«Формати хурд-2022»: озмуни грантҳо барои тавлиди муҳтаво (ТАМДИД ГАРДИД)

Internews дар Тоҷикистон озмуни «Формати хурд-2022»-ро эълон мекунад. Идеяҳо барои тавлиди муҳтавои ватанӣ қабул карда мешаванд. 

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 3 феврали соли 2022, соати 18:00 ба вақти Душанбе аст.

ТАМДИД ГАРДИД: то 7 феврали соли 2022, соати 18:00 ба вақти Душанбе аст

Ин озмун барои лоиҳаҳои хурд, вале дурахшон бо идеяҳои ҷолиб, навоварона ва ғайриоддӣ мебошад, ки метавонад дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби як гурӯҳи хурди муаллифон амалӣ карда шавад.

Чунин лоиҳа чӣ гуна буда метавонад? Лоиҳа барои ВАО дар формати анъанавӣ: гузоришҳои махсус, аз ҷумла ҳикояҳои видеоӣ, аниматсия, карикатураҳо ва ғайра. Аммо худро бо классика маҳдуд накунед, лоиҳаҳои таҷрибавӣ барои расонаҳои муосирро пешниҳод кунед, ки дар онҳо маводҳо натиҷаи эҷодкорӣ, санъат, фаъолияти шаҳрвандӣ хоҳанд буд. Чунин идеяҳоро на танҳо дар фазои онлайн, балки дар офлайн низ амалӣ кардан мумкин аст (намоишгоҳҳо, маъракаҳои санъат ва ғ.), аммо ба шарте, ки чунин лоиҳа муҳтаворо ҳам ҳамроҳӣ кунад. Шумо метавонед дар бораи лоиҳаи шабеҳе, ки соли гузашта Internews дастгирӣ карда буд, дар ин ҷо бихонед.

Кадом идеяҳо бешубҳа дастгирӣ намешаванд? Internews ба ВАО-и давлатӣ ва вобаста ба давлат, ҳамчунин ба таъсис ва таблиғи вебсайтҳо, таҳияи филмҳои бадеӣ ва сериалҳо, наворҳои иҷтимоӣ, клипҳои мусиқӣ ва муҳтавои таълимӣ мусоидат намекунад. Озмуни «Формати хурд» дастгирии институтсионалӣ намедиҳад.

Ҳамчунин, дархостҳо барои таҳияи филмҳои мустанад дар ин озмун қабул карда намешаванд, зеро Интернюс барои таҳиягарони филмҳои мустанад озмуни алоҳида баргузор мекунад.

Кадом мавзуъҳоро пешниҳод карда метавонед? Ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад – ҳама мавзуъҳоеро, ки барои шумо муҳим ва дорои талабот ба назар мерасад, интихоб кунед. Аммо дар хотир доред, ки муҳтаво бояд дорои моҳияти иҷтимоӣ ва паём ба ҷаҳон дошта бошад.

Чунин лоиҳа то кай давом карда метавонад? Аз як то шаш моҳ. Барномаҳое, ки дар онҳо мӯҳлатҳои дарозтари татбиқ нишон дода мешаванд, аз интихоби техникӣ намегузаранд.

Кӣ метавонад дар озмуни «Формати хурд» иштирок кунад? Расонаҳои мустақили маҳаллӣ, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ширкатҳои хурди телевизионӣ, радиостансияҳо, студияҳои истеҳсолӣ, муаллифони мустақил, рӯзноманигорон, блогерҳо, рассомон, фаъолон ва дигар гурӯҳҳои эҷодӣ аз Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Муҳтаво метавонад ба кадом забон бошад?  Ба тоҷикӣ ва ё русӣ.

Як гурӯҳ барои лоиҳа чӣ миқдор маблағро метавонад дархост кунад?

Як лоиҳа дар Тоҷикистон метавонад аз 3000 то 5000 доллар дарёфт кунад. Буҷети эълоншуда бояд мувофиқ ва асосдор бошад, агар аз ҳадди болоии буҷети зикршуда гузашта бошад, ариза баррасӣ карда намешавад.

Лоиҳаҳое, ки амалишавии онҳо истифодаи механизмҳои ҷалби аудиторияҳоро пешбинӣ менамоянд, метавонанд маблағгузории иловагиро гиранд.

Интихоб чӣ гуна баргузор мешавад? Озмуни «Формати хурд» дар чаҳор марҳила баргузор мешавад:

Марҳилаи 1 – пешниҳоди идеяҳо

Дар мавзуъҳо маҳдудият вуҷуд надорад, аммо тамоюли иҷтимоӣ муҳим аст. Мо бесаброна интизори пешниҳодҳои ҷолиб ва илҳомбахш оид ба муҳтаво ва формат ҳастем.

Барои пешниҳоди лоиҳаи худ ба озмун, шумо бояд дархости онлайнро пур кунед.

Як гурӯҳ метавонад якчанд идея пешниҳод кунад. Аммо барои ҳар як лоиҳа шумо бояд дархости алоҳида пур кунед.

Марҳилаи 2 – интихоби техникӣ

Пас аз қабули дархостҳо, дастаи Internews интихоби техникӣ мегузаронад. Ҳар як лоиҳа барои мувофиқат ба меъёрҳои озмун баррасӣ мешавад. Муаллифоне, ки маводи аслии расонаӣ пешниҳод накардаанд, наметавонанд ба марҳилаи баъдӣ ворид шаванд. Инчунин, дар ин марҳила, дархостҳое, ки дар онҳо маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод карда нашудаанд, аудиторияи мақсаднок тавсиф карда нашудаанд ё асосдоркунӣ барои хароҷот вуҷуд надоранд, рад карда мешаванд.

Идеяҳои аз ҳама ҷолибтар ва хуб коркардшуда ба даври сеюм роҳ меёбанд. Рӯйхати кӯтоҳ (шорт-лист) аз ҷониби гурӯҳи Интернюс моҳи феврали соли 2022 тартиб дода мешавад.

Ба муаллифони лоиҳаҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои интихоби техникӣ тасдиқ карда шудаанд, барои такмили лоиҳа, тартиб додани буҷет, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ду ҳафта мӯҳлат дода мешавад.

Марҳилаи 3 – презентатсияи идеяҳо

Муаллифони лоиҳаҳои интихобшуда ба сессияи махсуси питчинг даъват карда мешаванд, ки дар он онҳо метавонанд дар давоми 10 дақиқа консепсияи худро дар ҳама гуна шакл пешниҳод намуда, аҳамият ва иҷрои воқеии онро исбот кунанд. Номзадҳоро комиссияи махсуси озмун, ки ба он коршиносони мустақили расонаҳо ва кормандони Интернюс шомиланд, хоҳанд шунид. Ҳангоми омодагӣ ба ҳимояи лоиҳа ин формуларо дар хотир нигоҳ доред: мавзуъи ҷолиб + формати хуб + фаҳмиши аудитория = лоиҳаи хуб.

Дар презентатсия шумо бояд ба доварон дар бораи ҷузъиёти зерин бигӯед:

  • тафсилоти тавлид;
  • аудиторияи лоиҳа;
  • буҷет;
  • маҳсулоти ниҳоӣ.

Баъди презентатсия аъзои комиссия метавонанд саволҳои дақиқкунанда диҳанд ва барои такмили дархости лоиҳа тавсияҳо диҳанд.

Шумо метавонед дар бораи чӣ будани питчинг дар ин ҷо бихонед.

Қарори ниҳоӣ аз ҷониби комиссия дар асоси меъёрҳои зерин қабул карда мешавад: асолати идея ва формат, фаҳмиши аудиторияи бомақсади шумо, диди маҳсулоти ниҳоӣ ва оқилона будани буҷет. Агар шумо дар озмун ғолиб шавед, буҷети шумо метавонад харид ё иҷораи таҷҳизот, инчунин харидани нармафзори иҷозатномадор ё абзорҳои мултимедиявиро дар бар гирад. Илова бар ин, Интернюс дар ҳолати зарурӣ метавонад дар ҷалби мушовирон барои лоиҳа кӯмак расонад.

Марҳилаи 4 – такмил ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо

Дастаи Интернюс бо ғолибон барои таҳияи ҳуҷҷатхои дахлдор, ниҳоӣ кардани дархостҳо ва таҳлили буҷет мувофиқи тавсияҳои аъзоёни ҳайати доварон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Чаро Internews тавлиди муҳтаворо маблағгузорӣ мекунад? Мо мехоҳем, ки расонаҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз фановариҳои муосир ва ҷалби аудитория ба таври касбӣ, дар платформаҳои гуногун ва шаклҳои гуногун дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарин ва печидаи ҷомеа суҳбат кунанд. Мақсад аз баргузории озмун дастгирии истеҳсоли маводи босифати ватанӣ мебошад.

Барои пурсидани ҳар гуна суоли дахлдор, ба нишонии TJ-info@internews.org бо нишон додани мавзуъи мактуб, масалан: «Савол оид ба озмуни «Формати хурд», бинависед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *