоне, ки муҳаррир шудан мехоҳанд, эълон менамояд.

Рузи  охирини  қабули дархостҳо-5 январ соли 2020 аст.

Мо мехоҳем, ки расонаҳоямон аз имконияти форматҳои навоварона дар  таҳияи муҳтавои баркашидашуда  ва дар асоси далелҳо бунёдёфта истифода барад ва онро миёни оммаи васеъ тавассути  тамоми  платформаҳои  маъруф ва дастрас паҳн намояд.

Ҳадафи трениг ба муҳаррирони нашрияҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон додани маълумоти муҳим ва мутобиқшуда оид ба қомидаҳои кори редаксияҳои муваффақи муосир барои баланд бардоштани  нишодиҳандаҳои самаранокии расонаҳо аст.

Ба ҳамшарики созмонҳои расонаӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва ҳамчунин тренерони инфиродие даъват мешаванд, ки дар соҳаи  омузонидани расонаҳо таҷриба  доранд.

Тренингҳо бояд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар формати офлайнӣ, тули  се рузи корӣ баргузор   гардида, дар умум на камтар аз 30 муҳаррир ва журналистонро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон фаро гиранд. Ташкилкундагон мустақилона  тасмим мегиранд, ки ё ду тренинги алоҳида гузаронанд ё як  тренинги муштарак бо таъмин намудани  тарҷумаи ҳамзамони он. Тренингҳо бояд то охири моҳи марти соли 2020 гузаронида  шаванд. Ҳангоми интихоби иштирокчиён  ташкилкунандагон бояд мувозинати гендериро риоя  намоянд. Дар ин омузишҳо  сармуҳаррирон, муҳаррирони нашр, муҳаррирони масъул, муовинони  муҳаррирон ва журналистоне, ки мехоҳанд муҳаррир бошанд,  метавонанд иштирок намоянд.

 Дархостдиҳандагон  бояд:

барномаи пешакии тренинг;

руйхати тренерон бо тавсифи салоҳият ва таҷрибаашон  ;

методикаи  даъват ва интихоби иштирокдорон;

 қолаби дастгирӣ пас аз анҷоми тренига; ва

буҷети пешакии тренинг/тренингҳоро  пешниҳод намоянд.

Кадом  мавзуъҳо метавонанд шомили тренинг барои муҳаррирон бошанд?

Пайдо намудани мавзуъҳои ҷолиб;

Тарҳрезии фаъолияти редаксия;

Пешбурд дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

Равиши таҳлили муҳаррирӣ;

Тасҳеҳи матолиби чандрасонаӣ;

Навъҳои асосии иштибоҳоти услубии рузноманигорни тоҷик;

Истифодаи дурусти рерайтинг;

Журналистикаи тафреҳӣ;

Ҷанбаҳои ахлоқии кори рузноманигорӣ;

SЕО -оптимизатсияи (мукамалгардонӣ) матнҳо;

Меъёрҳо барои редаксия.

Интихоби ғолибони озмун дар ду марҳила мегузарад

1) баррасии дархостҳо ва арзёбии зарфияти (тавоноӣ) довталабон, дарки талаботи бозори расонаҳо, навоварона будани пешниҳодҳо. Рӯйхати мухтасари довталабон муайян карда мешавад.

2) бо довталабоне, ки ба рӯйхати ниҳоӣ ворид шудаанд, арзёбии муштараки буҷаи лоиҳаашон, инчунин суҳбат дар мавриди барномаи таълимиашон гузаронида мешаванд.

Тасмими ниҳоиро Интернюс то 15 январ соли 2020 мегирад.

Барои ироаи дархост, лутфан, формаи онлайниро пур кунед.

Дар зарурат мо иттилооти иловагӣ талаб менамоем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *