Озмуни идеяҳо барои истеҳсоли маводи расонаии ватанӣ

Мо мехоҳем, ки расонаҳоямон оид ба доғтарин ва муҳимтарин паҳлуҳои рузгори ҷомеа бо сифати баланд, ҳирфавӣ, дар платформаҳои мухталиф, бо истифода аз фанновариҳои ҷадид ва ҷалби аудитория нақл кунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ MediaCAMP озмуни идеяҳоро барои истеҳсоли маводи ватанӣ эълон менамояд

 Ҳадафи озмун мусоидат ба истеҳсоли бештари барномаҳои хушсифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, таҳияву интишори мақолаҳои муфассал (longread), достонҳои чандрасонаӣ (multimedia storytelling), тадқиқоти журналистӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Дар доираи ин озмун Internews  аз истеҳсоли филмҳои бадеӣ, силсилафилмҳо, роликҳои иҷтимоӣ ва наворҳои мусиқӣ пуштибонӣ НАмекунад

Дар ин озмун метавонанд телевизионҳои мустақил, расонаҳои интернетӣ, студияҳои истеҳсолӣ ва  продюсерҳои мустақили Тоҷикистон иштирок намоянд. Мавзуи озмун озод аст. Тамоми лоиҳаҳо бояд охири соли 2019 амалӣ карда шаванд. Ҷадвали нашри мақолаҳо ё намоиши мавод ба таври алоҳида  дар шартномаи бурсия  дарҷ меёбад

Озмун дар се марҳила мегузарад:

Марҳилаи IОзмуни идеяҳо

Дар ин марҳила мо аз Шумо пур кардани дархостро тақозо дорем, ки дар он бояд мухтасари идеяатонро шарҳ диҳед. Дар интихоби мавзуъ озод ҳастед. Фазои тахайюл, андеша ва эҷод пешкаши шумо! Мо интизори пешниҳодоти шаклан ва мазмунан ҷолиби шумоем.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо – то поёни рузи 15 майи соли 2019

Идеяҳои беҳтарин ба даври дуюми озмун мегузаранд.

Марҳилаи II – муаррифии идеяҳо

Муаллифони идеяҳои беҳтарин ба сессияи махсус – питчинг ё худ муаррифии кӯтоҳ даъват мешаванд, то дар шакли дилхоҳ дар муддати панҷ дақиқа тавонанд ҷавҳари мавзӯи худро муаррифӣ намоянд, аҳамият ва воқеъӣ будани иҷрои онро собит созанд.

Дар ин муаррифӣ шумо бояд дидгоҳатонро дар бораи масъалаҳои зерин баён намед:

  • ҷузъиёти раванди истеҳсоли мавод;
  • буҷети лоиҳа;
  • маҳсулоти ниҳоӣ.

Пас аз муаррифӣ, ба хотири равшанӣ андохтан ба ҷузъиёт ва такмил додани идеяи лоиҳаҳо, аъзои коммисия метавонанд ба шумо савол ва тавсияҳо диҳанд.

Марҳилаи IIIОзмун барои дарёфти бурсияҳо барои истеҳсоли мавод

Ба муаллифони идеяҳои беҳтарин барои таҳияи лоиҳаи мукаммал, сохтани буҷет ва омода намудани санадҳои зарурӣ барои гирифтани бурсия 2 ҳафта муҳлат дода мешавад. Идеяи лоиҳа ва ҳамчунин пешниҳоди мукаммали матни лоиҳаро метавон чӣ ба зобони русӣ ва чӣ ба забони тоҷикӣ  пешниҳод намуд.

Тасмими ниҳоӣ дар мавриди маблағгузории лоиҳа аз ҷониби коммисияи озмун дар асоси критерияҳои зерин гирифта мешавад:

  • асолати идея,
  • истифодаи абзорҳои чандрасонаӣ,
  • дарки аудиторияи ҳадафманд ва ҷалби он,
  • таҷрибаи собиқа,
  • буҷети оқилона.

Тамоми лоиҳаҳо таҳти муҷаввизи кушода (creative common)  бояд истеҳсол шаванд ва дар сурати зарурат барои табодул дастрас бошанд.

Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ MediaCAMP  ба рушди дастрасӣ ба иттилооти босифат, муътамад ва мутавозин барои шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.

Дар ҳолати зарурӣ мо аз шумо маълумоти иловагӣ дархост хоҳем кард. Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед.Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассал оид ба MediaCAMP-ро метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

6 thoughts on “Озмуни идеяҳо барои истеҳсоли маводи расонаии ватанӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *