Ғолибони озмуни Интернюс барои дастгирии тавлиди филмҳои мустанади «Формати DOC» чӣ гуна интихоб шуданд

Дар ин озмун 14 лоиҳа аз се кишвар ғолиб шуданд. Номи онҳо дар маводҳои ҷудогонаи дохили кишвар  дар саҳифаҳои мо нашр карда мешавад.

Аммо чизи ҷолибтар ва муфидтар, аз ҷумла барои иштироккунандагони озмунҳои ояндаи мо, фаҳмидани он аст, ки лоиҳаҳо барои дастгирӣ аз рӯи кадом меъёрҳо интихоб мешаванд, ҳайати доварон чӣ гуна ташкил карда мешаванд, питчинг чӣ қадар давом мекунад ва дар маҷмӯъ барои дар рӯйхати ғолибони озмун қарор гирифтан бояд кадом марҳилаҳо тай карда шаванд.

Бояд гуфт, ки “Формати DOC имсол бори аввал баргузор гардид. Қабл аз ин мо тавлиди филмҳои мустанадро дар доираи озмунҳои дигар дастгирӣ мекардем ва  дар он ҷо иштиёқи зиёди тавлидкунандагони муҳтаво (контент) ба синаморо мушоҳида намудем: бисёриҳо мехостанд дар филмҳои мустанад қувваи худро санҷанд. Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки озмуни ҷудогона гузаронем.

Мо озмунро  21-уми январи соли 2022 эълон кардем. Он минтақавӣ буд: идеяҳо якбора аз се кишвар – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қабул шуданд. Иштироккунандагон метавонистанд идеяи филми мустанадро бо забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва/ё русӣ пешниҳод кунанд.

Довталабон бояд идеяи худро тавре пешниҳод мекарданд, ки битавон тасаввур кард, ки филм чӣ гуна хоҳад шуд, дар бораи қаҳрамонҳо ва маконҳои филмбардорӣ суҳбат кард, потенсиали бинандагонро тавсиф кард ва буҷетро асоснок намуд. Инчунин, аҳамият ва арзиши иҷтимоии мавзӯи филми мустанад муҳим буд.

Қабули дархостҳо дар Қазоқистон ва Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал ба охир расида, дар Ӯзбекистон муҳлати ниҳоӣ (дедлайн) то 15-уми феврал тамдид шуд.

Дар маҷмуъ, ба озмун 79 дархост пешниҳод шуд: 52 дархост аз Қазоқистон, 23 дархост аз Тоҷикистон ва 4 дархост аз Ӯзбекистон. Азбаски барои ҳайати доварон баррасии ин миқдор идеяҳо ғайриимкон аст ва ғайр аз ин, шояд дар байни онҳо идеяҳои номатлуб низ бошанд, кормандони Internews интихоби техникӣ (дар ҳар як кишвар ҷудогона) гузарониданд. Мо лоиҳаҳоеро интихоб кардем, ки муаллифонашон метавонанд ба даври сеюм – питчинг роҳ дода шаванд ва дархостҳоеро, ки ба меъёрҳои озмун ҷавобгӯ набуданд, рад кардем, масалан: аз расонаҳои давлатӣ пешниҳод шуда буданд, буҷети беасос доштанд ва ба ҳадафҳои озмун ҷавобгӯ набуданд.

Дар натиҷа 25 дархост аз се кишвар барои питчинг интихоб шуданд. Ба шорт-листи “Формати DOC” 12 муаллиф аз Қазоқистон, 10 нафар аз Тоҷикистон ва 3 нафар аз Ӯзбекистон шомил шуданд.

Дар баробари қабули дархостҳо тавассути озмуни кушод ( ки дар боло муфассал тавсиф шудааст), Internews Мактаби минтақавии филмҳои мустанадро баргузор намуд. Дар он созандагони мустанад ва хоҳишмандоне, ки мехоҳанд мустанадсоз шаванд, аз се кишвар ширкат варзиданд. Мо муаллифони ба шорт-листи озмун дохилшударо ҳамчун шунавандагони озод ба ин мактаб даъват кардем, то онҳо ҳам тавонанд дар курси назариявии устодони байналмилалӣ ширкат кунанд. Ва барои донишомӯзони Мактаб (на аз ҷумлаи ин шунавандагони озод), дар навбати худ, Internews имконият фароҳам овард, ки ҷиҳати таҳияи филмҳои худ дастгирӣ гиранд, аз ин рӯ онҳо низ ба питчинги “Формати DOC” даъват шуданд. Барои ин ба онҳо лозим омад, ки саволномаеро бо ҳамон саволҳое пур кунанд, ки иштироккунандагони озмуни кушод ҷавоб доданд. Ба мактаб 15 идея фиристода шуд: 5 идея – аз донишомӯзони қазоқ, 5 идея – аз донишомӯзони Тоҷикистон ва 5 идеяи дигар – аз Ӯзбекистон.

Ҳамин тариқ, одамони иштироккунанда дар питчинг ду гурӯҳро ташкил карданд: донишомӯзони Мактаби филмҳои мустанад (15 муаллиф) ва иштироккунандагони озмуни кушод (25 нафар) – ҳамагӣ 40 нафар.

Ба ҳар кадоми онҳо барои ҳимояи лоиҳа вақти муайян таъйин карда шуд. Питчинг на танҳо аз рӯйи географияи лоиҳаҳо, балки аз рӯйи забонҳо ҳам омехта буд: муаллифон метавонистанд идеяҳои худро ҳам ба забони русӣ ва ҳам бо забонҳои миллӣ пешниҳод кунанд. Internews барои онҳо тарҷумон гирифт. Ҳайати доварон байналмилалӣ буданд ва на ҳама аъзои он якбора чор забонро мефаҳмиданд. Барои ҳар як баромадкунанда бо забони русӣ 10 дақиқа (барои пешниҳоди лоиҳа панҷ дақиқа, барои посух додан ба саволҳои коршиносон панҷ дақиқа) вақт ҷудо карда шуд. Барои онҳое, ки бо забони миллӣ ҳарф мезаданд, 15 дақиқа (ҳафт дақиқа барои муаррифӣ, ҳашт дақиқаи боқимонда барои посух додан ба саволҳои коршиносон) вақт ҷудо карда шуд, зеро тарҷума низ вақти муайянеро мегирад.

Дар натиҷа, питчинг се рӯз давом кард:

– 15-уми март ҳайати доварон донишомӯзони Мактаби филмҳои мустанад аз ҳар се кишвар ва иштироккунандагон озмуни кушод аз Ӯзбекистонро шуниданд;

– 16-уми март  иштироккунандагон озмуни кушод аз Қазоқистон ва Тоҷикистон шунида шуданд;

– 17-уми март маҷлиси хотимавии комиссия баргузор шуд – ҳайати доварон ғолибонро муайян карданд.

Ба ҳайати доварон коргардонҳо, филмноманависон, коршиносони филмҳои мустанад аз кишварҳои минтақа ва Русия, аз ҷумла кормандони Internews, ки ба омӯзиши ин формат ва инкишофи дастгирии чунин лоиҳаҳо машғуланд, шомил буданд.

 Онҳо ҳамаи дархостҳоро мувофиқи меъёри ягона арзёбӣ карданд:

– аҳамият ва арзиши иҷтимоии мавзўи филм;

– рӯйкарди муаллиф ба он / роҳиҳалли драмавӣ;

– дараҷаи омӯзиши мавзуъ: вуҷуди қаҳрамонон, маконҳо;

– тасаввурот дар бораи чӣ гуна ба навор гирифтани филм, асосдор кардани сабки интихобшуда;

– нақшаи тавлид, зарфияти тамошобин, нақшаи паҳнкунӣ;

– ҷузвдони дархосткунанда;

– асосдор кардани буҷет.

Аз рӯи ин меъёрҳо ҳар як аз ҳайати доварон хол доданд. Баъд дар финал онҳо ҷамъбаст карда шуданд. Ғолибон аз байни онҳое, ки холҳои баландтаринро соҳиб гардиданд, интихоб карда шуданд. Аз 40 лоиҳаи воридшуда ба питчинги лоиҳаҳо комиссия 14 ғолибро дар ҳар се кишвар интихоб кард:

– панҷ дар Қазоқистон,

– панҷ дар Тоҷикистон,

– чор дар Ӯзбекистон.

Ҳамаи филмҳои муаллифони ғолиб дар солҳои 2022-2023 таҳия ва намоиш дода хоҳанд шуд.

Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *