Аслия Батурова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, волонтёри Хонаи СИР-и шаҳри Хуҷанд ҳамонҳангсози лоиҳаи “HelloВнучок” мебошад. Ин лоиҳа 10 навори омӯзишии истифодаи Интернет, смартфонҳо ва расонаҳои иҷтимоӣ барои нафақахӯронро дар бар мегирад. Дар наворҳои омӯзишӣ қадамҳои аввали истифодаи Интернету смартфонҳо бо забони соддаву фаҳмо оварда шудааст.
Аслия дар курси дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар ихтисоси муҳосибӣ таҳсил мекунад. Барои ӯ мавзуъи саводнокии иттилоотиву расонаӣ (СИР) хеле ҷолиб аст. Бо ин мавзуъ як соли охир шинос шуда, аллакай лоиҳаҳову омӯзишҳои мавзуъӣ доир кардааст.
“Ман дар микроноҳияи 20 – уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунам. Дар поёни хонаи мо ҳамавақт пиронсолону нафақахӯрон менишастанд. Вақте ман дарс мерафтам ё берун мебаромадам, доимо аз ман хоҳиш мекарданд, ки барои занг задан ё “будильник” гузоштан кӯмак кунам. Албатта ман кӯмак мекардам. Баъди ширкат дар омӯзиши СИР дарк кардам, ки ин гуна лоиҳа омода кардан мавриди кор аст”, – мегӯяд Аслия Батурова.
Аслия дар яке аз озмунҳои Интернюс дар Тоҷикистон ширкат кард, ки охири соли 2020 баргузор шуда буд ва иштирокчии Эдютон -2021 гашт. Эдютон-2021 семинари инноватсионии СИР аст, ки ширкаткунандагонаш рӯзноманигорон, педагогҳо, намояндагони ТҶ, мураббиёни Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Онҳо ҳангоми иштирок дар семинари онлайнӣ бояд идеяи лоиҳаҳои худро доир ба СИР пешниҳод мекарданд. Аз Тоҷикистон дар ин семинар муаллифони 20 идея роҳ ёфтанд. Дар ин радиф муаллифони беҳтарини 10 идея ғолиб омаданд, ки миёни онҳо лоиҳаи “Наворҳои омӯзишии истифодаи Интернет, смартфонҳо ва расонаҳои иҷтимоӣ барои нафақахӯрон” -и Аслия Батурова низ ҷой гирифт.
Аслия яке аз волонтерони фаъоли Хонаи СИР-и шаҳри Хуҷанд аст. Қариб дар ҳама омӯзишҳои Хона ширкат мекунад ва барои пешбурди саҳифаашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯмак мерасонад. Барои ҳамкурсонаш дар ДДҲБСТ ҳатто омӯзишҳои СИР гузаронидааст.
«Ман ҳам қариб 1 сол мешавад, ки бо ин мавзуъ ошноӣ пайдо кардам. Дарк кардам, ки донишҳои СИР новобаста аз ихтисос, синну сол мубраманд», мегӯяд Аслия.
Идеяи лоиҳаи “HelloВнучок” то чанд муддат омода мегардид. Вале пас аз эълони озмуни грантии Интернюс ҷиддӣ коркард шуд.
“Дар аввал мехостем, ки номи лоиҳаро “Бабуля в сети” гузорем. Вале баъдан фикрамон иваз шуд. “HelloВнучок” – номи феълии лоиҳа ҳам ба мақсади кори мо оварда мерасонад. Яъне, вақте пиронсолон истифодаи Интернету смартфонҳоро омӯхта, ба шабакаҳо ворид мешаванд, ба мо, насли нави интернетӣ салом мерасонанд”, – қайд кард Аслия.
Мувофиқи лоиҳа бояд 10 навори омӯзишӣ омода карда шавад. Ҳоло 6 навор пурра омода шуда, нашр гардидаанд. Наворҳои омӯзишӣ дар Facebook, Instagram ва Telegram нашр мегарданд. Мисол, дар яке аз наворҳои омӯзишии лоиҳа дар бораи паёмрасони Viber гуфта мешавад. Чӣ гуна ин паёмрасонро аз Play Market насб кардан, чӣ гуна маълумоти шахсиро ворид кардан ва умуман дар бораи истифодаи дурусти ин паёмрасон қадам ба қадам иттилоъ дода мешавад.
Ба гуфтаи Аслия, аудиторияи лоиҳа калонсолони аз 50 сола боло ва ҷавонон мебошанд. Барои он, ки пиронсолон мустақиман ба шабакаҳо ворид шуда, ин наворҳоро дида наметавонанд. Вале ҷавонон ба бибиву бобоҳояшон метавонанд ин наворҳои омӯзиширо нишон диҳанд.
“Баъзеҳо лоиҳаи моро нодуруст қабул мекунанд. Барои он, ки намедонанд, ки ин лоиҳа ба аудиторияи бузургсол (50+) нигаронида шудааст. Дар шарҳҳо менависанд, ки ин чизҳои оддӣ аст. Ҳама медонад, ки чӣ гуна Play Market ро насб мекунанд. Вале боз ҳастанд, онҳое, ки моро дастгирӣ мекунанду муҳтавои моро дуруст қабул мекунанд”, – қайд мекунад Аслия Батурова. Пас аз ба поён расидани лоиҳа, Аслия Батурова мехоҳад, ки наворҳои омӯзиширо ба дискҳо сабт кардаву брошураҳо омода сохта, ба пиронсолон ройгон тақсим кунанд. Ҳамин тариқ, ӯ мехоҳад, ки дар соҳаи СИР фаъолияти худро идома дода, лоиҳаҳои боз ҳам ҷолибу мубрамро амалӣ кунад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.