Наққош Маърифат Давлатова намоишгоҳи муаллифиро дар бораи қолабҳои гендерӣ омода мекунад

Онкологияи занона, исқоти селективӣ ва издивоҷи бармаҳал се мушкилест, ки ба қолабҳои гендерӣ иртиботи наздик доранд ва наққош Маърифат Давлатова ошкор кардани онҳоро ба уҳда гирифтааст. Вай дар роликҳои аниматсионӣ ва дувоздаҳ наққошӣ дар бораи эҳсосоти занони Тоҷикистон ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ин мушкилот нақл мекунад. Асарҳои рассомро рӯзи шанбеи 27-уми ноябр дар сайти Your.tj ба шакли онлайн дидан метавонед. Бегоҳӣ ҳамин намоишгоҳ бо дастгирии БРСММ (UNDP) дар меҳмонхонаи Серена ба шакли офлайн баргузор хоҳад шуд.

Се сол пеш наққоши ҷавон Маърифат Давлатова нахустин намоишгоҳи мусаввараҳои худро дар Душанбе баргузор кард ва бо вокуниши манфии аудитория рӯбарӯ шуд. Ҳарф бар сари он аст, ки занон дар наққошиҳои Маърифат урён буданд ва ин ба мардум писанд наомадааст, ҳарчанд наққош паёми асарҳои худро шарҳ дод, ки ӯ ба муқобили мураккаб шудани бархӯрд бо занон дар ҷомеа аст. Аммо дар байни шумораи зиёди бадбинон шахсоне низ ёфт шуданд, ки Маърифатро самимона дастгирӣ карда, маънии кори ӯро хуб дарк мекарданд. Вай мегӯяд, бо шарофати ин афрод, пас аз се сол тасмим гирифт, ки ба намоишгоҳи дувумаш омода шавад.

– Ин лоиҳа дар бораи қолабҳои гендерӣ, тамғаҳое, ки дар ҷомеаи мо ба занон мезананд ва дар бораи оқибатҳои чунин фишорҳои равонӣ аст. Фасли баҳор ман бо идеяи худ дар озмуни грантии Интернюс «Формати хурд. Мавсими тобистонӣ» ширкат карда, ғолиб омадам ва дар ин ҳафта омодаам асарҳоямро дар доираи маъракаи байналмилалии «16 рӯз алайҳи хушунати гендерӣ» намоиш диҳам, – мегӯяд Маърифат.

Асарҳои наққош се ролики аниматсионӣ ва дувоздаҳ мусаввара мебошанд. Аниматсияи он, инчунин намоишгоҳи «Women, voices, faces» рӯзи 26-27 ноябр дар вебсайти шарикони Маърифат – нашрияи Your.tj дар шакли онлайн ва дар меҳмонхонаи “Серена”  дар шакли офлайн оғоз мешаванд. Зимнан, дар намоишгоҳи “Серена” ба ҷуз аз осори Маърифат корҳои наққошони дигар – Насиба Каримова, Парвин Саидалиева ва Назокат Давлатшоева низ ба намоиш гузошта мешаванд.

– Ман худам ҳикояҳои аниматсиониро бо истифода аз усули куҳнае кашидам, ки Дисней ҳангоми сохтани мултфилмҳои худ истифода мекард. Баъдан гурӯҳи ман тамоми кори техникӣ – монтаж, садо ва ҳама чизҳои дигарро анҷом доданд, – шарҳ медиҳад Маърифат.

Барои кор дар лоиҳа чанд моҳ лозим шуд ва дар ин муддат Маърифат каронавирусро паси сар кард ва дар Гурҷистон омӯзиши стереотипҳои гендериро гузаронид. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки Гурҷистон як кишвари хеле бозу пешрафта аст, ҳатто ҷомеаи онҳо аз қолабҳои гендерӣ халос нашудааст.

— Ман дар Гурҷистон бо бисёр одамон вохурдам ва мо дар бораи занони кишварҳоямон суҳбат мекардем ва аксари вақтҳо ба хулосае меомадем, ки мушкилоти мо монанди ҳам аст. Ягона тафовут дар он аст, ки дар Гурҷистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон дар ин бора бисёр ҳарф мезананд, дар кишвари мо суҳбат дар ин бора камтар ба назар мерасад, – мегӯяд наққош.

Маърифат ба ёд меорад, ки вақте дар расонаҳои маҳаллӣ дар бораи онкологияи занона матолибе пайдо кард, дар ҳайрат монд, ки чӣ гуна занон дар Тоҷикистон ба ин мушкил дучор мешаванд. Дар сурати ташхиси мусбат, онҳо аз тарс аз наздиктарин хешовандонашон ҳам далели бемории худро пинҳон медоранд, омодаанд ҷони худро аз даст диҳанд, аммо мӯй ва синаи худро на.

-Ба таҳқиқи ин ва дигар мавзуъҳо шуруъ кардам ва дигар истода натавонистам, дар ин бора маводи зиёде пайдо кардам. Ман дар бораи сабабҳои онкологияи занона фаҳмидам. Саратони занона дар Тоҷикистон маъмултарин навъи ин беморӣ аст! Ман дар бораи исқоти селективӣ ва ин ки чаро занон маҷбуранд ин корро анҷом диҳанд, фаҳмидам. Бисёр одамон гумон мекунанд, ки ин айби зан аст, аммо ин тамоман дуруст нест. Издивоҷи бармаҳал боз як мушкили бузургест, ки ба тамоми ҷомеа ва иқтисоди як давлат зарар мерасонад. Ва ҳамаи ин мушкилоти азим бар стереотипҳои гендерӣ, бар он тамғаҳое, ки ҷомеа ба занон мезанад, асос ёфтааст, – мегӯяд Маърифат.

Наққош иқрор мешавад, ки аз намоишгоҳи кунунӣ хеле нигарон аст, аммо ҳангоми бар рӯи мусаввараҳои нав кор кардан кӯшиш кард, ки худро аз баррасиҳои манфӣ дур кунад ва талош кард, ки ба ҳарфи ҷомеа мутобиқ нашавад, ки ин аз ӯ корҳои дигарро тақозо мекунад.

– Дар ин лоиҳа ман худамро ба чолиш кашидам, зеро ман пеши худ тааҳудҳое доштам ва онҳоро ҳамчун як чаҳорчӯбе медонистам, ки кор кардан дар он бароям душвор буд. Фаҳмидам, ки бо озодии мутлақ нафас мекашам, маҳз он ба ман неру медиҳад, – мегўяд Маърифат. – Аммо ин барои ман ҳам таҷрибаи калон аст: ман тамоми уҳдадориҳои худро иҷро карда тавонистам ва ба худ хиёнат накардам. Асарҳо тавре эҷод шуданд, ки шояд боз ба мардум писанд наояд, шояд намефаҳманд. Аммо ман фикрҳои худро шарҳ дода наметавонам, зеро вақте аудитория паёми шуморо мехонад, ин барои ман ҳамчун як ҳунарманд муҳимтарин мукофот аст.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *