Дар Тоҷикистон номнависи довталабон барои иштирок дар омӯзиш доир ба баҳсҳои дифаматсионӣ барои вакилони мудофиа ва ҳуқуқшиносон оғоз шуд

“Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун” барои ширкат дар омӯзиши серӯзаи баҳсҳои диффаматсионӣ қабули дархостҳоро эълон мекунад. Омӯзиш тариқи оффлайн дар шаҳри Душанбе барои ҳуқуқшиносону адвокатҳо доир мегардад. Ба ҳайси мураббӣ беҳтарин мутахассисони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия баромад хоҳанд кард.

Омӯзиши баҳсҳои диффаматсионӣ, ки “Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун” баргузор  мекунад, аз ҷониби Интернюс сарпарастӣ карда мешавад. Ин созмон ғолиби озмуни интихоби шарик барои омӯзиши онлайни такмили омодагии назариявӣ ва малакаҳои амалии адвокатҳову ҳуқуқшиносони Тоҷикистон дар ҳалли баҳсҳои диффаматсионӣ, ки Интернюс аввали соли равон эълон карда буд, ғолиб омад.

Дар омӯзиш адвокатҳову ҳуқуқшиносони амалкунанда, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҳуқуқи инсон, инчунин ихтиёриён, ки донишҷӯёни курси панҷуми факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар ҳастанд, метавонанд иштирок кунанд. Мавҷудияти таҷриба дар амалияи ҳуқуқӣ хуб пазируфта мешавад, аммо шарт нест.

Диффаматсия чист?

Ин паҳн ё интишори маълумоти ғайривоқеӣ мебошад, ки ба обрӯ, шаъну шарафи касе таъсир мерасонад. Ин истилоҳи умумист, ки ҳолатҳои паҳн кардани ин гуна иттилоотро дар ВАО ё Интернет, дар шаклҳо ва бо мақсадҳои гуногун муттаҳид мекунад. Диффаматсия аксар вақт бо дигар қонуншиканиҳо – паҳн кардани маълумоте, ки сири ҳуқуқӣ аст, паҳн кардани маълумоти шахсӣ, вайрон кардани ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ алоқаманд мебошад.

Дар ҷараёни омӯзиш, иштирокчиён мавзӯъҳои зеринро муҳокима мекунанд:

Стандартҳо ва қонунгузорӣ;

Мурофиаи диффаматсионаӣ дар қаламравҳои гуногун;

Стратегияи беҳтарини дифо аз зерҳимоя дар чунин мурофиаҳои судӣ;

Таҳлили парвандаҳои амалӣ оид ба баҳсҳои диффаматсионӣ ва дигар. Барномаи муфассал дар ин ҷо.

Машғулиятҳо ба шакли «оффлайн» дар шаҳри Душанбе, рӯзҳои 8, 9, 10 -уми июли соли 2021 баргузор мешаванд. Барои иштирокчиён аз минтақаҳои ҷумҳурӣ фарогирии хароҷоти нақлиёт ва манзил пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати зарурӣ, ба иштирокчиён тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мегардад.

Интихоби иштирокчиён чӣ гуна баргузор мешавад?

Интихоби ширкаткунандагон дар ду марҳила сурат мегирад. Барои марҳилаи аввал, шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:

– Резюме;

– Номаи ҳавасмандкунӣ ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ.

Дар марҳилаи дуюм, бо довталабоне, ки аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи аввал аз интихоб гузаштаанд мусоҳиба гузаронида мешавад. Дар сурати бомуваффақият ба итмом расонидани омӯзиш, ба иштирокчиён гувоҳинома тақдим мешавад.

Чӣ гуна дар марҳилаи интихобӣ иштирок кардан мумкин аст?

Резюме ва мактуби ҳавасмандиро ба суроғаи электронии – bhr.taj@gmail.com фиристодан лозим аст.

Ҳуҷҷатҳо бояд то соати 18:00 -и 1 уми июни соли 2021, ба вақти Душанбе фиристода шаванд.

Барои маълумоти муфассал дар бораи шароити омӯзиш, кӣ метавонад ширкат варзад ва чӣ гуна ин корро кардан мумкин аст, шумо метавонед тавассути ин линк иттилоот пайдо кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *