Такмили ихтисоси ҳуқуқшиносону адвокатҳо оид ба баҳсҳои диффаматсия дар Тоҷикистон

Интернюс дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омӯзиши назариявӣ ва малакаҳои амалии ҳуқуқшиносону адвокатҳо, озмуни кушод барои интихоби шариконро баргузор мекунад. Озмун дар доираи барномаи MediaCAMP доир гашта, ба ҳалли баҳсҳои таҳқиру туҳмат, паст задани шаъну шараф дар расонаҳо равона карда шудааст.

Маъруфияти босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ ва каналҳои нав барои эҷоду паҳн кардани муҳтаво, миллионҳо корбаронро дар бар мегирад. Паҳншавии муҳтаво тавассути каналҳои нав ё расонаҳо метавонад ба ҳуқуқҳои маънавии дигарон таъсир расонад. Эҳтимоли хатари ба ҷавобгарӣ кашидани рӯзноманигор, вебнавис ё корбари шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва аксар вақт ин дар доираи баҳсҳои диффаматсионӣ рух медиҳад.

Мо аз ин омӯзиши онлайнӣ баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқшиносону адвокатҳо дар бораи стандартҳои байналмилаливу миллӣ, амалияи ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои диффаматсия, намудҳои гуногуни масъулият ва хусусиятҳои он, стратегияи самарабахши дифоъ дар суд, пешгирии даъвоҳои диффаматсияро дар назар дорем.

Пешниҳодҳои мо ба шарикон:

  1. Доир кардани таҳлили пешакии мушкилоти танзими қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи қонуни баҳсҳои диффаматсия дар Тоҷикистон.
  2. Ташкилу гузаронидани омӯзишҳои онлайнӣ барои ҳуқуқшиносону адвокатҳо бо ширкати коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ. Омӯзиш ҳадди аққал аз 20 соат дарсҳои онлайнӣ иборат бошад.
  3. Пас аз омӯзиш, машварати ҳуқуқшиносону адвокатҳоро оид ба парвандаҳои мушаххаси диффаматсия таъмин кардан. Лоиҳа бояд то охири моҳи сентябри соли 2021 амалӣ гардад.
  4. Ҷалби коршиносони байналмилалии мавзуъҳои диффаматсионӣ.

Ҳакамон пешниҳодҳоро аз рӯйи чунин меъёрҳо, ба монанди таҷрибаи дархостдиҳанда дар соҳаи таълим (махсусан дар шакли онлайн), таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи қонун, таҷриба дар масъалаҳои диффаматсия ё фаҳмидани хусусиятҳои баҳсҳои диффаматсионӣ, нишондиҳандаҳои мулоҳизакоронаи натиҷаҳои эълоншуда, мавҷудияти нақшаи омӯзиш (бо нишон додани мавзуъҳои барои баррасӣ дар омӯзиш пешниҳодшуда), ҳузури тим барои гузаронидани ин намуди омӯзиш, имконияти ҷалби ҳуқуқшиносону адвокатҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар дар омӯзиш, мавҷудияти нақшаи паҳн кардани иттилоот оид ба гузаронидани омӯзишҳо дар Интернет ва бо роҳҳои дигари имконпазир дар бораи ин чорабинӣ, буҷаи воқеӣ маълумотдиҳии ҳарчи бештари иштирокчиёни эҳтимолӣ, баҳогузорӣ мекунанд. Ғолибон тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Дархости ширкатро бояд ба вақти Душанбе – то соати 23:59-и рӯзи 31-уми январи соли 2021 пур кунед.

Барои ҳамаи саволҳо, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org муроҷиат кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *