Хидматчиёни давлат ва журналистон аз Тоҷикистон коромузии худро дар Литва шуруъ каданд

Ҳайати тоҷикистонӣ, иборат аз кормандони давлат, намояндагони низоми судии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин рузноманигороне, ки мавзуъҳои қазоиро (судиро) инъикос мекунанд , имруз-28 май дар ниҳодҳои давлатии Литва  ба коромузӣ шуруъ мекунанд. Имконияти иштирок дар ин сафари омузишӣ ба журналистони тоҷик тавассути озмуни кушодае фароҳам омад, ки дар оғози моҳи апрели соли 2019 эълон шуда буд. Тибқи натиҷаи корҳои комиссияи салоҳиятдор аз 14 дархост чор рузноманигор интихоб шуд, ки шомили  ин ҳайат дар ҳамроҳӣ бо  кормандони давлат шуданд. Маҷмуъан дар ин сафари омузишӣ ҳашт нафар  намоянда иштирок мекунанд ва минҷумла аз вилояти Суғд ҳам

 -Ҳадафи асосии ин сафар- фароҳам  овардани имкониятҳои табодули  таҷрибаҳо  бо ҳамкасбони литвонӣ аст ва ҳамчунин фурсати дидани намунаҳои иртиботот байни намояндагони низоми судӣ ва рузноманигороне, ки фаъолияти онҳоро инъикос менамоянд, -мегуяд директори дафтари  Internews  дар Тоҷикистон- Абдумалик Қодиров. – Мо дарк мекунем, ки кори рузноманигор бидуни ҳамкорӣ бо  сохторҳои давлатӣ ғайриимкон аст, бинобар ҳамин ба масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем. Умедворам, ки баъд аз сафар бархе аз рузноманигорон метавонад муносибатҳои шахсии худро бо намояндагони низоми судӣ ба роҳ монанд ва судяҳо бошанд бештар барои матбуоти мо дастрас хоҳанд шуд.

Рузноманигорони тоҷик ҳангоми сафари омузишӣ  қонунгузории расонаҳо ва ҳамгироии судҳо ва ВАО-ро мемузанд; бо анҷуманҳои касбии журналистон ва судҳо табодули таҷриба мекунанд; таҷрибаҳо дар мавриди таҳия ва татбиқи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти рузноманигорӣ ва  баррасии ғайрисудии баҳсҳои иттилоотӣ ва низоъро меомузанд.

Иловатан, ба ҳайати тоҷикистонӣ  дар  суди минтақавии Вилнюс барои  иштирок ҳангоми баррасии парвандаи шаҳрвандӣ имконият дода мешавад; мулоқотҳо бо намояндагони Вазоратҳои  корҳои хоричӣ, адлия, маъмурияти судҳои миллӣ ва  аъзои Сейми Ҷумҳурии Литва, ки бо фаъолиятҳои  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ марбутанд  ва як қатор мулоқотҳои дигар, барпо  хоҳанд шуд.

Дар ҳолати зарурӣ мо аз шумо маълумоти иловагӣ дархост хоҳем кард. Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассал оид ба MediaCAMP-ро метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply