Грант барои ташкили омӯзиши донишҳои бунёдии журналистика

Интернюс дар доираи барномаи MediaCAMP барои гузаронидани омӯзиши минтақавӣ дар шакли онлайн доир ба донишҳои бунёдии журналистика барои хабарнигорони тозакор аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, озмун эълон мекунад. Шарикони омӯзиш дар асоси озмун аз се кишвари зикршуда, интихоб карда мешавад.

Дархостҳо то соати 19:00-и 31 уми марти соли 2021 (ба вақти Нур-Султон) қабул карда мешаванд.

Кӣ шарик буда метавонад?

Барои ҳамкорӣ расонаҳо, ширкатҳои продюсерӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоративу тиҷоратӣ, инчунин коршиносоне, ки дар соҳаи омӯзиши расонаӣ на камтар аз 1 сол таҷрибаи корӣ доранд, даъват карда мешаванд.

Барнома дар якҷоягӣ бо Интернюс таҳия мегардад. Пешниҳодҳо, ғояҳо ва тарҳҳо аз шарикони эҳтимолӣ бартарии иловагӣ доранд.

Барои кӣ ин омӯзиш таҳия карда мешавад?

Афзалияти интихоби иштирокчиён бояд ба рӯзноманигорони навкор дода шавад, ки метавонанд дар нашрияҳо кор кунанд ва ё ҳамчун муаллифони мустақил фаъолият баранд. Инчунин мо ба нигоҳ доштани тавозуни гендерии иштирокчиён диққат медиҳем. Кӯшиш мекунем, ки довталабон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҷалб карда шаванд.

Таълим бояд бо забонҳои миллӣ ва русӣ гузаронида шавад.


Формати омӯзиш чӣ гуна аст?

Омӯзиш тариқи онлайн ва офлайн доир мегардад:

  • Машғулиятҳои интерактивӣ бо мураббиён
  • Омӯзиши мустақилонаи мавод аз ҷониби ширкаткунандагон
  • Кӯмаки инфиродии мураббӣ

Барномаи омӯзишӣ дар сатҳи минтақавӣ дар якҷоягӣ бо сармураббиёни Интернюс таҳия карда мешавад. Барнома ҷаласаҳои умумии минтақавӣ, марҳилаи ҳатмии амалия ва дастгирии мураббиро пас аз омӯзиш пешбинӣ мекунад.

Мо аз шарикони эҳтимолӣ чӣ интизориҳо дорем?

  • Бақайдгирии расмӣ дар кишваре, ки омӯзиш гузаронида мешавад (шахси ҳуқуқӣ)
  • Иштирок дар таҳияи барномаи омӯзишӣ дар якҷоягӣ бо Интернюс ва сармураббӣ
  • Ҷамъоварии ширкаткунандагон ва интихоби иштирокчиёни даври ниҳоӣ
  • Ташкил ва гузаронидани тренингҳо
  • Алоқаи доимӣ бо ширкаткунандагон ва ҳамоҳангсозии раванди таълим
  • Дастгирии мураббигӣ барои иштирокчиён дар вақти кори мустақилона ва тайёр кардани вазифаи хонагӣ, ҳамзамон пас аз омӯзиш
  • Усули даъват ва интихоби ширкаткунандагон
  • Шакли дастгирӣ пас аз омӯзиш
  • Имконияти даъвати тарҷумонҳо ба забонҳои миллӣ ҳангоми омӯзиш
  • Гузаронидани санҷиши пеш аз ва баъд аз таълими ширкаткунандагон ва омода кардани ҳисоботҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда.

Мӯҳлати кори лоиҳа:

Омӯзиш тӯли 5 рӯз тариқи онлайн (3-6 соат ҳамарӯза) баргузор мегардад.

Санаи пешакии хатми мӯҳлати қабули дархост барои рӯзноманигорони ҷавон 20 уми апрели соли 2021 мебошад.

Мӯҳлати пешакии омӯзиш моҳи майи соли 2021 мебошад.

Интихоби шарикони эҳтимолӣ дар ду марҳила сурат мегирад:

  1. арзёбии иқтидори довталабон, фаҳмидани талаботи бозори ВАО, навовариҳову пешниҳодҳо. Рӯйхати мухтасари дархостдиҳандагон тартиб дода мешавад
  2. довталабоне, ки ба рӯйхати мухтасар ворид мегарданд, бо онҳо мусоҳиба гузаронида мешавад.

Интернюс қарори ниҳоиро то 5 уми апрели соли 2021 қабул мекунад. Аз иштирокчиёни даври ниҳоӣ талаб карда мешавад, ки буҷаи пешакии омӯзиш ва пешниҳодҳои барномаро омода кунанд.

Барои ширкат, лутфан дархости онлайниро пур кунед.

Агар зарур бошад, мо маълумоти иловагӣ дархост мекунем.

Оид ба ҳама саволҳо, лутфан бо мо тавассути суроғаи электронӣ тамос гиред  tj-info@internews.org.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *