Inclusive Content Lab дар Тоҷикистон:одамони дорои маъюбият қиссаҳои худро мегуянд

“Вақте  мо роликҳоямонро, ки  ба забони  имо ва ишора  баргардон шудаанд,ба одамони шунавоиашон  заъиф нишон додем, онҳо  мисли кудакон  шодӣ мекарданд, зеро 20 сол боз матлабе барояшон пешниҳод нашуда  буд, ки мазмунашро пурра фаҳмида бошанд”- мегуяд Маҳмудҷон Сангинов, ғолиби  озмуни  Озмоишгоҳи  муҳтавои фарогир оид ба фаъолмандиии ҷавонон. Чунин озмунро дар моҳи июли соли 2019 созмони ҷамъиятии “Фидокор” бо дастгириии Internews Tajikistan гузаронда буд.

Маҳмудҷон Сангинов ва Эркин Холматов дар озмоишгоҳи соли гузашта аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъолтарин  буданд, онҳо мураббиёнро саволборон мекарданд,  мавзуъҳоро дар дастгоҳи сабти овоз  мегирифтанд ва агар чизе  барояшон нофаҳмо бошанд,  гаштаву баргашта мепурсиданд. Маҳмудҷон ва  Эркин кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Дурнамо” мебошанд, ки дар вилояти Суғд бо шахсони  дорои нуқси шунавоӣ кор мекунанд. Байни сессияҳои омӯзишӣ,  дар бораи ҳаёти онҳо ҳикояҳои аҷибе  нақл мекарданд.

Абдумалик Кодиров, Эркин Холматов, Махмудчон Сангинов, Мадина Кусмолданова

Баъзеҳо  дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ва хондан, навиштан ва  бо забони имову ишора  гап заданро  ҳам намедонанд. Мутаассифона,  дар ҳолатҳои бештар ногувор маҳз ҷавонон бо нуқси шунавоӣ ҳастанд, ки  бо аксарияташон ҳеҷ кас  кор накардааст ва онҳо танҳо бо имкониятҳо  худ  руз гузарондаанд,”- мегуяд Маҳмудҷон.

Бачаҳо дар эҷоди маҳсулоти расонаи таҷриба надоштанд, аммо онҳо дер боз орзу доштанд, ки  дар бораи одамони шунавоишон заъиф нақл кунанд. Ва  мехостанд, ки бо истифода аз тарҷумон ба забони имову ишора сӯҳбат кунанд.

– Дар Тоҷикистон ман муҳтавои видеоиеро надидаам, ки ба забони имову ишора бошад,умуман, дар кишвари мо тарҷумонҳо хеле каманд, онҳо ҳатто дар беморхона ё суд ё полис нестанд. Агар шахси дорои нуқсони шунавоӣ бо сохторҳои давлатӣ  муроҷиат карданӣ шавад, барояш хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, мо орзуманди таъсис додани як маркази махсусе ҳастем, ки тарҷумонҳои  забони имову ишора дошта бошад, ”- мегӯяд Маҳмудҷон.

Зимни муаррифии ширкаткунандагон дар Озмоишгоҳи моҳи июл, лоиҳаи  созмони “Дурнамо” бо номи “Олами хомушӣ” яке аз намоёнтаринҳо ва ғолиби он гардид. Иштирокчиён барои ташкили он грант гирифтанд, саҳифаи лоиҳаро дар ФБ кушоданд ва ба кор шурӯъ карданд. Ҳамчун тарҷумони забони имову ишора Маҳмудҷон ва Эркин Зарина Азамоваро  ҷалб намуданд.Ӯ раиси Ҷамъияти одамони дорои нуқси шунавоӣ дар вилояти Суғд буда, забони  имо ваишораро аз кӯдакӣ медонад, зеро волидонаш  одамони  дорои маъюбият ҳастанд. Маҳмудҷон ва Эркин яке аз сужетҳои аввалини худро ба  Зарина бахшидаанд.

“Чунин ҳам шуда буд, ки  бо модарам дар микроавтобус сӯҳбат мекардем ва ба мо механдиданд, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз модарам шарм накардаам ”,- мегӯяд Зарина дар ин сужет.

Зарина Азамова

Сарфи назар аз он, ки дар сюжет оид ба  Зарина камбудиҳо ва хатоҳои зиёд ҷой доранд, қаҳрамон чунон  муассир аст, ки аз идомаи тамошои ин ҳикоя даст кашидан душвор аст. Аз рӯи  шумораи тамошоҳо (3.1 ҳазор барои лоиҳаи нав дар Фейсбук нишондиҳандаи хуб мебошанд). Ба бинандагон  низ ин видео писанд омадааст.

