Дар Тоҷикистон филми мустанади “Мардоне, ки рақс мекунанд” ба навор гирифта шуд

Лолисанам Улуғова, як коргардон ва таҳқиқгари мустақил, ҳанӯз соли 2008 ба мавзӯъи рақси халқии тоҷикӣ ворид шуда буд. Аллакай дар ҳамон вақт, ёфтани мардони раққос барои ба саҳнагузории барнома душвор буд: волидон дар Тоҷикистон намегузоранд, ки писаронашон рақс кунанд, ҳатто агар онҳо худашон хоҳиш дошта бошанд ҳам. Теъдоди ками раққосҳое, ки то ҳол бо ин санъат машғуланд, дар доираи сахт зиндагӣ карда, бегонагонро ба ҳаёти худ роҳ намедиҳанд.

Дар бораи ҳамаи ин Лолисанам дар филми кӯтоҳи мустанади “Мардоне, ки рақс мекунанд”, ки моҳи майи соли равон ба намоиш гузошта мешавад, нақл кардааст.

Сарфи назар аз он, ки дар Тоҷикистон ягон ҷашну шодӣ бидуни рақс намегузарад ва дар чунин ҳолатҳо ҳам мардон, ҳам занон рақс мекунанд, хоҳиши ба ин намуди санъат машғул шудану  ба рақс бахшидани ҳаёти онҳо дар ҷомеа бо киноя қабул карда мешавад. Ин хусусан ба мардон дахл дорад. Дар Тоҷикистон раққосон хеле кам мондаанд.

– Мо як ансамбли давлатии рақсии “Лола” дорем, ки дар он мардон кор мекунанд. Дигар тақрибан ҳамаи ансамблҳо танҳо аз занон иборатанд. Ҳатто барои намоишҳо дар театри опера ва балет барои саҳнаҳои оммавӣ коргарони “Лола” даъват мешаванд, зеро мардони худашон намерасанд”, – мегӯяд Лолисанам Улуғова.

Соли 2008 Лолисанам роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси рақси тоҷикӣ” гардид. Ӯро барои ин кор Шарлин Сойери (Sharlyn Sawyer) амрикоӣ даъват кардааст, ки рақсҳои тоҷикиро меомӯхт ва аз вазъи онҳо нигарон буд.

Тоҷиддин Салимов

“Шерлин ҳамроҳ бо ҳамкасбонаш дар саросари ВМКБ гашта, бо нигаҳдорандагони суннатҳои рақсӣ мулоқот карда, нозукиҳои рақсҳои тоҷикиро омӯхт”, – мегӯяд Лолисанам. – Ӯ нақл мекард, ки дар кишвари ӯ, дар ҳар як шаҳр лоақал як муассисаи хусусии рақсомӯзӣ мавҷуд аст. Шерлин муколамаи фарҳангии байни миллатҳоро ба роҳ монд. Бояд гуфт, ки вақте мо ин созмонро сабти ном кардем, вазири онвақтаи фарҳанг гуфта буд, ки рақси тоҷикӣ ягон мушкилие надорад.

Ҳоло Лолисанам фаъолияти “Ташаббуси рақси тоҷикӣ” -ро пеш намебарад. Вале аз аҳволи рақси тоҷикӣ бохабар мемонад. Мутаассифона, вазъ ба хубӣ тағйир наёфтааст. Аз ин рӯ, вақте ки Интернюс дар Тоҷикистон озмуни грантӣ оид ба истеҳсоли муҳтавои ватании “Формати хурд. Мавсими зимистона”-ро эълон кард, Лолисанам тасмим гирифт, ки бо идеяи таҳияи филми “Мардоне, ки рақс мекунанд” муроҷиат карда, дар ин бора филм бардорад. Ӯ дар қатори ғолибони озмун буд ва дар якҷоягӣ бо наворбардор Мақсуд Воҳидов ба кор шурӯъ кард.

Чӣ гуна ҷомеа ба раққосон ва раққосаҳо нигоҳ мекунад

Рӯзноманигорони маҳаллӣ на як бору ду бор гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон муносибат ба рақси мардона хеле номуайян аст. Тӯли ҳама вақти ошно шудан бо ин мушкилиҳои муҳит, Лолисанам низ тамоюли ғамангезро пай бурд: ҷомеа ба навозандагон эҳтироми бештар дорад, ба раққосаҳо бад ва раққосон хеле бад муносибат мекунад. Ӯ мегӯяд, ки сабабҳои ин муносибат бояд амиқ омӯхта шаванд. Вале ҳоло тахминҳо мавҷуданд.

Муҳаммад Азимзода

– Дар ҷомеаи патриархалии мо, ки қавибозу будани мард як ҷузъи фарҳанг аст, мардон ҳақ надоранд эҳсосоти худро нишон диҳанд. Ва ҳар гуна рақс ин эҳсосот аст. Ҳатто дар тамринҳои рақсҳои мардумӣ ман пай бурдам, ки ҳам мардону ҳам занон як намуд ҳаракатҳоро иҷро мекунанд. Шояд маҳз ҳамин чиз ба аудитория писанд наояд, мефаҳмонад Лолисанам.

Аммо, ҳеҷ яке аз се қаҳрамони филм дар бораи стигма сухан намегӯянд. Ҳар яки онҳо коргардононро бовар кунониданд, ки онҳо нисбати худ муносибати манфӣ аз ҷомеа эҳсос намекунанд.

“Ман фикр мекунам, ки ҳамаи қаҳрамонони ман аз қабл бо сипарҳо ҷойҳои дардноки худро пӯшониданд”, мегӯяд Лолисанам.

Дар филми “Мардоне, ки рақс мекунанд” се қаҳрамон аст: якумин балетмейстри ансамбли “Лола” Назиршо Раҷабов, дуввумин Муҳаммад Азимзода, раққоси Театри опера ва балет, ва сеюмин Тоҷиддин Салимов аст, ки дар шоу барномаҳои яке аз тарабхонаҳои пойтахт иштирок мекунад.

Муҳаммад Азимзода

– Ман худам рақси мардонаи тоҷикиро хеле дӯст медорам. Бояд тазаккур кард, ки ин ба талаботи гендерии имрӯза мувофиқат мекунад: мардони раққос тасаллути худро нишон намедиҳанд ва дар рақс ба бартарӣ аз занон ишора надоранд” – мегӯяд Лолисанам.

Минтақаи маҳдуд

Дар маҷмӯъ, гурӯҳи корӣ барои коркарди ин филм се моҳ вақт сарф кард. Вале дар ин муддат тақрибан даҳ ҷойро иваз кардан лозим омад. Лолисанам қаҳрамонҳои худро дар тамринҳо, ҳангоми иҷрои рақс, дар кӯчаҳои Душанбе, дар хона, дар ҳалқаи хешовандон ва дӯстон мушоҳида мекард.

– Ман аслан мехостам, ки бо хонаводаҳояшон бошам, аммо на ҳама тавонистанд ин корро кунанд. Назаршо ба ман иҷозат надод, ки бо зану фарзандонаш шинос шавам ва гуфт: “Ман шароит надорам.” Ба  назди падари худ, ки дар Кӯлоб истиқомат мекунад, моро намехост барад. Вале баъдтар ӯ розӣ шуд. Тамоми роҳ ба мо мегуфт, ки мо дар хонаи гилин истиқомат мекунем. Билохира ман гуфтам, ки қариб нисфи кишвар дар хонаҳои гилин зиндагӣ мекунанд ва чӣ?”, – ба ёд меорад, Лолисанам.

Мувофиқи филмнома, қаҳрамони дигар – Муҳаммад, бояд дар як ҷойи ҷамъиятии Душанбе ҳаракатҳои балетро нишон медод.

– Мо инро дар назди муҷассамаи Сомонӣ сабт кардем. Аммо он чизе, ки ман мехостам он натиҷаро ба даст наовардем. Аввал милитсия моро пароканда кард, баъд вақте фаҳмиданд, ки гап сари чӣ ҳаст, ба кӯмак шурӯъ карданд, аммо аллакай муҳит дигар шуда буд. Ба мо як вокуниши ногаҳонии раҳгузарон лозим буд. Макс (наворбардор) мегӯяд, ки баъзе чизҳое сабт шудааст, ки аз он мешавад интихоб кард. Вале ман то ҳол аз натиҷа розӣ нестам” – мегӯяд Лолисанам.

Муҳаммад Азимзода

Аммо наворгирӣ ҳангоми тамрини ҳунармандони театри опера ва балет хеле хуб сурат гирифт. Маъмурият ба мо кӯмак кард вале ҳушдор дод: ин кор танҳо ба хотири он аст, ки ба муаллифони филм эътимод дорад.

– Мо бо директори театр вохӯрдем ва ӯ гуфт, ки на ҳамаро барои ба навор гирифтан иҷозат медиҳанд, то ин ки симои раққосонро вайрон накунад. Ман аз ӯ пурсидам, “чӣ гуна мешавад симои раққосро вайрон кад?”. “Хуб, ба ҳар ҳол, дар бораашон чизе мегӯянд, ки дар асл чунин нест”, – посух дод ӯ, – мегӯяд Лолисанам.

Вай умедвор аст, ки вокуниши аудитория ба кори ӯ хуб хоҳад буд ва ин филм ба мардум писанд меояд. Шояд танқиди намояндагони ВМКБ ба миён ояд, ки бо рақсҳои зебои мардонаашон машҳуранд: гап сари он аст, ки яке аз қаҳрамонони ӯ рақси помирӣ иҷро мекунад. Вале на дар сатҳе, ки мардум ба он одат кардаанд.

– Ман Тоҷиддинро кайҳост мешиносам ва боре дар телевизион дидам, ки чӣ гуна ӯ рақси помириро ба таври олӣ мерақсад. Хеле хуб, аммо он вақт Тоҷиддин ҷавону солим буд, ҳоло хаста ва аксар вақт бемор аст. Ба назари ман, ин навбат рақсаш хуб набаромад. Вале ӯ мехост маҳз рақси помириро иҷро кунад, – шарҳ медиҳад Лолисанам.

Мунаққиди асосии филмаш худи Лолисанам мебошад. Вай мегӯяд, ки ҳангоми кор ӯ на танҳо дар чаҳорчӯбае, ки қаҳрамонҳо дар пешаш гузоштанд, балки дар мӯҳлат ва дар доираи лоиҳаи грантӣ худро нороҳат ҳис кард. Ман мехостам вақти бештар, ҳисоботҳои камтар ва танҳо як қаҳрамон дошта бошам.

Назиршо Раҷабов

“Ҳама қаҳрамонони ман хубанд, аммо агар вақт бармегашт, танҳо якеро интихоб мекардам” – мегӯяд вай.

– Ман бо ӯ зиндагӣ мекардам, якчанд моҳро бо ӯ мегузаронидам ва мушкилиҳову зиндагии ӯро пайгирӣ карда, хеле амиқтар ҷустуҷӯ мекардам. Танҳо ба ӯ диққат медодам.

Лолисанам дар бораи идомаи кораш фикр мекунад ва умедвор аст, ки бо баромадани филми “Мардоне, ки рақс мекунанд” ӯ метавонад бо аудитория муколамаро оғоз кунад.

– Ман мехоҳам, ки тамошобинон худро ба ҷойи қаҳрамон гузоранд. Тасаввур кунед, ки шахс коллеҷро хатм кардааст. Дар ансамбли давлатӣ кор мекунад, бо меҳнати бениҳоят вазнини ҷисмонӣ машғул аст ва наметавонад ҳайати наворбардоронро ба хонааш даъват кунад. Зеро шароит нест. Чун ӯ дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад. Ман дар ҳақиқат мехоҳам, ки мардум ҳамаи инро эҳсос кунанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *