Салим Саидов яке аз рӯзноманигорон ва коршиносони расонаӣ аз шаҳри Хуҷанд бо забони тоҷикӣ доир ба абзорҳову қадамҳои далелсанҷӣ наворҳои омӯзишӣ омода мекунад. Он наворҳоро дар саҳифаи Youtube -аш, ки қариб 10 ҳазор пайгир дорад, нашр мекунад. Ба гуфтаи Салим аудиторияи ӯ ҷавононе мебошанд, ки истифодабарандаи фаъоли интернет ҳастанд. Онҳо наворҳои омӯзиширо тамошо карда, вазифаҳои додашударо иҷро мекунанд. Ду иштирокчии аз ҳама фаъол соҳиби туҳфаҳо мегарданд.
Салим Саидов чеҳраи шинохтаи вилояти Суғд аст. Ӯ рӯзноманигор, коршиноси расонаӣ, устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонон аз Интернет фаъолона истифода мебаранд, вале дар бораи манбаъҳои иттилооту абзорҳои санҷиши хабарҳо кам ва ё умуман чизе намедонанд.
“Мисол донишҷӯёни ман, ки дар факултети журналистикаи ДДХ таҳсил доранд, ҳамарӯза аз Интернет маълумот ҷустуҷӯй менамоянд. Вазифаҳои хонагиашонро ҳам бо истифода аз маълумотҳои Интернет иҷро мекунанд. Баъзеи онҳо ҳатто маълумоти дурусту заруриро дарёфт карда наметавонанд, намедонанд, ки чӣ гуна алтернативаҳо мавҷуданд. Боз барои мо маълум аст, ки сафи зиёди истифодабарандагони Интернетро ҷавонон ташкил медиҳанд” – мегӯяд, Салим Саидов, муаллифи лоиҳаи наворҳои омӯзишӣ оид ба делелсанҷӣ барои ҷавонон.
Дарсҳо аз рӯйи нақшаи донишгоҳанд ва намешавад, ки ин гуна донишҳоро ҳангоми дарсҳо ба донишҷӯён омӯзонӣ. Ин сабаб шуд, ки Салим баҳори соли ҷорӣ пас аз ширкат дар яке аз озмунҳои Интернюс дар Тоҷикистон, ки охири соли 2020 баргузор шуда буд, иштирокчии Эдютон -2021 гардад. Эдютон-2021 семинари инноватсионии СИР аст, ки ширкаткунандагонаш рӯзноманигорон, педагогҳо, намояндагони ТҶ, мураббиёни Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Онҳо ҳангоми иштирок дар семинари онлайнӣ бояд идеяи лоиҳаҳои худро доир ба СИР пешниҳод мекарданд. Аз Тоҷикистон дар ин семинар муаллифони 20 идея роҳ ёфтанд. Дар ин радиф муаллифони беҳтарини 10 идея ғолиб омаданд, ки миёни онҳо лоиҳаи “Наворҳои омӯзишӣ доир ба делелсанҷӣ барои ҷавонон” -и Салим Саидов низ ҷой гирифт. Лоиҳа 10 навори омӯзишии абзорҳои далелсанҷиро дар бар мегирад, ки худи Салимҷон дар бораи он абзорҳо қисса мекунад. Ӯ танҳо дар тими корӣ аст ва наворҳоро дар саҳифаи шахсии ютюбаш, ки “Нигоҳи нав” ном дошта, қариб 10 ҳазор пайгир дорад, нашр мекунад.
“Ман Youtube канали тарғибшуда доштам. Яъне платформа барои нашри наворҳо буд. Идея ҳам омода буд. Барои амалӣ кардани идеяи худ бо Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон Factcheck.tj низ ҳамсуҳбат шудам. Зеро он кас ҳам 10 то чунин наворҳои омӯзишии далелсанҷиро омода карда буд. Ман дар наворҳои омӯзишиам он абзору маълумотҳоеро мегӯям, ки дар наворҳои Ҷамшед Маъруф набуданд. Метавон гуфт, ки ин идомаи он наворҳои омӯзишӣ мебошад” – қайд кард Салимҷон.
То ҳол панҷ дарс сабту нашр шудааст. Мисол, дар дарси 5- ум, Салимҷон дар бораи ҷустуҷӯйи маълумот дар бораи одамони дилхоҳ аз интернет, хоса шабакаҳои иҷтимоӣ нақл мекунад. Барои ин аз абзори ҷустуҷӯйии Webmii.com истифода мекунад. Ҳар қадами санҷишро худи Салимҷон нишон медиҳад. Тамошобинонро мебояд, ки ин қадамҳоро мустақилона иҷро карда, скриншоти онро ба суроғаи электронии Салимҷон равон кунанд. Ду касе, ки дурусту оҷил ин амалҳоро иҷро мекунанд, соҳиби туҳфаҳо мегарданд.
“Дар озмунҳои наворҳо фақат ҷавонон ширкат карда истодаанд. Онҳо истифодабарандаи фаъоли Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё худ он касоне, ки аз расонаҳо огоҳӣ доранд, мебошанд. Вале ман мехоҳам, ки аз ин наворҳо нахуст, донишҷӯёни Донишгоҳамон бохабар бошанд, зеро онҳо рӯзноманигорони ояндаанд. Дақиқияти маълумоти онҳо хеле муҳим аст” – мегӯяд Салим Саидов.
Торафт ширкаткунандагону тамошобинони наворҳои омӯзишӣ зиёд мешаванд. Ба ин нигоҳ карда, вазифаву санҷишҳо ҳам меафзоянд. Ба гуфтаи Салим, шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ зиёд шуда истодаанд.
“Ҳоло қариб то 10 кас вазифаҳоро иҷро мекунанду соҳиби тӯҳфа мешаванд. Ҳатто дар саҳифаҳои иҷтимоияшон ҳам постҳо мекунанд, ки дӯстонашон ҳам дарсҳоро тамошо карда, вазифаҳоро иҷро кунанд. Ҳам дар саҳифаи ютюбиам ва ҳам дар саҳифаи Facebook-ам шарҳҳо торафт зиёд мешаванд, ки ин маро хеле хушҳол мекунад”- гуфт Салим Саидов.
Инчунин, Салим Саидов нақша дорад, ки пас аз ба поён расидани лоиҳа ва нашри 10 навори омӯзишӣ, онҳоро дар DVD-дискҳо сабт карда, ба тамоми донишҷӯёни факултети кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ройгон тақсим кунад. Ба ақидаи ӯ, новобаста аз рӯзноманигор будан ё набудан ҳар кас бояд аз қадаму абзорҳои далелсанҷӣ бохабар бошад. Зеро саводнокии иттилоотиву рақамӣ тақозои замон мебошад.
“Дар Youtube канали ман наворҳои гуногун ҳастанд. Аз сарояндагон то дигар барномаҳо. Онҳо то 50-60 ҳазор тамошо мегиранд. Вале наворҳои омӯзишӣ аз 100 -то зиёд тамошо мегиранд. Барои вебнавис ин нишондиҳандаи бад, вале барои омӯзгор зиёд аст”- қайд кард, Салим Саидов.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.