Дар Тоҷикистон ғолибони озмуни грантҳои «Формати хурд» муайян шуданд

Комиссияи интихобии мустақили озмуни идеяҳо барои истеҳсоли муҳтавои (контенти) ватанӣ аз Internews дар Тоҷикистон даҳ ғолибро муайян кард. Дар маҷмӯъ, ба озмун 47 дархост пешниҳод шуда буданд.

Internews дар Тоҷикистон озмуни идеяҳо барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати хурд”-ро дар моҳи январи соли 2022 эълон кард. Барои иштирок дар он шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои онлайн, продакшен-студияҳо, коргардонҳои мустақил, фаъолони санъат, муаллифон ва блогерҳо даъват шудаанд. Ғайр аз ин, лоиҳаҳо бо истифода аз воситаҳои ҷалби мухотабон (аудитория) барои иштирок дар озмун даъват шуда буданд.

Дар маҷмӯъ, 47 дархост қабул карда шуданд. Озмун аз чаҳор марҳила иборат буд: пешниҳоди идеяҳо, интихоби пешакӣ, интихоби техникӣ (барои мувофиқат ба шартҳои озмун), питчинг-сессия – муаррифии идеяҳо дар режими онлайн ва такмили ниҳоии лоиҳаҳо (таҳияи буҷет ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ). Ҳакамони мустақил, ки аз коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ иборат буданд, ғолибони озмунро интихоб намуданд. Даҳ идея беҳтарин буданд:

Созмони ҷамъиятии «Даст ба даст», идомаи лоиҳаи «1+1»;

ҶДММ «Аломат» (Your.tj), идомаи лоиҳаи бизнес-истинод (бизнес-рассылка);

Муаллифи мустақил Ёқуб Ҳалимов, қиссаҳо аз минтақаҳо;

Муаллифи мустақил Алия Хамидуллина, лоиҳаи рушди эҷодкорӣ дар шаҳрҳои хурди Тоҷикистон;

Муаллифи мустақил Алексей Румянсев, аниматсия бахшида ба муҳоҷирати меҳнатӣ;

Созмони ҷамъиятии «Рангинкамон», театри фарогир (инклюзивӣ);

Муаллифи мустақил Ситорабону Киромова, подкастҳо дар бораи зиндагии табақаҳои осебпазири аҳолӣ;

ҶДММ «Нигоҳи Эҷодӣ», Аҳрор Қосимов, қиссаҳо дар бораи духтарони варзишгар;

Созмони ҷамъиятии «Ирода», идомаи лоиҳаи «Мураббиён»;

Созмони ҷамъиятии «Номус ва инсоф», қиссаҳо аз минтақаҳо.

Бояд зикр намуд, ки озмуни Internews дар Тоҷикистон «Формати хурд» бори сеюм дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар поён чанд лоиҳа аз солҳои гузашта пешниҳод карда мешаванд:

Филми мустанад дар бораи як афғон, ки 30 сол боз бидуни шиноснома зиндагӣ мекунад;

Намоишгоҳи маҷозии (виртуалии) рассом Далер Михтоҷов;

Филми мустанади «Мардони рақсанда»;

Филмҳои анематсионӣ дар бораи тасаввуроти қолабии (стереотипҳои) гендерӣ;

Комиксҳои анематсионӣ дар бораи зӯроварӣ дар оила.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *