Даври аввали озмуни идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ баргузор шуд

Аз шумораи умумии дархостҳои пешниҳодшуда, комиссияи озмуни идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ аз ҷонимби Интернюс Тоҷикистон 21 дархостро интихоб кард. Ҳафтаи оянда муаллифони дархостҳои беҳтарин дар питчинг-сессия ширкат хоҳанд кард.

Интернюс дар Тоҷикистон моҳи октябр озмуни идеяҳоро барои истеҳсоли контенти ватанӣ эълон карда буд ва барои иштирок шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои онлайнӣ, студияҳои истеҳсолӣ, продюсерҳои мустақил, муаллифон ва блогнависон даъват шуда буданд.

Ҳамагӣ 64 дархост ворид шуд, ки аз онҳо дар даври аввал комиссия 21 идеяро интихоб кард. Дар даври дуюми озмун муаллифони идеяҳои беҳтарин ба питчинг-сессияи махсус даъват карда мешаванд. Онҳо дар ҳама гуна шакли барояшон муносиб консепсияи худро  метавонанд пешниҳод намуда, аҳамият  ва татбиқи воқеии онро собит кунанд. Дар даври сеюм ба муаллифони лоиҳаҳое, ки қаблан тасдиқ шудаанд, барои мукаммал намудани лоиҳа,  сохтани буҷа ва ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани грант се ҳафта вақт дода мешавад.

Инак,  инҳо ба  даври дуюми озмун  гузашатанд:

1. Ёдгор Исломбеков, мусоҳибаҳои муаллифӣ дар YouTube -канали Iron King;

2. Маркази таҳқиқоти журналистӣ, силсилагузоришҳо  аз дараи Яғноб;

3. ТРК «Салом», силсилаи  барномаҳо дар бораи сайёҳат дар дохили Тоҷикистон;

4. Зеваршо Муҳаммад, силсилаи подкастҳо дар канали ZewarshoW;

5. ҶДММ «Мавҷи Озод»,  барномаҳо оид ба танзими оила;

6. ШТР «Танин», силсилаи очеркҳои телевизионӣ дар бораи чӯпонҳои тоҷик;

7. Наргис Қосимова, Leadersship, силсилаи подкастҳо дар бораи ҳаёти наврасони тоҷик;

8. Зебо Тоҷибаева, «Аломат», силсила подкастҳои хулосавӣ;

9. ҶДММ «Оила»,  силсиласюжетҳои видеоӣ дар бораи одамоне, ки ба вазъияти душвор дучор шудаанд;

10. Умед Сабзаев, «Клуби падарони ҷавони Тоҷикистон», наворҳои видеоӣ дар бораи падарони тоҷик;

11. Наби Юсупов, «Медиа консалтинг», филми ҳуҷҷатӣ дар бораи гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс»;

12. ТРК «Тироз», силсилабарномаҳо оид ба  ВИЧ дар Тоҷикистон;

13. ҶДММ «Вечерний Душанбе», наворҳои видеоӣ дар бораи занон- ҷабрдидагони зӯроварӣ;

14. Сафарбек Солиев, филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Комиссари маориф- Нисор;

15. Маҳпора Киромова, филми ҳуҷҷати дар бораи мардикорбозори занона;

16. Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии маъюбон дар Тоҷикистон», веб-сериал дар бораи ҳаёти шахсони маъюб;

17. «Зира Медиа», сюжетҳои видеоӣ дар бораи зиндагӣ пас аз  хатми интернат;

18. Иттиҳодияи ҷамъиятии «Имкон», мусоҳибаҳои видеоӣ бо занони маъруф;

19. ТҶ «Чашмаи Ҳаёт», гурӯҳи ташаббускори занони рӯзноманигор- «Садоқат»,  барномаҳо оид ба ҳаёти занони суғдӣ;

20. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»,  силсилабарномаҳо дар бораи ӯзбекҳои шинохтаи Тоҷикистон;

21. ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», наворҳои видеоӣ дар бораи ҳаёти муҳоҷирон пас аз депортатсия

Вақт ва маҳалли баргузории питчинг-сессия дертар эълон карда мешавад.

Қарори ниҳоӣ дар бораи маблағгузории грантҳо аз ҷониби комиссияи озмун дар асоси дархостҳои грантии пешниҳодшуда ва меъёрҳои зерин қабул карда мешавад: асолати идея, ҳамгироии воситаҳои чандрасонаӣ, фаҳмиш ва ҷалби аудиторияи мақсаднок, таҷрибаи қаблӣ ва буҷети оқилона. Дар сурати ғолиб омадан, довталаб метавонад ба дархост хариди нармафзори литсензионӣ, техника ва таҷҳизотро дохил кунад.

Ҳадафи озмун дастгирии истеҳсоли барномаҳои баландсифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои ҳуҷҷатӣ, лонгридҳо, лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, веб-докҳо, веб-сериалҳо, достонҳои чандрасонаӣ, таҳқиқоти журналистӣ ва ғайра мебошад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *