«Журналистикаи додаҳо бояд ҳамчун вирус паҳн шавад»: шуъбаҳои додаҳо дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ карданд

Тӯли тақрибан як ҳафта рӯзноманигорони ду нашрияи маҳаллӣ – «Азия Плюс» ва «Нуқта» якҷоя бо тренерони тоҷик ва хориҷӣ бар рӯи дода-лоиҳаҳои худ кор карданд. Муаллифон дар ҳоли таҳияи дода-рӯйдодҳои калон дар бораи ифлосшавии ҳавои Душанбе, савдои берунии Тоҷикистон ва ғайра ҳастанд. Дар ояндаи хеле наздик ин маводҳо дар сомонаҳои нашрияҳо интишор хоҳанд шуд, ҳарчанд рӯзноманигорон ҳангоми таҳияи онҳо ба мушкилоти зиёде дучор шуданд.

Сарфи назар аз он, ки ҳоло самти big-data барои рӯзноманигорони саросари ҷаҳон актуалӣ ба шумор меравад, дар Тоҷикистон ба рушди журналистикаи додаҳо худи кормандони расонаҳо бо шубҳа менигаранд. Гап дар сари он аст, ки дар ҷумҳурӣ ба даст овардани иттилоот хеле душвор аст ва сохторҳои давлатӣ тақрибан додаҳоро ба ҷомеа намедиҳанд.

Андрей Газин, рӯзноманигор ва мутахассиси таҷассуми (визуализатсияи) додаҳо аз Украина, ки бо нашрияҳо дар Тоҷикистон кор мекунад, мегӯяд: “Журналистикаи додаҳо воқеан бидуни додаҳо наметавонад вуҷуд дошта бошад. Албатта, агар дар кишвар таҷрибаи нашри маҷмӯаҳои босифати додаҳо (муфассал, сохторӣ, бо мошин хондашаванда) вуҷуд надошта бошад, агар қонунгузорӣ оид ба додаҳо (ва портали додаҳои озод) вуҷуд надошта бошад, рӯзноманигорон маҷбур мешаванд дода барои рӯйдодҳоро бо роҳҳои дигари имконпазир (скрейпинг, коркарди pdf, дархостҳо барои дастрасӣ ба иттилооти ҷамъиятӣ) ба даст оваранд. Дар чунин шароит муҳлати тавлиди як рӯйдод (мақола) асосан ба он вобаста аст, ки барои гирифтани додаҳо ва ба шакли дилхоҳ даровардани он чӣ қадар вақт сарф мешавад. Ва рақобат байни нашрияҳои гуногун на дар сатҳи сифати таҳлил ё визуализатсия, балки дар сатҳи дастрасӣ ба додаҳо сурат мегирад.

То ҳол рӯзноманигорони Тоҷикистон ба он чизе ки доранд, қаноат мекунанд. Дар давоми як ҳафтаи будубоши омӯзишӣ дар Душанбе, ки аз ҷониби Андрей ва ҳамкорони ӯ аз Қирғизистон – Алтынай Мамбетова ва Тоҷикистон – Рустам Гулов барои нашрияҳои «Азия Плюс» ва «Нуқта» баргузор шуд, рӯзноманигорони навкор дар самти додаҳо роҳҳои нави гирифтани иттилоотро кашф карданд.

Ин резиденсияҳо (будубоши омӯзишӣ) як қисми лоиҳаи «Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ» дар доираи барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) бо дастгирии молиявии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон лоиҳаро Internews амалӣ мекунад; ҳар ду нашрия ғолиби озмуни семарҳилаӣ гардиданд ва ҳоло шуъбаҳои додаҳои худро ташкил карда истодаанд.

Масалан, дар нашрияи «Азия-Плюс» шуъбаи навро Баҳманёр Нодиров роҳбарӣ мекунад. Вай кайҳо боз ба журналистикаи додаҳо таваҷҷуҳ пайдо карда буд, аммо аз сабаби имконнопазирии ба даст овардани иттилоотии зарурӣ на ҳамеша дар ин формат кор мекард.

– Дар давоми ин резеденсия (будубоши омӯзишӣ) бисёр чизҳои нав буданд, аммо ман муҳимтарин маҳоратҳоро номбар мекунам, ки барои рӯзноманигорони маҳаллӣ муфид хоҳанд буд. Масалан, мо ҷустуҷӯи додаҳо дар сарчашмаҳои байналмилалӣ, кор бо пойгоҳи додаҳои нисбатан калон, муттаҳид ва якҷоя кардани чанд ҷадвали додаҳо, тоза кардан ва ба формати ягона табдил додани онҳоро бо формулаҳо ва барномаҳо омӯхтем. Ба мо фаҳмониданд, ки чӣ гуна иттилоотро аз PDF ва саҳифаҳои сканшудаи маҷмӯаҳои оморӣ ба формати бо мошин хондашаванда интиқол диҳем, – мегӯяд Баҳманёр.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ба ҷуз аз надоштани иттилоот, рӯзноманигорон мушкили дигар ҳам доранд – таҷрибаи кам.

-Дар кишвари мо журналистикаи додаҳо нав дар ҳоли инкишофёбист ва бидуни дастгирии роҳнамоӣ (менторӣ) пеш рафтан дар ин соҳа хеле душвор хоҳад буд, – шарҳ медиҳад ӯ.

Дар давоми ин резеденсияҳо (будубоши омӯзишӣ) тренерон ва рӯзноманигорон дар ҳар як лоиҳа ҳамроҳ кор мекарданд ва дар ниҳоят ба пеш ҳаракат карданд. Лозим омад баъзе мавзуъҳоро тағйир диҳем, аз дигараш даст кашем, аммо барои дода-маводҳое, ки аллакай дар ҳоли таҳия ҳастанд, гурӯҳҳо ба ҳар ҳол иттилооти заруриро ёфтаанд ва аллакай онҳоро барои нашр омода мекунанд. Масалан, гурӯҳи «Азия-Плюс» дода-лоиҳа оид ба осебпазирии иқтисоди Тоҷикистонро таҳия мекунад, гурӯҳи «Нуқта» пас аз таҳлили иттилоот дар бораи сифати ҳаво дар Душанбе муайян кардааст, ки дар ду соли қаблӣ – солҳои 2020 ва 2021, ҳавои пойтахт ҳамагӣ ду рӯз тоза буд.

— Резеденсия (будубоши омӯзишӣ) ба пешрафти бисёр хубе дар омода кардани маводҳо кумак намуд. Азбаски мо мустақиман бо мураббиён (менторҳо) офлайн бар рӯии мавод кор мекардем, мо мавзуъҳоро дубора муҳокима кардем, фокусҳо ва додаҳои нав пайдо кардем ва ҳатто мавзуъҳои нав гирифтем ва дар мавриди онҳо ба кор шуруъ намудем. Мо ҳамроҳ абзорҳои навро истифода бурдем ва дар амалия ба мо ҳама чизро нишон доданд. Метавон гуфт, кореро, ки дар як моҳ анҷом медодем, дар чанд рӯзи резиденсия (будубоши омӯзишӣ) иҷро намудем, зеро мураббиён (менторҳо) дар канорамон буданд, – мегӯяд Баҳманёр.

Андрей маслиҳат медиҳад, ки стратегияи нашрия бояд инҳо бошанд: ҳамаҷониба донистани кулли манбаъҳои имконпазири додаҳои озод (миллӣ ва байналмилалӣ), омӯхтани методҳои истихроҷи додаҳо (data mining) (истихроҷи иттилоот аз pdf, саҳифаҳои веб, овардани додаҳои бидуни сохтор ба шакли ҷадвалӣ), такмил додани ҳунари баён дар дархостҳо барои дастрасӣ ба иттилооти озод, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо  мудирони додаҳо (масалан, анҷом додани лоиҳаҳои муштарак бо онҳо).

– Васеъ кардани дастрасӣ ба додаҳои озод аксаран як масъалаи сиёсӣ аст, – мегӯяд Андрей, – яъне баъзе тағйироти қонунгузориро тақозо мекунад – масалан, тағйирот (ё пайдоиши) қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилооти ҷамъиятӣ, пайдоиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба иттилооти озод. Рӯзноманигорон метавонанд лоббистҳои (ташвиқгарони) ин тағйирот шаванд –  онҳо метавонанд ҳикояҳоеро нақл кунанд, ки арзиши додаҳои озодро нишон медиҳанд, барои ин зарур аст, ки чанд ҳикояи дурахшон ва муҳимме пайдо шаванд, ки пешвоёни афкор, сиёсатмадорон ва фаъолон дар бораи онҳо суҳбат кунанд. Журналистикаи додаҳо бояд вирусӣ шавад.

CАМТ 2: «Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ» дар доираи барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) бо дастгирии молиявии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа ин фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) ба баланд бардоштани самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти татбиқи сиёсати иқтисодӣ аз рӯи афзалиятҳои интихобшудаи ислоҳот дар Кирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон нигаронида шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *