Дар Тоҷикистон мукотибаи тиҷоратии нав роҳандозӣ шуд

Ҳар рӯзи чоршанбе тоҷирони тоҷик ба дигар соҳибкорони ба худ монанд нома менависанд: онҳо аз таҷрибаи худ нақл мекунанд, дар бораи мушкилот суҳбат мекунанд ё маслиҳат медиҳанд. Ин бизнес-мукотиба аз ҷониби роҳбари нашрияи Your.tj Зебо Тоҷибоева роҳандозӣ шудааст, ки ахиран кори шахсии худро роҳ андохт ва дар бизнеси тоҷик бисёр чизҳои ҷолибу умедбахшро бо нигоҳи тоза дид.

Нашрияи Your.tj дар Тоҷикистон танҳо дар охири соли 2019 пайдо шуд, вале дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар бозор ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Гурӯҳ тавонист, ки истеҳсоли подкастҳо, аз ҷумла подкастҳои тиҷоратиро ба роҳ монад, як студияи муосир барои сабт созад ва ба ин васила ҷойгоҳи дар асл холиро пур кунад. Ҳоло дар Тоҷикистон кормандони Your.tj мутахассисони аслии истеҳсоли подкаст маҳсуб мешаванд – гурӯҳ ба ҳайси омӯзишдиҳанда (тренер) ва коршинос даъват мешавад, созмонҳои тиҷоратӣ студияро ба иҷора мегиранд ва ҳамкорон-рӯзноманигорон подкастҳои худро дар ин ҷо ройгон сабт мекунанд.

Формати навбатӣ барои Your.tj, ки ҳанӯз пурра дар Тоҷикистон паҳн нашудааст, email-мукотиба мебошад. Як сол пеш нашрия мукотибаи рӯзҳои ҷумъа – паёмҳоро роҳандозӣ кард, ки онро раҳбари Your.tj – Зебо Тоҷибоева худаш менависад. Дар ин ҷо вай дар бораи рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта нақл мекунад, эҳсосоти худро баён мекунад ва дар бораи он чизҳое, ки дар вебсайт ё шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанаш душвор аст, суҳбат мекунад. Тақрибан сад нафар ба мукотиба (рассылка) обуна шуданд, аммо ин танҳо аудиторияи устувор аст, ки аксари вақтҳо бо ҳайати таҳририя вориди гуфтугӯ мешавад ва ба рӯзноманигорон кӯмак мекунад, ки он чизеро ки мавриди таваҷҷуҳашон аст, таҳия кунанд.

Бо шарофати ин муошират ва инчунин, азбаски худи Зебо ба наздикӣ бизнеси худро оғоз кардааст, ӯ дарк кард, ки бозор то чӣ андоза ба муҳтавое ниёз дорад, ки ба соҳибкорони маҳаллӣ нигаронида шуда бошад. Дар Тоҷикистон амалан нашрияи тиҷоратӣ вуҷуд надорад ва дар нашрияҳои расонаҳои мустақил тақрибан рӯзноманигорони ботахассусе вуҷуд надоранд, ки дар ин соҳа кор кунанд. Гурӯҳи Your.tj тасмим гирифт, ки бо кӯмаки як ҳафтаномаи тиҷоратӣ ин халаъро, ақаллан, қисман пур кунад ва дар аввали соли ҷорӣ Зебо идеяи худро ба озмуни грантии Интернюс дар Тоҷикистон барои лоиҳаҳои ҷалби аудитория пешниҳод кард ва идеяи ӯ дар шумори беҳтаринҳо қарор гирифт. Ҳамчун шарикони татбиқи лоиҳа (инро шартҳои озмун талаб мекард) нашрия ташкилоти ҷамъиятии маъруфи «Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна»-ро интихоб карданд, ки мебоист дар таҳияи муҳтавои муфид барои аудиторияи мушаххас кӯмак мекард. Илова бар ин, нашрия аз тарафи коршиносони Интернюс – Мария Рзаева, директори лоиҳаҳои махсуси нашрияи  «Бумага»-и Санкт-Петербург, ки даҳҳо мукотибаҳои гуногун дорад ва коршиноси қазоқистонӣ Ержан Сулейменов дастгирӣ ёфт.

– Барои оғоз, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи ниёзҳои соҳибкорони худ каме тадқиқот гузаронем. Баҳори соли ҷорӣ Ассотсиатсия тадқиқоти худро анҷом медод ва мо аз онҳо хоҳиш кардем, ки саволҳои моро оид ба ниёзҳои иттилоотӣ дар саволномаи соҳибкорон ворид кунанд. Бар асоси ин иттилоот, мо мавзуъҳои номаҳоеро, ки боиси ҷалби аудиторияи эҳтимолӣ хоҳанд шуд, муайян кардем. – нақл мекунад Зебо.

Илова бар ин иттилооти муфид, Ассотсиатсия ба рӯзноманигорон базаи чашмгири нишонии соҳибкорони тоҷикро пешкаш кард. Зебо аввалин мактубро ба ҳамаи гирандагон аз нишонии шахсии худ навишта, моҳияти формати навро шарҳ дод ва пешниҳод кард, ки ба он обуна шаванд. Чанд нафар рад карданд, аммо дигарон ба гирифтани мукотиба розӣ шуданд ва Your.tj дорои 250 муштарӣ (подписчик) шуд.

Аммо ин ҳама каме дертар буд, аммо дарҳол пас аз он ки нашрия дар озмуни грантҳо ғолиб шуд ва натиҷаи таҳқиқотро гирифт, Зебо ба ҷустуҷӯи муаллифони мукотиба шурӯъ кард ва ҳеҷ мутахассисони мувофиқ пайдо карда натавонист.

– Дар аввал худам тасмим гирифтам, ки муаллифони ин мукотиба танҳо соҳибкорони амалкунанда хоҳанд буд, ки таҷрибаи воқеӣ доранд ва метавонанд маслиҳатҳои хуб дода, табодули афкор намоянд. Ва ин кори хеле душвор будааст: на ҳама соҳибкорон навишта метавонанд ва агар тавонанд ҳам, на ҳама барои ин кор вақт доранд, – мефаҳмонад Зебо.

Лоиҳа чанд моҳ тӯл кашид, ҷустуҷӯҳо бенатиҷа буданд, илова бар ин, мувофиқи тадқиқоти Ассотсиатсия, соҳибкорон ба ВАО-и маҳаллӣ эътимод надоранд.

– Аз пурсишнома маълум буд, ки тоҷирон ба рӯзноманигорон бовар надоранд ва ҳатто ба онҳо ниёз надоранд, ин маро каме тарсонид, аз ин рӯ, ман муддати тӯлонӣ муаллифонеро меҷӯстам, ки ба муштариёни ман писанд оянд, вале баъдан тасмим гирифтаму номаи аввалро ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев навишт, ки дар бораи он буд, ки чаро воқеан дар кишвари мо ба дастгирии ҳуқуқӣ ниёз доранд, зеро тавре пажӯҳишҳо нишон доданд, аксари тоҷирон дар Тоҷикистон аз хизматрасониҳои ҳуқуқӣ истифода намебаранд ва ҳуҷҷатгузориро бо ҳар роҳе пеш мебаранд. Наврӯз гуфт, ки чӣ гуна ин кор метавонад барои онҳо мушкилот ба вуҷуд орад, – мегӯяд Зебо.

Пас аз мактуби аввал нашрия посухҳои зиёди хуб ва ҳатто пешниҳодҳои шарикӣ дарёфт кард: соҳибкорони ношинос гуфтанд, ки омодаанд дар мактубҳо таҷрибаи худро мубодила кунанд ва ба гурӯҳи Your.tj пайваст шаванд.

– Ин маро хеле рӯҳбаланд кард! Бо вуҷуди ин, формати мукотиба боэътимодтар аст, ба назар мерасад, ки шумо бо ҳамаи муштариҳо шахсан муошират мекунед, аз онҳо фикру мулоҳизаҳои муфид мегиред ва шумо метавонед ба худ интихоби оҳанги боварибахшро иҷозат диҳед, ҳикояҳоеро нақл мекунед, ки бо сабабҳои гуногун дар сайтҳо нашр намешаванд. Умуман, мо фавран муаллифони нав пайдо кардем ва ҳоло мавзуъҳои мо чанд ҳафта пештар ба нақша гирифта шудаанд, – мегӯяд Зебо.

Платформае, ки нашрия барои мукотиба истифода мебарад – MailChimp аст, он барои ҷамъоварии иттилооти муҳим: чанд кас номаро хондаанд ва кадоме аз онҳо паёмро бо дӯстони худ мубодила кардааст, кӯмак мекунад. Ростӣ, баъзан дар аккаунтҳои google номаҳои ин платформа ба папкаи “спам” ё “шабакаҳои иҷтимоӣ” мераванд, ки на ҳама корбарон онро тафтиш мекунанд. Забони муколама тоҷикӣ ва русӣ буда, шумо метавонед забони барои худ мувофиқро интихоб кунед ва инҷо ба он обуна шавед.

Зебо дар мавриди ояндаи тиҷоратии мукотибаҳо мутмаъин аст, зеро ин формат дорои аудиторияи баландсифат ва вафодор мебошад, ки маҳз ҳамин барои таблиғгарон  ҷолиб аст.

 – Вақте мо подкастҳоро роҳандозӣ кардем, бисёриҳо бовар надоштанд, ки ин формат муваффақ хоҳад шуд, – ба ёд меорад Зебо. – Хушбахтона, онҳо хато карданд – подкастҳо дар бозори мо ба як маҳсулоти хеле маъруф табдил ёфтанд, то охири соли ҷорӣ мо аллакай подкасти 120 -умро сабт хоҳем кард, фарогирии мо ба миллионҳо расида, дар шарикии тиҷоратӣ ҳам натиҷаҳои хуб дорем. Умедворам, ки мукотиба низ чунин муваффақият хоҳад дошт, чунки аз ҳама муҳим он аст, ки худи мо ба он бовар дорем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *