Рузноманигорони ҷавон, фаъолон ва блогнависон аз гушаву канори кишвар дар таҳияи лоиҳаҳои расонаии муштарак оид ба контент-озмоишгоҳи фарогир дар мавзуи фаъолнокии ҷавонон- (Inclusive Content Lab) иштирок мекунанд, ки алҳол дар истироҳатгоҳи “Шоҳамабарӣ” дар ноҳияи Ҳисор баргузор мегардад.
Лоиҳаҳои беҳтарин дар фарҷоми озмун ба гирифтани бурсия сазовор шуда, онро дар амал татбиқ мегардонанд.
Дар ин Озмоишгоҳ ҳамагӣ 25 ҷавон аз шумули намояндагони Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, блогнависони ҷавон ва пешоҳангони андешаву афкор аз тамоми Тоҷикистон иштирок доранд. Иштирокчиён дар 9 даста муттаҳид шудаанд. Ҳар кадоме аз ду-се нафарӣ иборатанд ва ҳар даста идеяи лоиҳаи расонаии дорои аҳамияти иҷтимоии худро пешниҳод мекунад, ки ба ҳали мушкилот тавассути ҷалби васеи ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
-Иштиркдорон идеяҳои хубе дар мавзуъҳои бисёр муҳими иҷтимоӣ пешниҳод намуданд, вале ҳангоми рунамоии лоиҳаҳои баъзе дастаҳо маълум шуд, ки онҳо барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа равона шудаанд, вале бидуни иштирокои кофиии расонаҳо дар ин раванд. Мо бо кумаки менторҳоямон алҳол идеяҳои лоиҳаҳои иштирокдорон”аз нав бастабандӣ” мекунем, яъне ба онҳо қолаби расонаӣ медиҳем. Ростӣ, идеяҳояшон бароям писанд аст ва ҳам худи муҳит, ки 95% ҷавонони то 25 солаанд. Аксарияташон дар сатҳи хеле баланд лоиҳаҳояшонро муаррифӣ намуданд,- мегуяд Тимур Нурлобеков- роҳбари созмони “Фидокор”.
Проблемаҳое, ки иштирокдорони ин Озмоишгоҳ мехоҳанд ҳал кунанд,гуногунанд: мушкилоти муҳити зист,масалан, кандани дарахтон ё мавҷуд набудани коркарди партовҳо; дастрасии одамони имконоташон маҳдуд-ношунавоҳо ва дигарон ба иттилоот ва ғайра. Акнун иштирокдоронро лозим меояд , ки дар бораи ин мушкилот тавре қисса кунанд, ки аз ҷониби ҷомеа шунида шаванд.
Дар назди иштирокдорони Озмоишгоҳ алакай коршиноси расонаии рус, дотсенти кафедраи рузноманигорӣ ва иртибототи оммавии Донишгоҳи давлатии Перм -Иван Печишев баромад кард. Номбурда дар бораи он нақл кард, ки чи тавр бояд расонаҳои муосир бо ҷавонон ҳамкорӣ намоянд. Коршиноси расонаҳо аз Тоҷикистон-Ҷамшед Маъруфов ба иштирокчиёни Озмоишгоҳ беҳтарин лоиҳаҳои чандрасонаии Осиёи Марказиро нишон дод, ки онҳо метавонанд худашон амалӣ намоянд. Баромади дигар коршиносон ҳам дар назар аст.
Озмун барои гузаронидани Озмоишгоҳ аз ҷониби Интернюс дар моҳи апрели соли ҷорӣ эълон шуда буд ва тибқи натиҷаҳои он “Фидокор”ғолиб омад.
-Мо дар ин озмун барои он ғолиб омадем, ки таҷрибаи амалӣ намудани лоиҳаҳои ба он монандро доштем. Дар маҷмуъ барои иштирок дар ин Озмоишгоҳ бештар аз 40 нафар дархост фиристода буданд, мо барои шаффофият иштирокдоронро якҷоя бо намояндагони Интернюс интихоб намудем, -мегуяд Тимур Нурулобеков.
Ҳар як даста-иштирокчӣ аз намояндагони ВАО-рузноманигорон ва блогнависон ва намояндагониТҒД-пешоҳангони афкору андешаҳоиборат буда, омодаанд, ки дар якҷоягӣ лоиҳаҳои расонаии воқеӣ ва навоварона созанд.
Ҳамаи лоиҳаҳо дар рафти кори Озмоишгоҳ рунамоӣ мешаванд;дар натиҷаи овоздиҳии ҳакамони мустақил, ки аз коршиносони расонаҳо ва мутахасисони ТИ иборатанд, ғолибон муайян хоҳанд шуд. Дастаҳои беҳтарин кумаки молӣ барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳояшон ва ҳамчунин дар вақти иҷрои кор кумакҳои машваратӣ мегиранд.
Қабл аз рунамоии лоиҳаҳо ҳар даста бо коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ машваратҳо мегузаронад ва метвонад ҳамроҳ бо онҳо, бо истифода аз донишҳои дар ин Озмоишгоҳ ба даст оварда, лоиҳаро такмил диҳад.
Созмондиҳандагони Контент-озмоишгоҳи фарогир оид ба фаъолнокии ҷавонон -Inclusive Content Lab -ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» дар якҷоягӣ бо Internews дар Тоҷикистон дар доираи барномаҳои расонаии Осиёи Марказӣ MediaCAMP ҳастанд, ки аз ҷониби Агенти ИМА оид ба рушди байналмилалӣ – USAID маблағгузорӣ мешавад.
Муфассалтар дар бораи барномаи расонаии Осиёмарказӣ, оид ба созмони Интернюс дар ҷаҳон ва дар Тоҷикистон, лутфан, дар ҳамин ҷо бихонед.