Кормандони  лоиҳа ба сюжет дар бораи Мастона, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ кор мекунад  ва орзуи харидани хонаро дорад. тарҷеҳ медиҳанд, аммо муваффақияти бузургтарини Маҳмудҷон ва Эркин ин достони бениҳоят зебои Азим Ҳусейнови 29-сола буд, ки бо забони имову ишора гуфт, ки  чи тавр мехоҳад ба толори варзишӣ равад, аммо  наметавонаду маҷбур аст дар майдончаҳои кушодаи Хуҷанд  ба варзиш машғул шавад; ё дар бораи он ки чӣ тавр  натавонист духтари  писандидаашро хостгорӣ кунад ва ӯ  бо дигаре издивоҷ кард; ва чӣ гуна ӯ ва дӯсташ ба тозагӣ тиҷорати худро оғоз кардаанд, – онҳо собунҳои хушбӯй   мепазанд ва ҳама умедашон барои беҳтар намудани  вазъи молиявиашон дар ҳамин кор аст.

Ин сюжет дар Фейсбук 10,000  томошобин пайдо намуд ва ба Маҳмудҷон ва Эркин дар паёмҳо пешниҳоди харидорӣ намудани тамоми собунҳои Азим ва дӯсташ тайёрнамударо доданд.

“Аммо Азим ҳоло собунҳояшро фурӯхта наметавонад, зеро вай ҳуҷҷате надорад ва то ҳол тиҷорати худро боз накардааст. Ҳоло ӯ ба  таҳияи ҳуҷҷатҳо машғул аст ва сипас метавонад тиҷорати навашро  роҳандозӣ намояду фурӯшро оғоз кунад ва мо  ба ӯ кӯмак мерасонем. ”,- шарҳ медиҳад Маҳмудҷон.

Азим Хусейнов

Ғайр аз ин, як донишҷӯ аз Хуҷанд ба Маҳмудҷон занг зада, мехост маблағи машғулиятҳои фитнесро барои Азим пардохт кунад, аммо Азим  пешниҳодро рад кард.

Ӯ гуфт, ки  баряш боиси хиҷолат аст, ки аз донишҷӯ пул  бигирад, вале  агар ягон толори варзиш хоҳад, ки кӯмакаш кунад, он гоҳ ӯ розӣ мешавад,- тавзеҳ медиҳад Маҳмудҷон.

Муаллиф мегуяд, ки лоиҳа идома хоҳад ёфт, зеро одамони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки нуқсонҳои шунавоӣ доранд ва мехоҳанд сагузашташонро нақл кунанд, ба онҳо муроҷиат кардаанд.

– Вақте ки мо ба одамони дорои нуқси шунавоӣ роликҳоямонро бо забони имову ишора нишон додем, онҳо мисли кӯдакон шодӣ мекарданд, зеро тақрибан 20 сол муҳтавои маҳаллиеро надидаанд, ки барояшон комилан фаҳмо бошад  , пас мо бояд корамонро идома диҳем, – мегӯяд Маҳмудҷон.

Қиссаҳои маъмулии одамони ғайриоддӣ

Дуюмин дастаи муваффақ  дар Озмоишгоҳ ҷавонони ташкилоти ҷамъиятии «Узбеклар чамъиятӣ» буданд, ки бо диаспораи ӯзбекҳои этникии вилояти Суғд кор мекунанд. Воқеан Уктам Ризаев ҳам, ки ташкилотро намояндагӣ мекард, тасмим гирифт, ки лоиҳаи худро ба одамони дорои  маъюбият бахшида, дар бораи онҳо нақл кунад.

– Одамони дорои норасоиҳои ҷисмонӣ зуд-зуд бо ташкилоти мо ба умеди ягон хел дастгирӣ ё кӯмак муроҷиат мекарданд ва мо на ҳама вақт онро дода метавонистем, аммо  аз тарафи дигар дар бораи ҳаёти онҳо ва мушкилиҳои ҳамарӯзаи онҳо огоҳ шудем. Ва ин  шахсан ба ман хеле таъсир расонд. Аз ин рӯ, вақте ки ман мавзӯи лоиҳаро интихоб кардам, ман  ба мавзуи одамони  дорои маъюбият тарҷеҳ додам ва хостам дар бораи онҳо  ҳикоя кунам, ки чӣ тавр  онҳо қаҳрамонанд ва лоиҳаи «Интихоби будан дар байни ҳама»-ро пешниҳод кардам, – гуфт Уктам.

Уктам Ризаев

Уктам, ба монанди дастаи “Дурнамо” таҷрибаи кор бо расонаҳо надошт. Вай ба дастгирии расонаҳои хабарӣ дар вилояти Суғд ноил шуд ва ба кор шурӯъ кард. Яке аз аввалин қаҳрамонони сюжеташ ҷавондухтари зебо Машҳура Ҳамробоева буд, ки 24 сол дар хона нишаста, аз он берун наомада буд.

“Ман дар хона менишастам ва шарм медоштам, ки ба берун бароям , дар хона курпача дӯхтам”, – мегуяд дар сюжет Машхура.

Аммо баъдан ӯ  дар худ неру пайдо кард, шаҳодатномаи ронандагӣ  гирифт ва сари фармони мошин нишаст, зеро аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода карда наметавонист; бозии баскетболро дар аробачаи маъюбӣ ёд гирифт, издивоҷ кард ва тиҷорати худро кушод. Уктам ин достонро  дар сюжет нақл кард ва онро дар сафҳаи  Facebook-ии лоҳа нашр кард.

Ҳамчунин  дар бораи Муйасара Деҳконова, ки дар 27-солагӣ аллакай 200 шогирд дар ҳунари муҳрабофӣ дорад ва рушди эҷодӣ ӯ ,сюжети илҳомбахше сохтанд.

Муясара Дехконова

Аммо бо  лоиҳаи “Интихоби будан  дар байни ҳама” на  ҳама чиз  роҳату хуб буд. Дар аввал Уктам тасмим гирифт, ки муҳтаворо бо забони русӣ таҳия кунад, то  фарогирӣ васеътар бошад, аммо пас аз нашри  нахустин  дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зери борони танқидҳо барои хатоҳои грамматикӣ  монд ва хеле нороҳат шуд. 

– Ман худам дар маҳаллае 45 километр  дуртар аз Хуҷанд зиндагӣ мекунам ва бегоҳ, вақте ки кори асосиро ба анҷом расондам, ба шабакаҳои иҷтимоӣ  сар задам ва  танқидро дидаму фавран пайи  ислоҳи хато нишастам. Баъдан фаҳмидам, ки ман бояд дар офис шаб бимонам  ва ҳамин тавр то соати сеи шаб нишастаму ислоҳ кардам. Ва аз уҳдаи ҳамааш ҳам набаромадам . Аммо боке нест, ин ҳам барои ман як таҷрибаи бузург  шуд. Ҳоло ман бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, ки хуб баладам, муҳтаво хоҳам сохт», -шарҳ медиҳад Уктам.

Вай нияи лоиҳаи худро идома додан дорад, зеро  чунин мешуморад, ки бояд ҳикояҳои муваффақи одамони дорои маъюбият гуфта шаванд. Гузашта аз ин,  вақте ки қаҳрамонони арзанда ҳастанд.

Озмоишгоҳи  муҳтавои фарогир  барои Тоҷикистон қолаби навест, ки дар он мафҳуми фарогир  ба маънои  раванди воқеии шомилшавии гурӯҳҳои мухталифи одамон ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ва иштироки баробар дар он мебошад. Дар доираи ин Озмоишгоҳ иштирокчиён дар якҷоягӣ бо менторҳо лоиҳаҳои  расонаӣ таҳия мекунанд ва онҳоро ба ҳайати ҳакамон,  пешниҳод мекунад, то ки  дар навбати  худ онҳо ғолибонро муайян кунанд. Лоиҳаҳои беҳтарин  дастгирии молиявӣ   меёбанд. Ин форматро Интернюс барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷомеа тавассути лоиҳаҳои муштараки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма пешниҳод кардааст.

Мавзӯи  Озмоишгоҳи соли 2019 ба фаъолнокии ҷавонон бахшида шуда буд ва ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” дар асоси озмун ҳамчун шарик интихоб  гардида буд.

Мавзӯи  дуввуми Озмоишгоҳи муҳтавои фарогир, ки моҳи апрели соли 2020 баргузор мегардад, ба соҳаи таҳсилот дар Тоҷикистон бахшида мешавад. Он дар натиҷаи пурсиши онлайнии беш аз 30 коршиноси бозори расонаҳо  муайян карда шуд. Панҷ дархост барои озмуни Озмоишгоҳи муҳтавои фарогир  пешниҳод  шуд, ки дар натиҷаи кори ҳакамони байналмилалӣ, созмони «Вечерний  Душанбе» ғолиб дониста шуд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *