Нерӯи зан: дар Азия-Плюс бо занони қавиву шинохтаи Тоҷикистон мусоҳибаҳо анҷом дода шуд

Лоиҳаи «Нерӯи зан» фасли нави тоҷикии лоиҳаи «В чем сила, сестра?»-и Азия Плюс мебошад. Қаҳрамонони ин фасли барнома ҳам, ба монанди фасли қаблӣ занони қавииродаву шуҷоъи тоҷик буданд. Вале фарқияти асосии фасли нав аз қаблӣ – бо забони тоҷикӣ анҷом дода шудани мусоҳибаҳо мебошад. Ба лоиҳаи «Нерӯи зан» Манижа Ахмедова – журналист, директори радиои Азия Плюс, ҳамчун муҳаррир ва ровӣ ҷалб карда шуд. Маҷмуъан дар 12 барнома бо 12 зани дорои касбу шуғли гуногун, шоир, рӯзноманигор, бонкдор, роҳрӯб, ки новобаста аз иштиғоли худ дар рушди ҷомеаи кишвар саҳм гузоштаанд, мусоҳиба анҷом дода шуд.

Садои Манижа Ахмедова, журналист, директори радиои Азия Плюс барои ҳама шунавандагони кишвар ошно аст. Илова бар иҷрои вазифаи роҳбари яке аз радиоҳои маъруфи Тоҷикистон, Манижа дар омода намудани муҳтавои радио низ фаъолона иштирок мекунад. Ба гуфтаи Манижа, ӯ ҳар як бахши барномаи «В чем сила, сестра?» -ро тамошо мекард ва ҳамавақт аз нерӯи зани тоҷик рӯҳбаланд мегардид. Ин буд, ки вақте нашрия ба ӯ муҳарриру ровии бахши тоҷикии барнома шуданро пешниҳод кард, вай онро бо ҷону дил пазируфт. Фасли тоҷикии барномаро “Нерӯи зан” ном гузошт.

“Ман ҳар нашри барномаи «В чем сила, сестра?»-ро бесаброна интизор мешудам. Тамошо мекардам. Ин буд, ки дар барномаи аввали тоҷикии “Нерӯи зан” ровии «В чем сила, сестра?» – Маҳпора Киромова – рӯзноманигори тоҷикро  даъват кардам. Маҳпора ҳам дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам дар дар ҷомеаи рӯзноманигории кишвар нақши хосеро доро аст»-мегӯяд, Манижа Ахмедова.

Ба гуфтаи Манижа, дар мусоҳибаҳо вай на танҳо фаъолияти касбии занон, мавқеи онҳо дар ҷомеаро ошкор мекард, балки мехост нишон диҳад, ки ин ё он қаҳрамони барнома чӣ гуна модар аст ва роҷеъ ба хонадориву оиладорӣ чӣ ақидаҳо дорад. Яъне, талош мекард, ки ба зани тоҷик аз зовияҳои мухталиф назар кунад.

Лоиҳаи  «В чем сила, сестра?» -ро муштариён ва ҷомеаи кишвар хеле хуш пазируфт. Аз ин лиҳоз, тими кории Азия Плюс тасмим гирифт, ки барои омода намудани фарзияи тоҷикии ин барнома ба озмуни грантии истеҳсоли муҳтавои “Формати калон”-и Интернюс дар Тоҷикистон ин идеяро пешниҳод кунад. Идеяи лоиҳа аз тарафи ҳакамон хуш пазируфта шуд ва дар рӯйхати ғолибони озмун ҷой гирифт.

“Лоиҳаи “Нерӯи зан”-ро мухотабони расонаи мо хеле хуш қабул кард. Ҳоло лоиҳа ба поён расид, вале мухлисон дархостҳо мефиристанду қаҳрамонони нав пешниҳод мекунанд. Мо хоҳиши онҳоро дастгирӣ карда, акнун тасмим гирифтем, ки бо ташаббуси тими корӣ дар як моҳ ҳадди ақал як нашр барномаи “Нерӯи зан”-ро ба навор гирем”, – хушҳолона қайд кард Манижа.

Дар умум, 12 зан меҳмони барнома гардиданд. Аз ҳама қаҳрамоне, ки бештар дили худи ровӣ ва муҳаррир Манижа Ахмедова ва тамошобинони барномаро тасхир кард, ин Гулҷаҳон – як зани роҳрӯб мебошад, ки аз бақияи ҳамкасбонаш фарқ мекунад. Гулҷаҳон озодона бо забони олмонӣ суҳбат мекунад, ки ин дар чашми мардум ғайриоддӣ ба назар мерасад.Чун дар ҷомеаи мо чунин ақидае устувор аст, ки агар тараф роҳрӯб бошад, яъне аслан саводи кофӣ надорад. Ҳарчанд Гулҷаҳон мактаби миёнаро бо баҳои аъло тамом карда бошад ҳам, таҳсилашро идома дода натавонист. Чун падараш ба ӯ чунин иҷозатро намедиҳад. Акнун мехоҳад, ки фарзандаш таҳсилоти олиро бо муваффақият анҷом диҳад ва орзуи деринаи модарашро амалӣ созад.

“Ҳар як зан, ҳар як қаҳрамони барнома дар дили ман ҷойи махсусро ишғол кард. Вале миёни ин қаҳрамонон он касе, ки дар тафаккуру қалби ман мавқеи худро пайдо кард ин Гулҷаҳон аст. Вақте фаҳмидам, ки ӯ бо маоши роҳрӯбиаш, ки 1200 сомониро ташкил медиҳад, фарзанди худро берун аз кишвар барои таҳсил фиристодааст, ман қоил гаштам. Гуфта метавонам, ки агар ба сари зани тоҷик 100 кулфату дарду мушкилиҳо ҳам ояд, ӯ бо иродаи қавии худ ин чизҳоро пушти сар мекунад”, – мегӯяд Манижа Ахмедова.  

Инчунин, Манижа мегӯяд, ки ҳангоми ҷараёни лоиҳа ягона мушкилие, ки пеш омада буд, ин интихоби қаҳрамонон буд. Қаҳрамонон зиёд буданд, вале барои он, ки ӯ ба барнома даъват карда шавад, тими кори фаъолияти онҳоро меомӯхтанд. Пас аз омӯзиш, баъдан қаҳрамон ба барнома даъват карда мешуд.

Манижа худ дар олами рӯзноманигорӣ ва ҷомеаи кишвар яке аз чеҳраҳои шинохта аст. Инчунин оиладор, модари 3 писар мебошад. Ӯ ба ақидае аст, ки занҳо ғайр аз он, ки як шахсият дар ҷомеа ҳастанд, ҳамзамон модар ҳам мебошанд. Албатта ҳам шахсият будану ҳам модар будан, нерӯи зиёдро талаб мекунад. Дар поёни мусоҳиба аз Манижа пурсидем, ки нерӯи зани тоҷик дар чӣ аст?

“Нерӯи зани тоҷик дар эътимод ба худ ва дар боварӣ ба ояндаи нек мебошад”, – гуфт Манижа Ахмедова.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *