Ғолибони озмуни «Формати DOC» дар Тоҷикистон маълум шуданд

Панҷ лоиҳа дар ин озмун барои дарёфти грант ҷиҳати тавлиди филмҳои мустанад дар Тоҷикистон пирӯз шуданд.

Барои дарёфти «Формати DOC» аз се кишвар ҳамагӣ 79 дархост ворид шуд: 52 дархост аз Қазоқистон, 23 дархост аз Тоҷикистон (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва чаҳор дархост аз Ӯзбекистон. Мусобиқа минтақавӣ буд. Мо онро  21 январи 2022 эълон кардем. Қабули дархостҳо дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал ба поён расид.

Довталабони грант тавассути озмуни кушод бояд идеяи худро тавре пешниҳод мекарданд, ки битавон тасаввур кард, ки филм чӣ гуна хоҳад шуд, дар бораи қаҳрамонҳо ва маконҳои филмбардорӣ суҳбат кард, потенсиали бинандагонро тавсиф кард ва буҷетро асоснок намуд. Инчунин, аҳамият ва арзиши иҷтимоии мавзӯи филми мустанад муҳим буд.

Пас аз интихоби техникии кишварӣ, 10 лоиҳаи тоҷикӣ дар феҳристи кӯтоҳ (шорт-лист) қарор гирифтанд. Аз ин шумора панҷ то ба забони тоҷикӣ ва панҷ тои дигар ба забони русӣ буданд. Қобили зикр аст, ки ҳамзамон дар Internews Мактаби минтақавии филмҳои мустанад барои таҳиягарони филмҳои мустанад ва онҳое, ки мехоҳанд мустанадсоз шаванд, ба фаъолият оғоз кард. Ва муаллифони дар феҳристи кӯтоҳ қарор гирифта имкони беназире доштанд, ки шунавандагони озоди ин мактаб шаванд ва аз устодони байналмилалӣ дарси назариявӣ бигиранд. Ва барои хонандагони Мактаб (на аз ҷумлаи ин шунавандагони озод), дар навбати худ, Internews имконият фароҳам овард, ки барои таҳияи филмҳои худ дастгирӣ гиранд, аз ин рӯ онҳо низ ба питчинги “Формати DOC” даъват шуданд. Аз хонандагони Мактаб аз Тоҷикистон панҷ идея ворид шуд. Ҳамин тавр, довталабон бо ҳам рақобат карданд.

Питчинг дар тӯли се рӯз дар формати онлайн сурат гирифт.

Ба ҳайати доварон коргардонҳо, филмноманависон, коршиносони филмҳои мустанад аз кишварҳои минтақа ва Русия, аз ҷумла кормандони Internews, ки ба омӯзиши ин формат ва инкишофи дастгирии чунин лоиҳаҳо машғуланд, шомил буданд.

Дар натиҷа ҳайати доварон панҷ лоиҳаи беҳтарин дар Тоҷикистонро интихоб карданд, ки онҳо аз ҷониби Internews маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Аз ин шумор ду нафар ғолиб –  хонандагони Мактаби филмҳои мустанад, боқимонда – иштироккунандагони озмуни кушод мебошанд.

Рӯйхати ғолибон:

  • Гулнора Амиршоева, ширкати расонаии «Вечерка» (озмуни кушод барои грант), филм дар бораи иншоотҳои дорои химикатҳои заҳрнок дар Тоҷикистон.
  • Тоҳири Назар, СИ «Фирдавс Насруллозода» (озмуни кушод барои грант), филм дар бораи гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон.
  • Умаров Нуъмон Сулаймонович, ҶДММ «ТРК ТВ5» (озмуни кушод барои грант), филм дар бораи занони маъюб, аз байн бурдани стигмаҳо ва табъиз нисбат ба онҳо.
  • Ардашер Пайванд Гулмуродзода, Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон» (хонандаи Мактаби филмҳои мустанад), филм дар бораи занони тоҷик, ки бо вуҷуди бекорӣ дар кишвар аробаи зиндагиро мардонавор мекашанд.
  • Алиҷон Субҳонзода Ҷалилов, ШТР «Ватан» (хонандаи Мактаби филмҳои мустанад), филм дар бораи муқовимат ва таъсири мутақобилаи мусиқӣ ва дин.

Ҳама филмҳои муаллифони ғолиб дар солҳои 2022-2023 таҳия ва намоиш дода мешаванд. Бархе аз муаллифон ният доранд, ки дар фестивалҳои байналмилалии филм ширкат варзанд.

Маълумоти муфассалро дар бораи чӣ гуна баргузор шудани озмун, чӣ гуна будани рақобат, дар маҷмӯъ дар озмун иштирок кардани чанд лоиҳа, дар ин пайванд (линк) пайдо кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки озмуни «Формати DOC» имсол бори аввал баргузор шуд. Қабл аз ин, мо дар доираи озмунҳои дигар тавлиди филмҳои мустанадро дастгирӣ мекардем, ки дар он ҷо ҷалби зиёди шарикони дорои потенсиалро маҳз ба ин формат мушоҳида кардем. Аксари муаллифон мехостанд филмҳои мустанад эҷод кунанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки як озмуни алоҳида баргузор намуда, созандагони филмҳои мустанад бо забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва/ё русиро дастгирӣ кунем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *