Интернюс шаш лоиҳаи нави (стартап) расонаиро дар Қазоқистон ва Тоҷикистон омода мекунад

Се стартапи расонаӣ аз Қазоқистон ва сето аз Тоҷикистон иштирокчии акселератори минтақавӣ барои расонаҳои ҷавон ва расонаҳои фармати ҷадид шуданд. Дар давоми чор моҳ онҳо  усулҳои банақшагирии контент, устувории молиявӣ ва рушди стратегиро ба таври амиқ меомузанд . Ду лоиҳаи беҳтарин аз рӯи натиҷаҳои барнома  барои рушди минбаъдаашон  грант хоҳанд гирифт. Корҳои ташкилии Акселератори расонаӣ 2020-ро ширкати «Имкон Консалтинг» аз Тоҷикистон баргузор хоҳад кард.

Дар чунин формат акселератори расонаӣ дар минтақаи мо бори аввал сурат мегирад. Дар аввал, Интернюс дар байни созмонҳое озмун эълон кард, ки метавонанд ҳамчун ташкилкунандаи тамоми чорабинӣ баромад кунанд,. Дар озмун чаҳор созмон аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд ва доварони байналмилалӣ ширкати «Имкон Кансалтинг»-ро аз Тоҷикистон интихоб карданд. Роҳбари он Замира Самадова соҳиби се дипломи маълумоти олӣ ва  дар Тоҷикистон  ягона дорандаи Шаҳодатномаи – Мушовири идоракунӣ (Certified Management Consultant) мебошад, ки танҳо ду фоизи мутахассисон дар ҷаҳон чунин шаҳодатномаро доранд.

– Акселератор барои кишварҳои мо хеле муҳим аст, зеро ширкатҳои расонаие, ки на ҳамчун сохторҳои тиҷоратӣ, балки ба хотири идея таъсис дода мешаванд, мутаассифона, муваффақ намешаванд. Бозор муносибати тиҷоратиро тақозо мекунад, то ки тамоми идеяҳои бузург “зиндагиашон”-ро идома диҳанд,- мегӯяд Замира Самадова.

Ҳамзамон бо ҷустуҷӯи ташкилкунандаи акселератори ВАО дар ҳарду кишвар, ҷустуҷӯи иштирокчиён барои ин чорабинӣ оғоз ёфт. Барои озмуни мазкур аз Қазоқистон 20 дархост ва аз Тоҷикистон 8 дархост  ворид шуд; аз  идеяҳои қабулшуда доварони байналмилалӣ аз ҳар як кишвар сетоӣ ,яъне шаш пешниҳоди беҳтаринро интихоб карданд.

Дар Қазоқистон инҳо ғолиб шуданд:

UyatEmes.kz – сайти мавҷудаи таълимӣ барои наврасони қазоқ ва волидони онҳо.. Ҳадафи лоиҳа  баланд бардоштани саводнокии наврасон дар масъалаҳои муносибаитҳои ҷинсӣ ва солимии репродуктивӣ  аст.

ME OK” – идеяи лоиҳаи расонаӣ дастгирии психологӣ аст. Вазифаи асосиаш ба одамон таъмини фазои бехатар барои худшиносиӣ ва ҳамнчунин додани маърифати оммавии психологӣ Самтҳои асосӣ: муносибатҳои солим, муҳофизат аз таҳқир, гигиенаи психологӣ ва ҳимоя, кӯмак ва дастгирии наврасон, кӯдакон, занон баъд аз таваллуди фарзанд ва одамони дорои мушкилиҳо дар зиндагӣ.

Ariapp –  ин барномаи фаъол (MVP) мебошад, ки дар он мутахассисони соҳаи санъат ва ҳунар роҳбаладони савтии (аудиогидҳои)  худро эҷод мекунанд. Ariapp миёнаравиро дар намоишгоҳҳо то ҳадди имкон содда ва дастрас мекунад, ҳатто барои ташаббусҳои хурде, ки одатан барои ташкили хидматрасониҳояҳон иқтидор надоранд. Дар оянда ин барнома барои кори мустақилонаи коршиносон тарҳрезӣ шудааст ва ҳамчун як шабакаи иҷтимоии коршиносӣ бо дастрасии умум ба натиҷаҳои кори коршиносон пешбинӣ шудааст, аммо барои оғоз бояд коршиносонро ҷалб кард ва контентро эҷод намуд.

Дастаҳои беҳтарин  аз Тоҷикистон инҳо дониста шуданд:

Your.Tj,-  лоиҳаи алакай  амалкунандае, ки ҳадафи он рушди  платформаҳои онлайнии дорои контенти босифат ва маърифатӣ мебошад. Муаллифон умедворанд, ки лоиҳаи Your.Tj қисман аналогҳои хориҷиро, ки аудиторияи Тоҷикистон  аз онҳо истифода мебарад, иваз мекунад.

«Сливки Медия» – идеяи лоиҳаи расонаӣ аст, ки ба ҷавонон барои  соҳиби мустақилияти молиявӣ шудан,технологияҳои нав ва афзорҳо/хидматрасонҳоро сарфаҳм рафтан бояд кӯмак кунад. Ғайр аз он, ҳар як ташрифоранда метавонад контенти худро дар сомонаи «Сливки Медиа»  нашр кунад ва дар платформаи асосӣ донишҳои худро мубодила кунад.

 Fin$ity – идеяи лоиҳаи расонаие, ки ҳамчунин ба рушди саводнокии молиявии ҷавонон бахшида шудааст. Эҷод кардани контент дар форматҳои гуногун, ки ба молия ва тиҷорат дар шароити Тоҷикистон бахшида шудаанд, вазифаест, ки гуруҳи лоиҳаи мазкур дар назди худ гузоштааст. Тамоми контент барои интишор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Имкон консалтинг» бо ҷалби тренерҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ барои  иштирокчиён барномаи таълимӣ оид ба банақшагирии контент, устувории молиявӣ ва рушди стратегӣ омода намудааст. Дарсҳо дар муддати чор моҳ, ҳафтае як бор ва бо додани вазифаҳои хонагӣ, тафтиш ва муҳокима онҳо баргузор мешаванд. Сипас озмуни дохилӣ баргузор хоҳад шуд, ки дар натиҷа ду дастаи қавӣ аз Қазоқистон ва Тоҷикистон интихоб мешаванд. Ғолибон аз Интернюс барои рушди лоиҳа грант мегиранд. Ғайр аз он, бдастаи беҳтарин барои чор моҳи пас аз омӯзиш ба дастгирии мураббиён мушарраф мегардад. Мураббиён ба стартапҳо маслиҳат медиҳанд, ки чӣ гуна маблағҳои грантии худро барои рушд дуруст сармоягузорӣ кунанд, то   ки ба натиҷаи  дилхоҳ бирасанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *