Вебинари Internews «Лоиҳаҳои муваффақи расонаӣ барои ҷалби мухотабон»

20 январи соли 2022, соати 16:00 ба вақти Душанбе, соати 17:00 ба вақти Нур-Султон, Internews вебинари кушод баргузор менамояд, ки дар тӯли он кураторҳо ва шарикони Internews дар бораи таҷрибаи бомуваффақияти татбиқи лоиҳаҳои расонаӣ барои ҷалби мухотабон (аудитория) нақл мекунанд.

Дар рафти вохӯрӣ мо ҳамчунин дар бораи имконияти дарёфти маблағгузорӣ барои ташаббусҳои расонаҳо, ки ба кор бо мухотабон нигаронида шудаанд, суҳбат хоҳем кард.

Тӯли 3 соли татбиқи Барномаи расонаии Осиёмарказии MediaCAMP, ба туфайли грантҳои Internews дар Қазоқистон ва Тоҷикистон бештар аз 20 лоиҳаи муштараки ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ татбиқ карда шуданд, ки онҳо барои ҷалби мухотабон пешбинӣ шудаанд.

Дар қатори лоиҳаҳо – бизнес-рассылка аз Your.tj ва “Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна”, лоиҳаи “Наставники”, ки аз ҷониби Limu Media ва созмони ҷамъиятии “ИРОДА” амалӣ карда мешавад, лоиҳаҳо оид ба ҳифзи ҳайвонот ва ғайра мебошанд.

Лоиҳаҳое, ки ба ҷалби мухотабон нигаронида шудаанд, ба расонаҳо на танҳо дар афзоиши шумораи мухотабон, балки ҳамчунин дар эҷоди ҷомеаи мутафаккир ва фаъол дар атрофи идораи нашрия кӯмак мекунанд. Пайдо кардани коршиносон-шарикон, форматҳои нав барои монетизатсияи ташаббусҳои ВАО ва ғайра.

Дар санаи 20 январ кураторҳо ва шарикони Internews лоиҳаҳои муваффақтаринро муаррифӣ мекунанд ва ба саволҳои ҳозирин ҷавоб медиҳанд.

Вебинар ба забони русӣ бо тарҷума ба забонҳои қазоқӣ ва тоҷикӣ баргузор мешавад.

Барои сабти ном дар вебинар, лутфан анкетаро пур кунед, пас аз он линки конфронси ZOOM ба нишонии почтаи электронии зикрнамудаи шумо фиристода мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *