Вебинари Internews: Форматҳои ҷалби мухотабон ба лоиҳаҳои расонаҳо

27 январи соли 2022 соати 16.00 ба вақти Душанбе, 17.00 ба вақти Нур-Султон Internews вебинари озод (кушода) баргузор менамояд, ки дар он Мария Рзаева – директори тиҷоратии нашрияи “Бумага” (Санкт-Петербург) дар бораи форматҳои ҷалби мухотабон ба лоиҳаи расона нақл мекунад.

Лоиҳаҳои марбут ба ҷалби мухотабон ба расона кӯмак мекунад, ки на танҳо шумораи мухотабонро афзоиш диҳад, балки як ҷомеаи фикркунанда ва фаъолро дар атрофи редаксия эҷод намояд. Ёфтани коршиносон – шарикон, форматҳои нави монетизатсияи ташаббусҳои расона ва бисёр чизҳои дигар.

Дар вебинар мо имкониятҳоеро баррасӣ мекунем, ки ба расона форматҳои ҷалби мухотабонро фароҳам месозанд, роҷеъ ба он гап мезанем, ки чӣ гуна стратегияҳои самарабахши ҷомеаи фаъол дар атрофи расонаро метавон таҳия кард.

Мисолҳои онлайн- ва офлайн-форматҳои ҷалби мухотабонро баррасӣ мекунем. Ба ғайр аз он, дар бораи имкониятҳои касб кардани маблағгузорӣ барои лоиҳаои ҷалби мухотабон аз Internews дар Қазоқистон ва Тоҷикистон гап мезанем. Ёдовар мешавем, ки имсол лоиҳаҳои ҷалби аудитория дар ҷараёни озмуни «Формати хурд» интихоб карда мешаванд, тафсилоти иштироки довталабони Тоҷикистонро дар ин ҷо пайдо карда метавонед. Озмун барои расонаҳои Қазоқистон дар аввали моҳи феврал эълон мешавад.

Барои сабти ном дар вебинар, лутфан анкетаро пур кунед, пас аз он  линки конфронси ZOOM ба нишонии почтаи электронии зикрнамудаи шумо фиристода мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *