Нокомтаринҳо дар расонаҳои Тоҷикистон-менеҷерҳои сатҳи миёнаанд

Расонаҳои  Тоҷикистон ба бозбинии низоми идоракунӣ ва кормандони қатории ВАО ба дарки он, ки редаксияҳояшон ҷузви сохтори тиҷоратист,ниёз доранд. Дар ин бора  роҳбарони расонаҳо бо мутахассисони Имкон Консалтинг дар тренинги “Пешсафӣ ва идоракунӣ” изҳори назар намуданд.

Барф дар истироҳатгоҳи лижаронии “Сафед Дара” тару  мулоим аст ва ҳануз дустдорони ин навъи варзиш ба ин ҷо наомадаанд. Аз ин ру, ба менеҷерони соҳаи расонаҳо, ки  як омузиши серуза мегузаронанд,хеҷ  кас халал намерасонад. Ҳамин сол бори дуввум аст ки дар ин ҷо ҷамъ  меоянд: бори ааввал як омузиш барои менеҷерони сатҳи баланд буд ва  акнун барои  роҳбарони сатҳи миёна. Қадами навбатӣ ташхиси вазъи бизнеси ширкатҳои расонаии онҳост, баъдан  таҳияи стратегия ва  дастгирии грантӣ барои татбиқи он.

Лоиҳаи  аз оғоз то анҷом махсус барои  расонаҳо аз ҷониби “Имкон Консалтинг” бо дастгирии Интернюс Тоҷикистон таҳия шудааст. Сарвари он Замира Самадова соҳиби се дипломи маълумоти олӣ ва ягона дорандаи дипломи Мушовир оид ба идоракунӣ дар Тоҷикистон аст , ки танҳо ду фоизи мутахассисон дар  ҷаҳон бо доштани чунин диплом фахр мекунанд.

Одатан, сохторҳои тиҷорати калон аз хизматрасониҳои Имкон Консалтинг дар Тоҷикистон истифода мебаранд ва дар миёни муштариёни онҳо  ҳеҷ гоҳ ширкатҳои расонаӣ набуданд. ВАО дар Тоҷикистон ба таври кофӣ  на қувва ва на дороӣ доштанд, то  таваққуфе  кунанд ва ба равандҳои тиҷоратии худ назаре андозанд. Аз бисёр ҷиҳат, ин боис гардид, ки ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ душвориҳои молиявиро таҷриба кунанд.

Замира Самадова

Дар ҳамин ҳол, Замира бар он аст, ки мушкилоти расонаҳо  аз мушкилоти соҳибкорони тоҷик дар  дигар самтҳои  фаъолият фарқе надоранд , яъне- набудани маблағ, нарасидани кормандон ва бори вазнини андоз. Менеҷерҳои сатҳи миёна дар ҳамаи сохторҳои соҳибкорӣ  чунин мушкилоти монандро  доранд.

– Мушкилоти роҳбарони сатҳи миёна  аз набудани низоми идоракунии арзишҳо иборат аст, яъне  онҳо   ба  интуитсияи худ  такя карда кор мекунанд. Аз ҷониби дигар, мушкилоти рушд, мушкилоти кадрҳо аз сабаби мавҷуд набудани кормандони касбии ботаҷриба дар бозор. Ин мушкилот барои ҳама гуна ширкатҳои ҷумҳурӣ хосанд ва ВАО ҳам як сохтори тиҷоратӣ мебошанд – онҳо ҳам мол истеҳсол мекунанд  ва мефурӯшад, танҳо молҳои онҳо иттилоот аст, -шарҳ медиҳад роҳбари Имкон Консалтинг.

Баъзе ширкаткунандагон бори дуввум аст, ки назди Замира ба тренинг меоянд:гап  дар он аст, ки на ҳама васоити ахбори омма  менеҷерҳои сатҳи  миёна доранд. Ин вазифа ба души роҳбарият, менеҷерҳои  сатҳи боло ва  сармуҳаррирон гузошта шудааст. Аз нӯҳ расонае, ки дар барнома ширкат мекунанд, танҳо чаҳортоашон роҳбарони сатҳи миёна доранд.

– Доштани сатҳҳои гуногуни  идоракунӣ хусусияти ҳаҷми  ширкат аст ва бештари расонаҳои мо ҳоло ба менеҷерҳои сатҳи миёна ниёз надоранд, вақте ширкатҳо бузург мешаванд, тавсеа меёбанд,  он гоҳ мушкилот ба вуҷуд меоянд, зеро роҳбар дар ҳама равандҳо иштирок карда наметавонад, – мегӯяд Замира.

Расонаҳо як рӯз  умр мебинанд

Яке аз иштирокчиёни тренинг Зебо Тоҷибоева мебошад. Ӯ таҷрибаи кории даҳсолаи  менеҷери сатҳи миёнаро дорад ва ҳоло дар худ нақши менеҷери сатҳи болоро месанҷад. То ба наздикӣ Зебо дар вазифаи  директори иҷроияи гурӯҳи расонаҳои Азия Плюс кор мекард ва ҳоло  нашрия худро ташкил кардааст, ки  дар арафаи омода шудан тариқи онлайн  аст.

-Нокомтарин  афрод дар расонаҳои тоҷик менеҷерҳои сатҳи  миёна мебошанд: пешрафт дар мансаб нест, шумо аз  рушд кардан мондаед, аз кори худ норозӣ ҳастед. Ғайр аз он, шумо ҳамеша бояд ҳамчун миёнарав байни роҳбари ширкат ва ҳайати таҳририя баромад кунед, ҳама норозигии худро баён мекунанд ва шумо ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам ҷисмонӣ обу адо мешавед. Ман худам инро мушоҳида карда будам. Дар тӯли чанд моҳи охир ҳамчун директор, ман худро хеле нороҳат ҳис кардам ва аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки  бояд чизеро иваз кунам,-мегӯяд Зебо.

Зебо Тоҷибоева

Вай шарҳ медиҳад, ки мушкилоти роҳбарони болоӣ ва менеҷерҳои  сатҳи миёна аз бисёр ҷиҳатҳо якдигарро  такрор мекунанд: ба дигарон вогузоштан натавонистани масъулият, набудани банақшагирии стратегӣ ва банақшагирии умумӣ.

-Расонаҳои мо намебинанд, ки  як сол  баъд чӣ гуна хоҳанд буд, онҳо як рӯз зиндагӣ мекунанд,масалан, агар рӯзнома бошад,  шумора ки нашр  шуд,- Худоро шукр, аммо фардо чӣ мешавад.-инаш номаълум. Мушкилоти расонаҳои мо дар он аст, ки ҳамаи вазифаҳои калидиро  рӯзноманигорон  ишғол намудаанд ва  онҳо дарк намекунанд, ки ВАО пеш аз ҳама тиҷорат аст,- мегӯяд Зебо.

Ба ақидаи ӯ, бо истифода аз афзорҳое, ки Замира дар давоми тренинг ба иштирокчиён муаррифӣ кардааст,  дар ширкатҳо вазъро тағйир додан имконпазир аст. Танҳо менеҷерон бояд маводро мустақилона амиқтар биомӯзанд, сипас ҳангоми ташхиси ширкат, ки аз ҷониби Инком Консалтинг дар марҳилаи сеюми барнома гузаронида мешавад, донишҳои андухтаро бо тренер санҷанд ва стратегияи рушдро таҳия кунанд, ки мушовирон низ кӯмак мекунанд.

-Пеш аз ҳама,  мавзӯи тақсимоти ӯҳдадориҳои функсионалӣ таваҷҷуҳамро ҷалб кард: мо ҳамеша онҳоро ба ягон шахс ё сохтор рабт медодем ва ҳангоми омӯзиш фаҳмидем, ки уҳдадориҳоро барои маҳсулоти мушаххасе, ки корманд истеҳсол мекунад, бояд муқаррар кард. Бароям   мавзӯи  муайян нмудани KPI-ро қайд намудам:дар расонаҳои  мо ин нишондиҳанда танҳо барои менеҷерҳои таблиғот  мавҷуд аст, аммо агар мо масъулияти функсионалии кормандонро мутобиқ ба маҳсулот бинависем, пас ин нишондодро барои гурӯҳи эҷодӣ низ муайян кардан мумкин аст,-мегуяд Зебо.

Дар мавриди ширкати наваш, Зебо ҳануз пас аз омӯзиши аввали Имкон Консалтинг барои худ як сохтори хатӣ интихоб кард , яъне маҷмӯи муайяни амалиётҳое, ки тибқи он ҳар як корманд барои як самти муайян масъул аст. Алҳол  ин варианти қобили қабул аст. Аммо, дар ҳолати зарурӣ,  ҳамеша метавон модели тиҷорати худро аз нав дида баромад,. Дар бораи чи тавр анҷом додани ин кор Замира ба таври муфассал дар давраи омузишии аввал шарҳ дода буд.

Ёдовар мешавем, ки озмун барои иштирок дар барномаи таълимии Интернюс Тоҷикистон ва Инком Консалтинг моҳи июли соли 2019 эълон шуда буд. Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар озмун 24 дархост пешниҳод гардид ва аз онҳо комиссия номзадҳоеро интихоб кард, ки ба талаботи барнома мувофиқат мекунанд. Азия Плюс, SugdNews, Вечерка, Ёдгор Исломбеков- муаллифи  YouTube канали Iron King, Беҳрӯз Зеваров- муаллифи канали Тамошоу,  маҷаллаи Ideas, Your.Tj, ТВ Регар ТВ ва ТВ «Диёр» дар барномаи таълимӣ иштирок мекунанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *