Созмони ҷамъиятии «Хома», ки дорои тахассус дар соҳаи расона мебошад, барои рӯзноманигорони навкор тренинг баргузор намуд. Шаҳло Акобирова, роҳбари ин созмон мегӯяд: «Вазифаи мо аз он иборат буд, ки ҷавонон дар бораи рӯзноманигорӣ на танҳо маълумоти ибтидоӣ бигиранд, балки ба он ошиқ шаванд». Аз рӯи муҳтавое, ки иштироккунандагони тренинг ҳоло эҷод мекунанд, «Хома» дар ин ҷода муваффақ шуд.
Тренинги даҳрӯза, ки барои рӯзноманигорони навкор аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Хома» ташкил шуда буд, дар реҷаи ҳузурӣ (офлайн) баргузор шуд, ки онро дер боз интизор буданд. Иштироккунандагон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба пойтахт омада, дар тӯли ин муддат аз субҳ то бевақтии шаб бо тренерони худ кор мекарданд. Бо вуҷуди ин, ба формати онлайнӣ низ зарурат ба миён омад: тренинги Душанбе ба як барномаи калони минтақавии таълимӣ табдил ёфт, ки он якҷо бо шарикон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Интернюс баргузор карда шуд. Дар оғоз ҳама бо истифода аз ZOOM якҷо таҳсил мекарданд ва сипас онҳо ба дастаҳои миллӣ тақсим шуданд ва тренингҳоро дар кишварҳои худ идома доданд. Шарикон тавассути озмуне, ки моҳи марти соли равон Интернюс эълон карда буд, интихоб шуданд. Дар Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳии доварони мустақил “Хома” довталаби беҳтарин муайян гашт.
“Тренинги минтақавӣ хеле ҷолиб буд, аммо бо вуҷуди он ки мо ҷвонони фаъолро гирд овардем, барои иштироккунандагони мо мушкил буд”, – мегӯяд роҳбари “Хома”, Шаҳло Акобирова. – Тарҷума аз забони русӣ ба тоҷикӣ таъмин шуда буд ва Иззатманд Саломов, мутахассиси маъруф оид ба ВАО (расонаҳо), ки ҷаласаҳоро тарҷума менамуд, кӯшиш кард тавзеҳ диҳад, аммо ин ҳам кумак накард. Дар натиҷа, ба назари ман, ҷавонони тоҷикзабони мо он чизҳоеро, ки ҳамсолони русзабонашон касб карданд, ёд нагирифтанд. Албатта, “Хома” бар дӯши худ масъулияти бузург дошт – ба мо лозим буд, ки тренингро тавре гузаронем, ки натиҷаҳо ҳосил шаванд.
Тренинг дар Тоҷикистон комилан ба забони тоҷикӣ баргузор шуд ва ба ҳайси тренерон Шаҳло тамоми ситораҳои рӯзноманигории муосирро гирд овард. Масалан, Иршод Сулаймонӣ, муҳаррири версияи тоҷикии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, Суҳроби Зиё, хабарнигори Форсии Би-би-сӣ, Субҳон Ҷалилов, директори генералии радиои “Ватан”, рӯзноманигорон Раҷаби Мирзо, Зеваршоҳ Муҳаммад, Ҷовид Муқим ва Иззатманд Саломов, коргардон Алишер Пиримқулов бо иштироккунандагони ҷавон кор мекарданд.
– Вазифаи мо аз он иборат буд, ки ҷавонон дар бораи рӯзноманигорӣ на танҳо маълумоти ибтидоӣ бигиранд, балки ошиқи он шаванд. Аз ин рӯ, мо на танҳо лексия мехондем, балки ба экскурсияҳо мерафтем, масалан ба телевизиони “Сафина”, радиои “Ватан”. Ҷавонон бо он шахсоне суҳбат мекарданд, ки воқеан дар кишвари мо рӯзноманигориро пеш мебаранд ва ба касби худ содиқанд, – шарҳ дод Шаҳло.
Дар маҷмӯъ шумораи иштироккунандагон дувоздаҳ нафар буд – онҳо ҷавонони донишгоҳҳо ё аллакай хатмкардагони шуъбаҳои рӯзноманигорӣ аз 18 то 25 сола буданд. Пас аз як силсила омӯзишҳо онҳо ба кори амалӣ шурӯъ карданд – дар якҷоягӣ бо менторон муҳтаво (контент) омода карда, дар нашрияҳои интернетии маҳаллӣ Jom.tj, Halva.tj ва ҳатто дар нашри калони Asia -Plus ҷойгир карданд. Масалан, яке аз иштироккунандагон Меҳрофарин Наҷибӣ дар бораи он нақл кард, ки чӣ тавр сарбозони ба хидмати артиш даъватшуда ҳангоми хидмат дар артиш ҳунарҳои мардумиро меомӯзанд. Иштироккунандаи дигар, Набиҷон Саидаброр саволеро ба миён овард, ки чаро бо вуҷуди он ки дар минтақаи Хатлон лагерҳои тобистонии кӯдакон хеле зиёданд, кӯдаконро барои истироҳат ба Суғд мебаранд. Иштироккунандаи севум, Шодмон Кенҷаев қиссаи ғамангези ягона варзишгари паралимпиро нақл кард, ки натавонист ба натиҷае бирасад, зеро ӯ барои тамрин ҳеҷ шароит надошт.
– Ман ҳамаи ин қиссаҳоро қаблан нашунида будам, ҳамаи онҳоро донишҷӯёни мо пешниҳод карданд. Мо ба онҳо тавзеҳ додем, ки аз рӯйи кадом принсип онҳо бояд барои маводи худ мавзуъ интихоб кунанд. Баъд аз ин худи онҳо ҳама корро анҷом доданд, – мегӯяд Шахло.
Яке аз иштироккунандагони тренинг Довуд Акобиров аз Рашт, ки аллакай худро дар соҳаи рӯзноманигорӣ санҷидааст ва ҳатто бо Наталя Поммершайм, ҳамсари сафири ИМА дар Тоҷикистон мусоҳибаи калон анҷом додааст, иқрор мешавад, ки ин тренинг махсус буд.
– Эҳтимолан, ин яке аз тренингҳои беҳтарин буд, ки ман дар он ширкат доштам, барномаи он хеле муфид, фазои мусбат ҳукмфармо буд, мо он қадар нерӯ ва ғайрат гирифтем, ки мехоҳем ҳарчи зудтар тамоми маҳоратҳоро истифода барем, хусусан зимни кор бо аксҳо ва видеоҳо – нақл мекунад Довуд.
Шахло бовар дорад, ки аз 12 иштироккунанда, ҳадди аққал шаш нафар аллакай барои кор кардан дар як редаксияи калон омодаанд.
“Онҳо кор хоҳанд ёфт,” мегӯяд ӯ, “зеро пас аз курсҳои қаблӣ, ки чанд сол пеш аз ҷониби “Хома” низ баргузор шуда буданд, на танҳо рӯзноманигорони нав пайдо шуданд, балки ситораҳои расонаӣ, масалан, Абдулло Ғурбатӣ. Ман ба он фикр ҳастам, ки дар ин гурӯҳи иштироккунандагон низ бозёфтҳо пайдо мешаванд, ман воқеан ба онҳо бовар дорам.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.